• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 11
Рўзи 4-уми ноябри соли 2021 соати 1500  дар синфхонаи №315 маҳфили инфиродии профессор Устоев М.Б. бо номи «Рефлекс», бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», барои солҳои 2020-2040 баргузор гардид, ки дар он устодону, магистрон бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд.
Рўзи 4-уми ноябри соли 2021 соати 1300  дар синфхонаи №315 маҳфили инфиродии «Рефлекс» бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», барои солҳои 2020-2040 баргузор мегардад. Хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд. Кафедра
Имрӯз профессор Каримзода А.И. дар курси 4-уми ихтисоси биотехнология дар мавзӯи "Аҳамияти биологии сафедаҳои таркиби ғизо" дарс гуфтанд. Чунин қайд намуданд, ки сафедаҳо - моддаҳои асосӣ ва бунёдие мебошанд, ки аз онҳо ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои мушак, ферментҳо, гормонҳо, гемоглобин ва дигар пайвастагиҳои ҳаётан муҳим ҳосил мешаванд. Онҳо танҳо дар таркиби пешоб ва талха дида намешаванд. Таркиби ҳамаи...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети биология як зумра масъалаҳои гуногуни самти илму таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки дар заминаи ихтисосҳои факултети биология бо забони англисӣ гурӯҳҳо ташкил карда шавад. Зеро вақти он расидааст, ки мутахассисон аз рӯйи равияи биология бо забони англисӣ омода шавад. Ҳамзамон, гуфта...
Санаи 20.10.2021 мутобиқи фармоиши ректори ДМТ аз 04.10.21 таҳти № 139-09 "Оид ба гузаронидани даври якум ва дуюми олимпиадаи донишҷӯёни ДМТ" аз рӯи тахассус ва ғайритахассус олимпиада гузаронида шуд. Бояд қайд намое, ки дар даври аввали олимпиада аз руи тахассус ва ғайритахассус 44-нафар донишҷӯён иштирок намуданд, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.
Бояд қайд намуд, ки ҳар сол раиси ҶИД-и кафедраи зоология Ҳакимов А.Т. аъзоёни ҶИД-ро баҳри ошно гардонидан бо гуногунии олами ҳайвонот, ҳифзи онҳо, зебогии табиати диёр, ҳавасманд намудан ва ҷалби дигар донишҷуёнро  ба сафи ҶИД-и кафедра конференсияҳо гузаронида донишҷуёни курсҳои поёниро ҳавасманд мегардонад.
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Эълонҳо