Факултети биология соли 1948 баробари таъсис ёфтани Донишгоҳ арзи вуҷуд намудааст. Соли аввали таъсисёбии факултет, донишҷӯён дар назди он якбора дар ду курс (курсҳои 1 ва 2-юм) қабул шуда буданд. Аввалин дастпарварони факултети биология Донишгоҳро соли 1952 хатм намудаанд, ки дар байни онҳо чунин шахсиятҳои барҷастаро ба монанди доктори илмҳои биология, профессор Л.И.Исмоилова (дорандаи дипломи №1-и Донишгоҳ) ва А.М.Глазуноваро метавон ном бурд. Дар сохтори факултет декан, профессор Каримзода А.И. Муовинон оид ба илм Ҳомидов Х., тарбия Кароматуллои Қ., эдвайзери дараҷаи як Бобокалонов ҷ., дараҷаи ду Эгамқулова Г. Дар шуъбаи рўзона ва дар шуъбаи ғоибона эдвайзери дараҷаи як Сайдалиев Н., дараҷаи ду Давлатов О, Раиси итифоқи касаба н.и.б. ҳамробоева З.М., раиси Шӯрои занон Холова Ш. адои вазифа мекунанд.

Соли 1954 дар назди факултети биология шуъбаи геология таъсис меёбад, аз ин рӯ, онро минбаъд факултети табиатшиносӣ номгузорӣ мекунанд. Аз соли 1964 дар баробари ба факултети алоҳида табдил дода шудани шуъбаи геология, то ба имрӯз факултети биология аз нав мустақилона бо номи аввалаи худ фаъолият намуда истодааст. Гуфтан ба маврид аст, ки таҳсиси итисосҳои гуногун дар факултет ба шакли ананаро дорост. Солҳои таҳсили 2009-2010 қабули донишҷуён ба ихтисоси тиббӣ: фармасефтӣ ва ташхиси тиббӣ буд, ки айни замон ба факултетҳои алоҳида табдил дода шудаанд. Сарварии факултетро дар давраҳои гуногуни фаъолияти он, шахсиятҳои шинохта ва олимони варзида ба уҳда доштанд: д.и б., профессор Д.И.Иваненко (солҳои 1948-1954), н.и.б., дотсент Ф.Г.Тверитнев (солҳои 1954-1958), н.и.б., дотсент А.Ш.Шукуров (солҳои 1958-1962), н.и.б., дотсент Ҷ.А.Бузруков (солҳои 1962-1964), д.и.б., профессор И.К.Лопатин (солҳои 1964-1970), н.и.б., дотсент К.Н.Ниматҷонова (солҳои 1970-1977), д.и.б., профессор Ҳ.М.Сафаров (солҳои 1977-1994), д.и.б., профессор Б.Ғ.Ғафуров (солҳои 1994-2002), д.и.б. Т.Ҷ.Ғиёсов (солҳои 2002-2008), д.и.б, Мирзораҳимов А. К. ( 2008-2015) ва соли 2015 то инчониб доктори илми биология, профессор Каримов Акобир Изатуллоевич ба уҳда дорад.

Ҳоло дар шаш кафедраҳои факултет 65 нафар устодон, аз ҷумла: 13 нафар докторҳои илм, профессорон ва 23 нафар номзадҳои илм, дотсентон ба таълиму тарбияи донишҷӯён ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд.
Аз соли аввали таъсисёбии факултет то соли 1994 донишҷӯён дар назди 5 кафедраҳои ва холо бошад 6 кафедра он (ботаника, зоология, физиологияи одам ва ҳайвонот, физиологияи растаниҳо ва биотехналогия, биохимия, экология) дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона танҳо аз рӯйи як ихтисос – 011600-биология таъсил мекарданд, холо бошад аз руи 4 ихтисос( биология, экология, биотехналогия ва дендрология)дар шуъбаи рузона ва дар шуъбаи гоибона бошад аз руи ихтисосхои биология точикию руси ва экология точики таҳсил намуда, Донишгоҳро хатм мекуанд.
Хамкории факултет барои тайёр намудани мутахассисон дар назди кафедраҳои амалкунанда, ба давлатхои Россия, Узбекистон, Казокистон, Белосия ва дар дохил бошад ба АИ ЧТ хамаи Институти илми Точикистон, донишгоху донишкадахо ва г. пойгохо барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимии тобистона аз фанҳои ботаника ва зоология «Такоб» (воқеъ дар ноҳияи Варзоб) ва «Ҷавонӣ» (воқеъ дар мавзеъи Ромит) ба роҳ монда шудааст.
Фаъолияти донишчуён дар дастаҳои ҳунарӣ ва озмунҳои умумидонишгоҳӣ «Андалеб» «Бонувони Донишгоҳ», ки бахшида ба ҷашнҳои барпо карда шудаанд, хуб ҳунарнамоӣ намуда, чун гурӯҳи беҳтарин дар ҳайати Донишгоҳ дониста шудаанд. Шӯрои олимони факултет, ки ҳайати он ҳар ду сол аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасдиқ карда мешавад, дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти факултет нақши ҳалкунанда дорад.
Аз солҳои аввали ташкилёбии факултет яке аз самтҳои муҳими фаъолияти он – гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ ба шумор меравад. Устодони факултет дар баробари иҷро намудани корҳои таълиму тарбиявӣ, ҳамчунин ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ хеле ҷиддӣ машғуланд. Барои таёр намудани мутахассисони баландихтисоси илмию омӯзгорӣ мавриди диққати роҳбарияти Донишгоҳ ва факултет қарор дошта, дар факултет ду Шуро ватанию федератсия Россия амал мекунад. Хамаи магистрон, аспирантхо ва доктор Phd новобаста аз кадом давлат будан метавонанд бо се забон точики, руси ва англиси рисолахои худро химоя кунанд . Феълан дар факултет бо иштироки устодон ва ҷалби бевоситаи докторантон, аспирантон, коромӯзон ва донишҷӯён таҳқиқотҳои хеле мураккаби илмӣ аз рӯи 3 самт ва 5 масоил ба роҳ монда шудааст.
ҶИД-и факултет дар худ маҳфилҳои донишҷӯёни ҳамаи шаш кафедраҳои онро муттаҳид менамояд. Сарварии маҳфили илмии донишҷӯёни факултетро ба сифати устод-сарвар дар солҳои охир, муаллими калон Аминов Ҷ ба ӯҳда дорад.
Донишҷӯёни факултет дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ҳар сол таҳти унвонии «Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ» гузаронида мешавад, фаъолона иштирок мекунанд. Бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ба чунин чорабиниҳои илмию таълимӣ таи як чанд солҳои охир дар факултет Дастаи олимпии донишҷӯён, ки аз ҳисоби донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона таъсис дода шудааст, фаъолият менамояд, ки ба гирифтани ҷойҳои аввал (1-ум ва 2-юм) сазовор мегарданд. Соли 2010 дар таърихи факултети биология воқеаи муҳими таърихи рух дод. 1-уми сентябри ҳамон сол факултети биология ба бинои нави таълимӣ воқеъ дар «Шаҳраки донишҷӯён» кӯчид ва дар кушодашавии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.