Кафедраи экология

Кафедраи экологияи факултети биологияи ДМТ, яке аз кафедраҳои пешбарандаи соҳаи экология дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ба ғайр қисми таълимии он дар таркиби он як лабораторияи экологӣ фаъолият дорад. ҳайати кафедраро 12 устод ташкил медиҳад, ки аз онҳо 7-нафар номзади илмҳои биологӣ мебошанд. Зинаи нави инкишофи кафедра ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки ба ҳайати устодон олимони пешбарандаи зиёди соҳаи таснифоти растаниҳо, растаниҳои ғизоӣ, омӯзиши омилҳо ва биотехнологияи растанӣ ва ғайра ба ҳисоб меравад. Бо қалами онҳо аввалин китобҳои таълимӣ ба забони давлатӣ навишта шудааст. Экологияи умумӣ, ҳифзи табиат, Экологияи микроорганизмҳо, Экологияи радиатсионӣ, Популятсия, Такомул ва экологияи физиологияи растаниҳо ва ғайра.
ҳайати кафедраро 12 устод ташкил медиҳад, ки аз онҳо 7-нафар номзади илмҳои биологӣ мебошанд. Зинаи нави инкишофи кафедра ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки ба ҳайати устодон олимони пешбарандаи зиёди соҳаи таснифоти растаниҳо, растаниҳои ғизоӣ, омӯзиши омилҳо ва биотехнологияи растанӣ ва ғайра ба ҳисоб меравад. Бо қалами онҳо аввалин китобҳои таълимӣ ба забони давлатӣ навишта шудааст. Экологияи умумӣ, ҳифзи табиат, Экологияи микроорганизмҳо, Экологияи радиатсионӣ, Популятсия, Такомул ва экологияи физиологияи растаниҳо ва ғайра. Самти асосии фаъолияти илмию тадқиқотии кафедра ба омӯзиши гуногунии биологӣ, экология, режими радиатсионии баландкӯҳ, занбӯруғҳо, обсабзҳо, растаниҳои дараҷаи олӣ, морфогенези растаниҳо ва биотехналогияи растаниҳо равона шудааст. Омӯзиши илмӣ дар асоси усулҳои миқдорӣ ва бо ёрии заррабини электронӣ, заррабини барқӣ, хромотография, гистохимиявӣ ва ғайра амалӣ мешаванд. Бештари тадқиқотҳои илмӣ бо ҷалби донишҷӯёну аспирантони кафедра гузаргнида мешаванд ва барои ин корҳо олимони ватанию хориҷӣ ҷалб карда мешаванд. Корҳои илмию тадқиқотии дар кафедра гузаронидаро ҳамчун асосии раванди таълим истифода мебарем ва он тарзе ба роҳ монда шудааст, ки курсҳои тахассуси мувофиқи самтҳои муайяни илмӣ амалӣ гардонида мешаванд. Корҳои таълимӣ барномаҳои таълимии давлатӣ тамоми зинаҳо, аз ҷумла курсҳои тахасусии бакалавриат дар асоси экологияи умумӣ ва дигар сатҳои экологӣ амалӣ мешавад, ки онҳоро устодони ботаҷрибаи кафедра лексия мехонанд. Дар кафедра барномаи бакалавриат ва магистрҳо ба роҳ монда шудааст. Кафедра бо пажӯҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АИ ҶТ бевосита ҳамкориҳои илмию таълимиро пеш мебарад, ки дар назди лабораторияҳои он донишҷӯён ва устодон корҳои илмии худро амалӣ мегардонанд. Ба туфайли ин ҳамкориҳо донишҷӯён имконият пайдо мекунанд, ки онҳо мавзӯҳои илмии ояндаи худро дар дараҷаи олии имрӯза амалӣ гардонанд. Кафедраи экология бо ташаббуси бевоситаи устоди кафедра Дарвозиев М.Д. (1942-2012) соли 1989 таъсис дода шуд. Имрӯзҳо дар кафедра шогирдони ӯ мудири кафедра Азимов М.Л., Забиров Р.ғ.. Авғонова Х.Х, Саидов М.қ.. Содиқов Х.Х. ва дигарон кор ва фаъолият доранд. Бо ташаббуси Дарвозиев М.Д. омӯзиши доимии олами растанӣ ва ҳайвоноти системаҳои экологии ҶТ, бахусус сарҳадҳои махсус ҳифзшавандаи мамнӯъгоҳои «Бешаи палангон», «Ромит», «Даштиҷум» ва «Зоркӯл» ва қисми зериобмондаи НОБ-и Роғун ва ғайра ба роҳ монда шуд. Баъди роҳбарии кафедраро ба ӯҳда гирифтани Саидов М.қ. ӯ омӯзиши системаҳои экологии ҶТ давом дод. Соли 2014 бо ташаббуси мудири кафедра Забиров Р.ғ. самти нави омӯзиши системаҳои экологии ҶТ-ро оид ба тамоили «Холати кунунии системаҳои экологии табиӣ ва сунъии Тоҷикистон. ҳолати гуногунии биологии онҳо, сохтор ва устувории онҳо ва усулҳои омӯзиши онҳо ва ҳифзи онҳоро» аз рӯйи мавзӯи «ҳолати кунунии олами растаниҳо ва ҳайвоноти Боғӣ Миллии Тоҷикистон ва омӯзиши системаҳои экологии дараи Варзоб» интихоб шуда омӯзишҳо дар ин самт давом доранд.

Азимов Муродалӣ Лақайевич

Азимов Муродалӣ Лақайевич (тав. 18.07.1974 ш. Ваҳдат деҳаи Заргар). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1996). Аз соли 1996 -1997 муҳақиқи кафедраи биохимия. Аз соли 1998 то 2004 ассистенти кафедраи биохимия. Аз соли 2005 муаллими калони кафедраи экология.
Соли 2016 дотсенти кафедраи экология Аз соли 2015 то соли 2016 муовини декан оид ба таълим. Аз соли 2016 то инҷониб мудири кафедраи экология. Соли 2013коромӯз рисолаи номзадии худро дифо намудааст. Дар давоми фаъолияти илмӣ – омӯзгориаш Азимов М.Л. зиёда аз 35 – мақолаҳои илмӣ, фишурда, 1-китоби дарси ва дастурҳои таълимӣ ба табъ расонидааст
.

Забиров Розикбек Гозиевич

Забиров Розикбек Гозиевич 28-уми феврали соли 1958 дар дехаи Гишхуни нохияи Ванчи ВМКБ РСС Точикистон дар оилаи омузгор таваллуд шудааст. Солхои 1976-1978 дар сафи куввахои Армияи Шурави хизмат кардааст. Соли 1984 Донишгохи Давлатии Точикистон ба номи В.И. Ленинро аз руйи тахассуси муаллими биология ва химия хатм намудааст. Солхои 1984-1988 ба хайси коркуни хурди илми дар гурухи шартномавии «Молния»-и назди кафедраи физиологияи растанихо фаъолият кардааст. Соли 1988 ба аспирантураи назди кафедраи физиологияи растанихо дохил шуда, соли 1992 бомувафауият кори номзадии худро дифо намуд. Аз соли 1992 ассистент, соли 1998 муаллими калон, ва аз соли 2002 ба хайси дотсенти кафедраи физиологияи растанихо фаъолият кардааст.
Солхои 1995-1998 хамчун докторанти ДДМТ ва ДДМ ба номи М.В. Ломоносов тахсил намудааст Аз соли 2003 то 2014 ба сифати дотсенти кафедраи экология фаъолият дошт ва аз 06.03 соли 2014 мувофики конкурс вазифаи мудири кафедраи экологияи ДМТ-ро ба ухда дошт. Аз мохи апрели 2016-ум то имруз ба хайси дотсенти кафедраи экология кор ва фаъолият дорад. Бо калами у зиёда аз 100 фишурда ва маколахои илми, 10 китоби дарси ва 20 дастури таълими барои корхои лаборатории ва семинари аз чоп баромадааст.

Авғонова Холиса Хокироевна

Авғонова Холиса Хокироевна (тав. 13. 01. 1974, ш. Душанбе ) Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2000). Соли 2003 аспирантураи АИ ҶТ хатм намудааст. Соли 2006 рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст. Солҳои 1993-2000 лабаратни калон, солҳои 2000 – 2003 аспиранти кафедраи экология, 2003-2006 ассистент, аз соли 2006-2013 муалими калон ва аз соли 2016 то ин ҷониб дар вазифви дотсенти кафедраи экология фаъолият менамояд. Аз соли 2014 и.в., дотсенти кафедраи экология мебошад. Муаллифи зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ, фишурдаҳо ва корҳои методӣ мебошад.

Давлатов Абдулло

Давлатов Абдулло (тав. 19.08.1935, ноҳияи Ховалинг). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 1964) ва аспирантура дар назди кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳ (соли 1967). Давлатов Абдулло аз соли 1967 то соли 1989 дар вазифаи омӯзгор, омӯзгори калон, дотсенти кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳ фаъолият намудааст. Аз соли 1989 то ба имрӯз дар вазифаи дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии экология адои вазифа карда истодааст. Корҳои илмиву методии аз ҷониби ӯ ба нашр расида, бештар аз 100 – номгӯи мақолаҳо, 1 –монография, 8 – дастури таълимию методӣ ва 9 – китоби дарсиро ташкил медиҳанд.

Саидов Мурод Қурбонович

Саидов Мурод Қурбонович (тав. 10.08.1958, ноҳияи Айнӣ), номзади илми биология (1988), дотсент (2003). Хатмкардаи ДДТ (1982) ва аспиратураи АИ ҶТ (1987). Солҳои 1982–1989 дар шӯъбаи захираҳои наботот ва экологияи Пажӯҳишгоҳи набототшиносии АИ ҶТ ба ҳайси аспирант, ходими хурд ва ходими калони илмӣ фаъолият кардааст. Аз моҳи сентябри соли 1989 дар кори ДМТ: 1989 – 1990 ассистент, 1990 – 1993 муаллими калон, аз соли 1993 – 2009 дотсент аз соли 2009 то соли 2014 мудири кафедраи экологияи факултети биологияи ДМТ ва аз моҳи феврали соли 2014 дотсенти кафедраи экология. Муаллифи 6 – асари илмӣ (монография), 15 – китоб ва дастурҳои таълимӣ, 215 – мақолаҳои илмӣ, методӣ, фишурдаҳо ва оммавӣ мебошад. Ба 2 – асари илмӣ ва 5 – китоби таълимӣ муҳаррирӣ кардааст.

Содиқов ҳусейн Хидиралиевич

Содиқов ҳусейн Хидиралиевич (тав. 11.05.1952) зодаи қ. Даҳана-киик н. Хуросон. Хатмкунандаи факултети биологияи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1975), Мактаби олии бехатарии ш. Москов (1978), Донишгоҳи молиявию иқтисодии Тоҷикистон (1999), факултети Хуқуқшиносии ДМТ (2010). Вазорати Бехатари Давлатӣ (1977-2000), Сардори раёсати бехатарӣ ва Мушовири калони бехатарии БМТ (2000-2006), Сардори шуъбаи амният ва бехатарӣ. Аз соли 2008 ҳамкор ва аз соли 2012 бошад муаллими калони кафедраи эклогияи факултети биологияи ДМТ. Аз соли 2013 бошад дотсенти кафедраи экология. Бо қалами Содиқов ҳ. чунин корҳои илмӣ ва таълимӣ аз ҷумла 20 – мақолаи илмӣ, 1 – монография, 3 – дастури таълимӣ, 1 – китоби дарсӣ ба чоп расидааст.

Қурбонова Парвина Абдураҳмоновна (1.09.1975) дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ, таваллуд шудааст. Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғро соли 1999 тамом кардааст. Ихтисосаш биолог, номзади илмҳои биология. Номзадии худро соли 2012 – ум дар шаҳри Новосибирск дифоъ намудааст. Аз соли 1999 то 2014 аспирант, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ, мудири шуъбаи гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи АИ ҶТ кор ва фаъолият кардааст.
Аз сентябри соли 2014 то имрӯз ба ҳайси муаллимаи калони кафедраи экология ба фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва тарбияи насли ҷавон машғул аст. Муаллифи 1-монография, 2-китоб ва 3-дастури методӣ -таълимӣ 56 мақола ва фишурдаҳои илмӣ дорад, ки 11- тои онҳо дар хориҷи кишвар (Олмон, Чин, Россия) аз чоп баромадаанд. Дар конфоронсҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар иштирок карда, баромадҳои илмӣ кардааст.

Собиров Фаридун Дустмуродович


Саидов Исломиддин Маҳмудович
(тав. 26.04.1983 н. Файзобод, деҳаи Кабкрез). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2005). Аз соли 2006-2009 аспиранти кафедраи экология. Аз соли 2009 то инҷониб ассистенти кафедраи экологияи ДМТ. Дар давоми фаъолияти корҳои илмӣ-омӯзгориаш Саидов И.М. зиёда аз 20 – мақолаҳо ва фишурдаҳои илмӣ, як тавсиянома, як дастури таълимӣ ба табъ расонидааст.

Бутаев Маҳмадшариф Қодирович

Собиров Фаридун Дустмуродович (соли таваллуд 15.11.1987 дар деҳаи Бомғура ҷ/д Чуянгарон ш. Ваҳдат) Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2010). Солҳои 2010 – 2013 шӯъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз соли 2014 то 2015 сармутахассиси Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озонӣ. Аз Сентябри 2015 то ин ҷониб ассистенти кафедраи экологияи факултети биологияи ДМТ. Бо қалами Собиров Ф.Д. 10 мақолаи илмӣ ва фишурда ба табъ расонида шудааст.

Иззатуллоев Алиқул Саидқулович

Бутаев Маҳмадшариф Қодирович (тав. 25.10.1971 н. Фархор, деҳаи Бобосафол). Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (1997). Аз соли 2014 то инҷониб ассистенти кафедраи экологияи ДМТ. Дар давоми фаъолияти корҳои илмӣ-омӯзгориаш Бутаев М.Қ. зиёда аз 6 – мақолаи илмӣ, 8 – фишурдаҳои илмӣ, ва 4 – дастури таълимӣ-методӣ ба табъ расонидааст.

Иззатуллоев Алиқул Саидқулович– 04.12.1979 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Хатмкардаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2004), коромӯзи кафедраи экология (2004-2005), мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ДМТ (2003-2006), аспиранти кафедраи экология (2006-2008), ассистенти кафедраи экология (01.01.2009 11.03.2014), муаллими калони кафедраи экология (аз 11.03.2014 то имрӯз) муовини декани факултети тиббию фарматсевтӣ оид ба таълим (аз сентябри соли 2011 то сентябри 2015), муовини декани факултети фарматсевтӣ оид ба таълим (аз сентябри соли 2015 то январи 2019), эдвайзери дараҷаи 2, ҳамзамон муовини декани факултети фарматсевтӣ (аз январи 2019 то имрӯз)
Муаллифи зиёда аз 15 фишурдаву мақолаҳои илмӣ. Бо ҳаммуаллифии Забиров Р. ва Маҳмадов Т. дастури таълимии «Экологияи радиатсионӣ»-ро соли 2012 аз чоп баровардааст.