Роҳбарият

Каримзода Акобир Изатулло, декани факултети биологияи ДМТ, доктори илмҳои биология, профессор

Каримзода Акобир Изатулло соли 1997 факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намудааст. Солҳои 1992 – 2002 ба ҳайси перепаратор, мудири озмоишгоҳ, ассисенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот адои вазифа кардааст. Аз соли 2002 то соли 2008 сармутахассис, муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва баъдан то 2010 мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, мутахассиси пешбар, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
А.И.Каримзода солҳои 2010 дар вазифаҳои муовини декан оид ба тарбия, таълим, ассисент, муаллими калон ва иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот кор намудааст.
Номбурда соли 2010 рисолаи номзадиашро бомуваффақият дифоъ намуд, олими ҷавону умедбахши соҳаи биология мебошад. Дар таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ барои мактабҳои олӣ хизмати шоён кардааст. Бо қалами ӯ 1- китоби дарсӣ ва 6- васоити таълимию методӣ ба табъ расидааст:
1. Каримов А.И., Устоев М.Б. Дастури методӣ аз фанни «Анатомияи одам». – Душанбе: Нашриёти ДМТ. – 2011. – 48 с. Ин дастур мутобиқи барномаҳои таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таълиф ёфтаааст ва ҷавобгӯйи ҳадди аққали Стандарти давлатӣ доир ба таълими олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар он: 1) мақсад ва вазифаҳои фан; 2) барномаи кори дарс ва маҷмуи саволномаҳою истилоҳот заруриро дарбар мегирад. Дастур ба шогирдони ихтисосҳои биологияи донишгоҳҳо тавсия карда мешавад.
2. Каримов А.И.,Устоев М.Б., Азонов Ҷ.А. Дастури методӣ аз фанни «Физиологияи ғизо». – Душанбе: Нашриёти ВМҶТ. – 2014. – 63 с. – Мувофиқи нақша маҷмӯъ аз се қисм: 1) мақсад ва вазифаҳои фан; 2) барномаи кори дарса силабус; 3) саволномаҳои тестӣ ва истилоҳоти зарурӣ иборат мебошад. Дастур барои аз худ намудани фанни биология барои донишҷуёни факултети биология кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот мувофиқ буда, дониши онҳоро муккамал месозад.
3. Каримов А.И. Дастури методӣ аз фанни «Физиологияи синнусолӣ». – Душанбе: Нашриёти ВМҶТ. – 2015. – 47 с. Дар ин дастур барномаи корӣ, маҷмӯи саволномаҳои тестӣ бо ҷавобҳо, рӯйхати адабиётҳо оварда шудаанд, ки барои донишҷӯёни факултети биология хело манфиат овар мебошад.
4. Каримов А.И., Давлатов О.М. Дастури методӣ аз фанни «Экологияи ҳайвонот». – Душанбе: Матбааи ВМҶТ. – 2016. –103 с. – Дар ин дастур аломатҳои эзоҳдиҳанда, мақсад ва омӯзиши фан, барномаи кории дарс, тавсияҳои методию амалӣ, саволномаҳои дарсӣ ва тестӣ, шарҳи мухтасари баъзе истилоҳот ва рӯйхати адабиётҳои асосию иловагӣ оварда шудааст. Донишҷӯён бо истифодаи ин дастури методӣ мақсади мавзӯъ, сохт ва тарзи ҳайётбарии ҳайвонот омӯхта, иҷрои корҳои мустаҳқилонаро аз худ менамояд.
5. Каримов А.И., Азонов Ҷ.А. Китоби дарсӣ «Физиологияи ғизо». – Душанбе: Матбааи ВМҶТ. – 2016. – 218 с. Дар ин китоб 14 боб оварда шудааст, ки ҳар кадомашон аз зермавзӯъҳо иборат мебошанд, ки барои донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ пешбини шудааст. Вобаста ба бобҳо мавзӯъҳои кори курсӣ ва рефератҳо дарҷ гардидааст. Дар қисми охираш маҷмӯаи саволномаҳои тестӣ бо ҷавобҳояш, истилоҳотҳои зарурӣ ва рӯйхати адабиётҳо оварда шудааст, ки барои донишҷӯён хело мувофиқ мебошад.
А.И.Каримзода, ки аз соли 2010 инҷониб дар донишгоҳ кор мекунад ва дар тайёр намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ саҳми босазое гузоштааст. Ӯ барои соҳиби унвони илмӣ шудани ҷавонони пурлаёқат ҳамавақт дасти ёрӣ дароз менамоянд.
А.И.Каримзода дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок мекунад, ӯ аз соли 2010 ассистент, муаллими калон, и.в. дотсенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот, муовини декан оид ба тарбия, таълим ва аз феврали 2015 то ҳол декании факултетро ба уҳда дорад. Аз соли 2010 то 2015 аъзои Шӯрои олимон ва аз феврали 2015 раиси Шӯрои олимони факултети биология мебошад.
Телефон: 919-41-64-72
E-mail:< karimov.akobir@inbox.ru