Кафедраи биотехнология

359

Кафедраи Биотехнология

Кафедраи биотехнология дар базаи кафедраи физиологияи растаниҳо соли 2014 бо ташабусси раёсати донишгоҳ ва садорати факултет таъсис дода шуд. Аз 26.02.2021 № 08 қарори Шўрои олимон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  оиди ба ворид намудани тағйирот ба сохтори факултет  кафедраи биотехнология таъсис дода шуд. Дар кафедра 2-профессор, 2-дотсент, 1-муаллими калон, 1 асисстен ва 1-мудири лаборотория кор ва фаъолият намуда истодаанд. Дар назди кафедра  як озмоишгоҳи биотехнологӣ замонавӣ фаъолият менамояд,ки барои баланд бардоштани савияи дониши биотехнологии донишҷуён мусоидат менамояд.

Ҳаминро бояд қайд намуд,ки бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва садорати факултет кафедра бо баъзе аз корхонаҳо  ва марказҳои илмӣ-таҳқиқоти Ҷумҳури шартномаҳои дутарафа бастааст, ки донишҷуён метавонанд таҷрибаомузиҳои истеҳсолирро дар ин марказҳо гузаронанд.

Фаъолияти илмию – тадқиқотии кафедра

  • Омӯзиши равандҳои физиологӣ – биохимиявии системаҳои биологӣ.
  • Танзими экзогении равандҳои физиологӣ ва молекулавӣ, механизми амали онҳо инчунин истифодаи биотехнологияи нав барои баланд бардоштани муқовимат ва стресси омилҳои табиӣ ва ҳосилнокӣ мебошад.
  • Таъсири фитогормонҳо ба фаъолияти ферментативии комплекси бисёрферментии марҳилаи торикии фотосинтез (сикли Калвин).
  • Технологияи омодасозии маводҳои доруворӣ ва санҷиши он дар шароити лабораторӣ ва саҳроӣ.

Тахассуси хатмкунанда

Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси 1-31010103 -Биология (биотехнология), дар шакли таҳсили рӯзона, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

– тахассуси касбӣ – 1-31010103 Биология (биотехнология);

-дараҷаи касбӣ – бакалавр аз рӯи ихтисоси 1-31 01 01 03 – Биолог биотехнолог.Омўзгори фанни биология. Хатмкунандае, ки соҳиби тахассуси Биолог – (биотехнолог) гардидааст, бояд:

– ба омўзиш ва нигоҳдории табиати зинда, истифодаи дурусти системаҳои биологӣ дар тиб ва соҳаҳои гуногуни хоҷагидори  фаъолият менамояд;

– ҳуҷатҳои меъёрии соҳаи фаъолияти худро таҳия менамояд, натиҷаҳои ахбории омўзишҳои лабораториро таҳлил менамояд;

– аз болои риояи талаботҳои муқарраршуда, меъёрҳои амалкунанда, қоида ва стандартҳои соҳаи фаъолияти хеш назорат менамояд;

– дар соҳаи худ пажўҳишҳои амалии илмӣ гузаронида, матлаб ва нақшаи онро таҳия менамояд, дар таҳия ва истифодаи усулҳои нави тадқиқот, муҳокима, баҳодиҳӣ ва нашри дастовардҳои илмӣ ширкат намуда, корҳои патентӣ барад.

Бакалавриат (рўзона)

Хатмкунандае, ки соҳиби тахассуси “Биолог (биотехнолог) гардидааст, бояд дар ҳалли масъалаҳои зерин мувофиқи шакли фаъолияти касби таёр шаванд:

– биотехнологияи парвариши ҳуҷайраҳо, бофтаҳо ва узвҳои растанӣ;

-биотехнологияи афзоиши микроклоналии растаниҳо;

– муҳандисии генӣ;

– криобанк in vitro ва аҳамияти он барои нигоҳдории генофонди растаниҳо;

– ширкатҳои истеҳсолӣ маводҳои доруворӣ.

Магистратура (рўзона)

          Хатмкунандаи соҳаи биолог-биотехнолог. Омузгори биология, ки барномаи таҳсилотиро аз рӯи ихтисоси 1-31010103-биология- (биотехнология) аз худ кардааст, барои идомаи тањсил дар зинаи магистратура омода мебошад.

Марказ, кабинет, лаборотория

Кафедра бо марказҳои илмию таҳқиқоти ҳамкори дошта, як лаборотория муҷаҳаз бо технологияи навин ва як синфхонаи бо асбобҳои компютери барои баланд бардоштани сифати таълим мавҷуд аст.

ҲАЙАТИ КАФЕДРА

Мудири кафедра
Сайфудинов Ањлиддин Қиёмович , н.и.б. ,дотсент
saifudinov71.@mail.ru
пр. Рӯдакӣ 17, Душанбе

Санаи 30-уми  декабри соли 1972 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон тавалуд шудааст. Соли 1990 ба донишгоҳи давлати милли Тоҷикистон дохил шуда, соли 1995 онро хатм намудам. Соли 1996 аспиранти рўзонаи Институти химия шўъбаи биофармокологияи  АИ ҶТ. Аз моҳи сентяри соли 1997 ба ҳайси ассистен дар кафедраи физиологияи растаниҳо фаъолият намудам. Соли 2004 рисолаи номзадиамро дифо намудам. Аз соли 2009 то 2018 ба ҳайси мудири кафедраи физиология растаниҳо ва биотехнология фаъолият намудам. Соли 2019-2021 ба ҳайси дотсент дар кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнология фаъолият намудам. Аз 1.09.2022 ба ҳайси мудири кафедраи биотехнология кору фаъолият дорад.


Пулотов Фаридун Ҳайталиевич-н.и.б., муаллими калон
fariddun.pulotov@mail.ru
915-17-16-66
пр. Рӯдакӣ 17, Душанбе

Санаи 12-уми феврали соли 1990 дар ноњияи Варзоб ҷамоъати деҳоти Чорбоғ, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 2008 тибқи квотаи президенти ба факултети биологияи ДДМТ (њозира ДМТ) дохил гардидааст. Соли 2013 Донишгоњро бо дипломи аъло хатм намуда, ҳамон сол ба вазифаи ассистент дар кафедраи биохимия ба кор шурўъ намудааст. Соли 2016 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Академияи давлатии тиббӣ байторӣ ва биотехнологияи Москва ба номи К.И. Скрябина дохил шуда соли 2020 онро хатм намудааст. Соли 2020 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Мукаммалсозии технологияи омодасозии ваксинаи поливаленти бар зидди клостридиозӣ ҳайвонот” бо ихтисоси 03.01.06. – биотехнология (аз он ҷумла бионанотехнология) бо муваффаќият њимоя намудааст. Солҳои 2018-2022 дар ҶДММ “Агровет”-и шаҳри Москва ба ҳайси биотехнолог фаъолият намудааст. Роњбарии Љаъмияти илмии донишљўёни факултети биологияро ба уҳда дорад. Айни њол њамчун муаллими калони кафедраи биотехнологияи факултети биология фаъолият намуда истодааст.

Алиев Курбон – д.и.б., профессор

 Санаи 15 январи соли 1940 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таваладу шудааст.   Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ле­нин (ҳоло Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон, 1962).Доктори илмҳои биологӣ (1985), профессор (1991). Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1987).  арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2011). Самтҳои асосии фаъолияти ил­мӣ: биохимия, физиологияи растанӣ, биологияи моле­ку­лавӣ, биохимия ва биотехнологияи растанӣ.

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - image-16.png
Қиёмзода Зарафо Суфиҷон – н.и.б., дотсент

Санаи 20- феврали 1984 дар ноҳияи Шаҳритус  тавалуд  шудааст. Соли 2008 факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.  Ихтисос- биолог. Номзади илмҳои  биологӣ,  дотсент. Соли 2003 ба шўъбаи  рўзонаи  факултети  биология дохилшуда, соли 2008 онро бо муваффақият хатм намуд. Солҳои 2009-2011 аспиранти Институти физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ. Солҳои 2012 – 2013  ходими илмии лабораторияи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи АИ ҶТ, фаъолият намудааст. Аз соли 2016 то 2019 Муовини декан оид ба илм факултети биологияи ДМТ. Соли 2019 то моҳи сентябри 2020 Мудири кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнология. Аз соли 2021 то ҳол  дотсенти кафедраи биотехнология.

Астанақулова Гурдофарид Маҳрамшоевна
Мудири лабораторияи кафедраи биотехнология
тел: +992905088588

Санаи 18-июни 1992  дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст.   Солҳои 2010-2014 Донишҷўи шӯъбаи рузонаи Донишгоҳи давлатии омузгори Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. Солҳои 2016-2018 Танзимгари  донишкадаи  такмили ихтисоси муасиссаи таҳсилоти олии касби назди ДМТ. Солҳои 2018-2021 Доктори PhD кафедраи физиологияи растанӣ ва биотехналогия. Аз соли 2018 то ҳол Мудири лабораторияи кафедраи  биотехнология. Муалифи зиёда аз 10 мақолаву фишурда ва 1 патент мебошад.






Раҳмонов Шарифхон Раҳматович (асисстент)

Раҳмонов Шарифхон Раҳматович (асисстент) . Санаи 18-феврали соли 1995 дар ноҳияи Мир Сайд Али Ҳамадони  вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Солҳои 2013-2018, Донишҷўи шўъбаи рўзонаи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон. Солҳои 2018-2020 Омузгори фанни биология МТМУ №5 н. Ҳамадонӣ. Солҳои 2020-2022 Ассистенти кафедраи меваю сабзавот ва токпарварии факултети Боғдори ва биотехнологияи кишоварзии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур. Аз моҳи сентябри соли 2022 то ҳол ассистенти  кафедраи биотехнологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.