Муовини декан оид ба илм

Ҳамидов Хайриддин Норович н.и.б., муаллими калони кафедраи биохимияи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.Ҳамидов Х.Н соли 2002 ба факултети биологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2007 бо муваффақият хатм намуд. Ҳамон сол ҳамчун ассистенти кафедраи биохимия ба кор шурӯъ намуда ба шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳ дохил шудааст. Соли 2012 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Хусусиятҳои асосии мутобиқатии дастгоҳи фотосинтетикӣ дар генотипҳои гуногуни пахта» дифоъ намудааст, ки корҳои илмиаш идома доранд. Ҳамидов Х.Н. солҳои 2010, 2016, 2017, 2018, 2019 дар базаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисосро хатм намуда, савияи дониши худро баланд бардоштааст. Аъзои Шӯрои олимони факултети биология дар солҳои 2012-2016 , раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултет соли (аз 2011 то соли 2015), роҳбари бахши биологияи академияи хурди илмҳои ҶТ, роҳбари Ҷаъмияти илмии донишҷӯён кафедраи биохимия ва сарпарастии курси сеюуми ихтисоси биология ва мовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ мебошад.
Барои донишҷӯёни факултети биология дарсҳои лабораторӣ аз курсҳои тахассусӣ фанҳои генетика, биохимия, биотехнология, биофизика, таҷрибаомӯзии калон ва дар факултети фармасевтӣ ва тиббӣ аз курси умумии биохимия лексия мехонад. Лексияҳои ӯ аз ҷиҳати илмӣ-методӣ оммафаҳм мебошанд. Дар корҳои илмӣ-методӣ фаъолона ширкат меварзад. Дар конференсияҳои илмии минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ маводҳои илмиаш чоп шудааст. То ҳол 39 мақола ва фишурдаҳои илмиаш ба ҳамагон маълум аст. Ҳамидов Х.Н. дар навиштану таҳия намудани китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва барномаҳо барои мактабҳои олӣ низ ширкат меварзад. Дар таҳия ва нашри дастурҳои таълимию методии «Генетикаи ҳайвонот», «Генетика бо асосҳои селексия» ва «Машғулиятҳои амалӣ аз фанни биофизика», ки бо забони тоҷикӣ аз чоп баромадаанд, ҳаммуаллиф мебошад.
Бо шарофати корҳои илмӣ-педагогӣ ва ҷамъиятии пурмаҳсулаш Ҳамидов Х.Н байни устодон, кормандон, донишҷӯёни факултети биология ва Донишгоҳ обрӯи хосса дорад.