Кафедраи ботаника

Таърихи кафедра

КАФЕДРАИ БОТАНИКА ҳамсоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (собиқ Университети давлатии Тоҷикистон) буда, аз соли 1948 арзи вуљуд дорад. Ба кафедра солњои гуногун олимони номдори ин соња О.И. Морозова (1948-1950), П.П. Чуваев (1950-1953), И.Г. Шалит (1954-1957), Ф.Г. Тверитнев (1957-1968), М.И. Исмоилов (1968-1993), В.А. Бобољонов (1994-2005), И. Қудратов (2005-2011), А. Њалимов (1993-1994, 2011-2015), Сатторов Р.Б. (2016-2022) ва Кароматулои Ќ (2022) сарварї кардаанд. Аз моњи октябри соли 2022 то хол Љ.М. Бобокалонов сарварии кафедраро ба ўњда дорад.

Кафедра аз даврањои аввали таъсисёбӣ бо марказњои калонтарини илмї алоќа пайдо карда, дар тадќиќи флора ва набототи Тољикистон, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соњаи ботаника сањмгузор аст.

Дар кафедра олимони варзида, ба монанди Ќаҳрамони Мењнати Сотсиалистї, академик, П.Н. Овчинников, академикњо Н.В. Смольский, Ю.С. Носиров, У.Х. Холдоров, узви вобастаи АИ ЉТ, д.и.б., профессор, К.В. Станюкович, В.И.Запрягаева, М.И. Исмоилов дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соњаи ботаника ва экологияи растанињо сањми калон гузоштаанд.  Дар ин самт њамчунин олимон А.Н. Николаев, Ю.К. Григорьев, Ф.Г. Тверитнев, А.Е. Агаханянс, Ф.Г. Бахтеев, Я.Д. Нагибин, М.Д. Љумаев, Н.П. Акульшина, П.П. Чуваев, О.П. Курочкина, О.Н. Елманова, И.Г. Чукавин, Г.Т. Сидеренко, У.К. Маматқулов, М. Назаров, А.Љўраев, С.С. Саидов, М. Д. Дарвозиев, А.С.  Давлатов, Л.Р. Батурина, М.К. Хољамова, Б. Бобораљабов, Р.Х. Акрамова, Ш. Соҳибназаров, Н.М. Сафаров, М.Суннатов, Б. Исмоилов ва ѓайра  сањми  босазо  гузоштаанд.

Дар солњои аввали фаъолияти кафедра (1948-1954) устодони он дар баробари тадриси курсњои умумї мансуб ба тахассуси ботаника, њамчунин таълими фанњои физиология ва биохимияи рустанињо, микробиология, генетика, селексия, хокшиносї, рустанипарварї, ҳайвонотпарварї, асосњои хокшиноси растанипарвари) ва ѓайраро ба роҳ монда буданд.

Соли 1954 дар заминаи кафедраи ботаника, кафедраи физиологияи рустанињо таъсис ёфтааст. Баъдтар курси зироатпарварї ва рустанипарварї ба факултети иқтисодї ва фанни генетика ба кафедраи биохимия гузаронида шуд. Дар айни замон дар кафедра аз фанњои анатомия ва морфологияи рустанињо, систематикаи рустанињои талломї ва баргу поядор (олї), экологияи рустанињо, геоботаника, ҷуѓрофияи рустанињо, дарахтшиносї (дендрология), алгология (ё фикология), микология, биоморфология, флорогенетика, набототи Тољикистон ва Оссиёи Миёна, хокшинсї, асосњои хољагии ќишлоќ ва дигар курсњои тахассусї  аз тарафи мутахассисони ин соњањо, докторњо ва номзадњои илм таълим дода мешаванд.

Дар давоми солњои гуногун барои таълими фанњои мухталифи кафедра аз марказњои илмии ботаникии собиќ Иттињоди Шўравї олимони барљаста, ба монанди академик А.Л. Тахтаджян, профессорон, Л.Е. Родин, Ю. Акрамов, Т. Васильченко, Н.Ал. Федоров, Р.В. Камелин, И.Х. Байтулин, А.А. Коннов, М.М. Пахомов, Г.Т. Сидоренко, З. Ќурбонбеков, М.И. Исмоилов, А.А. Ашуров, Н.М.Назаров даъват шудаанд.

Корҳои анҷомдодаи кафедра оид ба тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ:

  1. Сатторов Р.Б. санаи 14.10.2017 рисолаи доктории худро дар ДАТ ба номи Ш. Шоњтемудар дар мавзўи “Асосњои илмии баланд бардоштани њосилнокии растанињои хўрока дар минтаќањои куњии Тољикистон аз ихтисоси 06.01.01-растанипарвари њимоя кардааст.
  2. Евдакимова Галина Нажмитдиновна санаи 18-апрели 2013 рисолаи доктории худро дар назди факултети биологияи Донишгоњи давлатии Бошќирдистон, ш. Уфа, куч. Заки Валиди 32, дар мавзўи “Чўбростњои дарахтмонанд дар шароити хушки субтропикии Тољикистон: интродуксия, биология, экология ва тарзи истифодаи он”, ихтисоси 03.02.01-ботаника њимоя кардааст.
  3. Давлатзода С.Х. санаи 4.06.2013. рисолаи доктории худро дар назди боѓи ботаникии маракзии Новосибирк, СО РАН, куч. Золотодолинская, 101 дар мавзўъи Намуду авлоди BERBERIS L. дар Тољикистон (хусусиятҳои экологӣ-биологӣ оќилона истифодабарии он), ихтисоси 03.02.01-ботаника, 03.02.08-экология рисола доктории худро њимоя кардааст.
  4. Рањимов С. санаи 2-октябри 2007 рисолаи доктории худро дар назди боѓи ботаникии маракзии Новосибирк, СО РАН, куч. Золотодолинская, 101 дар мавзўъи “Аломатњои онтогензи баъзе намояндагони флораи нимсаваннаи Помиру-Олой”, ихтисоси 03.00.05-ботаника њимоя кардааст.
  5. Ќудратов И. соли 2004 рисолаи доктории худро дар шањри Киев, академияи миллии илмии Украина, институти ботаника ба номи Н.Г. Холодно дар мавзўи Тањлили лихенофлораи Тољикистон, ихтисоси 03.00.21-микология њимоя кардааст.
  6. Бобокалонов Љ.М. санаи 02 июни 2018 рисолаи номзадии худро дар ш.Душанбе, Донишгоњи миллии Тољикистон, дар мавзўи Сохти морфологї ва устувории инкишофи барги Platanus orientalis L. Дар шароити ифлосии техногении водии Њисор (Тољикистон), ихтисоси 03.02.01-ботаника њимоя кардааст.
  7. Сайдалиев Н.Њ. санаи 14 апрели 2018 рисолаи номзадии худро дар ш.Душанбе, Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Ш.Шоњтемур, дар мавзўи Њосилнокии тапинамбур вобаста бо роњњои парвариши он дар шароити водињои Њисор ва Рашти Тољикистон, ихтисоси 06.01.01-растанипарвари њимоя кардааст.
  8. Кароматуллои Ќ. санаи 15 апрели 2021 рисолаи номзадии худро дар ш.Душанбе, Донишгоњи миллии Тољикистон. дар мавзўи Набототи њавзаи дарёи Ширкент (Тољикистони марказї), ихтисоси 03.02.01-ботаника њимоя кардааст.
  9. Рањмонов Х.С. санаи 21 сентябри 2017 рисолаи номзадии худро дар ш.Воронежи федератсия Руссия, Донишгоњи давлатии аграрии Воронеж ба номи император Петри-1, дар мавзўи Биология ва захирањои Ferula tadshikorum. Pimen, ихтисоси 03.02.14-захирањои биологї њимоя кардааст.
  10. Рисолаи номзадии Бобоев Љ.М. дар мавзўи Гулсангњои ќисми љанубии ќаторкўњи Њисор пурра омода гардида аз рўи ихтисоси 03.02.01-ботаника дар арафаи њимоя мебошад.
  11. Мањрум, собиќ мудири кафедра Ф.Г. Тверитнев солњои (1957-1968). Фаъолияти илмии бевоситаи Ф.Г. Тверитнев дар риштаи генетика ва селексияи (дурагакунї) растанињои мевадињанда оѓоз гардида, то солњои 80 –уми асри ХХ идома меёбад. Дар ин давра бо сарварии ў навъњои гуногуни себ (Тољикистон, Розмарин, Блефери Бешпазак, Норинљї), Зардолуи мӯъљиза (48-7), Сорољон (48-26) ва ѓ. ба даст оварда шудаанд. Комиссияи давлатї аз байни 10 навъи зардолу 8 навъро чун навъњои сермањсул эътироф карда буд. Дар давраи мудирии дотсент Тверентиев Ф.Г. дар кафедра 4 нафар устодон фаъолият менамуданд: 1 нафар нафар номзадони илм ва 3-нафар асситентон.
  12. Исмоилов Маҳмуд Исмоилович. Мањрум, собиќ мудири кафедраи ботаника (1972-1990). Профессори кафедраи ботаника, доктори илми биологя (2008)., узви вобастаи АУЉТ аз соли 1991 ихтисосаш ботаник-систематик. 7 октябри соли 1929 дар ш. Самарќанд таваллуд шудааст. Соли 1949 факултети георгафияи ДДУ ба номи Алишер Навоиро бо ихтисоси география хатм намудааст. Мавзўи рисолаи докториаш: «Можжевельники СССР: ботанико-географическое и систематическое исследование рода Juniperis L. в связи с его происхождением и эволюцией: 03.00.05 дифо кардааст. Аз соли 1976 дотсент, профессор, (1980); мудири кафедраи ботаника ДМТ (1974-1990). Фаъолияти илмии Исмоилов М.И. ба флора, систематика, таксономия, география ва экологияи дарахту буттањо бахшида шудааст. Дастовардҳои илмии ӯ дар нашрияҳои Тоҷикистон, Русия, Олмон, Полша ба табъ расидаанд. Ӯ дар конференсияҳои байналхалrӣ (Олмон, Полша, Австрия, Руссия ) иштирок карда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст. Муаллифи 6 монография ва зиёда аз 350 маrолаю фишурдаи илмї мебошад.
  13. Бобоҷонов В. А. Собиќ мудири кафедраи ботаника (1994-2005). Доктори илмњои биологї (1991). 7 марти соли 1946 дар ноҳияи Панљакенти вилояти Суѓд таваллуд шудааст. Соли 1967 факултети биологияи ДДТ ба номи В.И. Ленинро бо ихтисоси биолог хатм намудааст. Аз соли 1985 дотсент, профессор, (1994); мудири кафедраи ботаника ДМТ (1994-2005). Фаъолияти илмии Бобољонов В.А. ба генетика ва селексияи растанињо бахшида шудааст. Муаллифи 4- монография ва зиёда аз 280 маќолаю фишурдаи илмї мебошад. Зери роњбарии ў 3 нафар рисолаи номзадї ва 2 нафар рисолаи докторї њимоя кардаанд.
  14. Ҳалимов Абдрасул. Мањрум ва собиќ мудири кафедраи ботаника (1993-1994, 2011-2015), номзади илмњои биология (1986), дотсент. 15 декабри соли 1952 дар ноҳияи Шамсидини Ш. (Шўробод) вилояти Хатлон тавваллуд ёфтааст ва соли 2016 вафот кардааст. Факултети биологияи ДДТ ба номи В.И.Ленинро соли 1976 хатм кардааст. Аз моњи августи соли 2003 то моњи майи 2016 дар кафедраи ботаникаи Донишгоњи милли Тоҷикистон дар вазифаи дотсент кор мекард. Мавзўи рисолаи номзадиаш: «Растительный покров центральной части хребта Хазратишох – Таджикистан». Дар соҳаи фитосенология, харитасозии наботот ва экология тадқиқотҳо гузаронидааст. Аз соли 2013 то 2016 љонишини декан оид ба шуъбаи ѓоибонаро ба уҳда дошт. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2011) мебошад. Миқдори мақолаҳои илмї: зиёда аз 70, аз ин миќдор 6 дастури методї як китобро дарбар мегирад.

Ҳамкориҳои кафедра:

Кафедра аз аввали таъсисёбї њамкории худро бо Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанињо ва дигар корхонањои марбута ба роњ мондааст, Инчунин бо “Боғи парчами миллӣ”-и Маҷмааи давлатии “Қасри миллати”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати таҷрибаомўзӣ шартномаи дуҷониба намудааст. Ҳамзамон кафедра хориҷа бо Руссия (Донишгоҳи давлатии милии Воронеж ба номи Петри-1), Бошқирдистон (Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон, Вазорати ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифодабарии сарватҳои табии Бошқирдистон, Мамнугоҳи Ҷумҳурии Бошқирдистон), Узбекистон (Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов) ва ғайра ҳамкори дорад.


Мудири кафедра
Bobokalonov.1986@mail.ru
(+992) 933-12-14-16
ш.Душанбе, кўч. Буни Њисорак, бинои 16

Бобокалонов Ҷ.М. санаи 26.12.1986. дар ноҳияи Шаҳринав ч.д. Истиҷлол деҳаи Селбур таваллуд шудааст. Соли 2005 МТМУ№1 ба номи Н.К.Крупскаяро хатм кардааст. Соли 2005 ба факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабул шудааст ва соли 2011 донишгоҳи мазкурро хатм намуда дар вазифаи ассистенти кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ қабул шудааст. Солиҳои 2013-2016 аспирантураро дар назди кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ хатм кардааст. Солҳои 2016-2022 дар вазифаи муовини декан оид ба таълими факултети биологияи (мушовири академии дараҷаи 1-ум) ДМТ фаъолият кардааст. Соли 2022 дар вазифаи дотсент, мудири кафедраи экологияи факултети биологияи ДМТ фаъолият карда, аз соли 2022 то ин ҷониб дар вазифаи мудири кафедраи ботаника фаъолият дорад.


Сатторов Раҳматулло Бобоевич д.и.к. профессор
Sattorov59@mail.ru
(+992) 907-96-94-76
ш.Душанбе, кўч. Буни Њисорак, бинои 16

Саттров Р.Б 08.01.1959 дар ноњияи Исфара, вилояти Суѓд таваллуд ёфтааст. Биолог, хатмкардаи ДМТ (1984). Пас аз хатми Донишгоњ солњои 1984 -1987 МТМУ №34-и ноњияи Кубодиёни вилояти Ќўрѓонтеппа ба сифати муаллими биология ва химия кор кардааст. Аз соли 1987 то 2001 дар Иттиҳодияи илми истењсолии «Тољикаэрокосмогеодезия» аз ходими хурди илмї то ходими калони илмї ва аз соли 2002 то 2003 ба сифати котиби илмии Маркази илмии «Тољиккоинот» фаъолият кардааст. Аз соли 2003 то 2015 дотсенти кафедраи ботаникаи ДМТ. Ҳамзамон солҳои 2011 то 2014 ба сифати муовини декан оид ба илм фаъолият намудааст. Солњои 2016-2022 ҳамчун мудири кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ фаъолият кардааст. Аз соли 2022 ин љониб дар кафедраи ботаникаи ДМТ ба сифати профессор фаъолият дорад.



Қудратов Имомназар д.и.б. профессор
(+992) 934-01-07-46
ш.Душанбе, кўч. Буни Ҳисорак, бинои 16

Ќудратов И. 07.03.1946 дар ноњияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1969 факултети биологияи ДДТ ба номи В.И. Ленинро бо ихтисоси биолог хатм намудааст. Солҳои 2005-2011 ба њайси мудири кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ фаъолият кардааст. Фаъолияти илмии Қудратов И. ба флора, систематика, таксономия, география ва экологияи гулсангҳо бахшида шудааст. Муаллифи як монография ва зиёда аз 100 маrолаю фишурдаи илмї мебошад. Њоло дар кафедра аз фанҳои «Ботаника», «Микология», «Таърихи биология», «Систематикаи растаниҳои дараљаи паст» ва курсҳои тахассусї «Лихенология ва микология» дарс медиҳад. Аз соли 1994 то ҳол фаъолият мекунад.

Евдакимова (Эргашева) Галина Нажмитдиновна
д.б.н. профессор
gala2867@mail.ru
(+992)882-880-881
ш.Душанбе, кўч. Буни Њисорак, бинои 16

Евдакимова Г.Н. 30 .07.1967 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети биологияи ДМТ (1989). Пас аз хатми Донишгоњ солњои 1990 то 1993 ба ҳайси аспиранти Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмњои Тољикистон таҳсил кардааст. Солњои 1994-2001 дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмњои Тољикистон, шуъбаи растанињи шифои фаъолияти кории худро идома додааст. Муаллифи 50 маќолањои илмї, монография ва дастурҳои талимї мебошад, ки ба масъалањои набототшиносї, физиологияи ва морфологияи растаниҳо бахшида шудаанд. Аз моњи августи соли 2001 ин љониб дар кафедраи ботаникаи Донишгоњи Милли Тољикистон дар кор мекунад.

s.davlatov@mail.ru
ш.Душанбе, кўч. Буни Ҳисорак, бинои 16
д.и.б. профессор

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин.25-уми сентябри соли 1970 дар деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1988 дар идораи савдои шаҳри Норак ба ҳайси борбардор фаъолияти худро оғоз намудааст Солҳои 1988-1990 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ хизмат кардааст. Соли 1991 дар мактаби миёнаи рақами 51-и ноҳияи Данғара ба ҳайси сарпешоҳанг кор карда, соли 1991 ба факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ.Ш.Ҷӯраев (ҳозира ба номи С.Айнӣ) дохил шуда, соли 1996 факултети мазкурро хатм намудааст. Солҳои 1996-1998 ба ҳайси ассистенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 1998-2000 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти ботаникаи АИ ҶТ таҳсил кардааст. Солҳои 2000-2005 омӯзгори калони кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии ДАТ шуда кор кардааст. Рисолаи номзадӣ ва докториро солҳои 2005 ва 2013 дар шаҳри Новосибрскии Шуъбаи сибирии Академияи илмҳои Федератсияи Россия дифоъ намудааст. Солҳои 2006-2007 дотсенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон шуда фаъолият кардааст. Солҳои 2007-2009 ба ҳайси мудири кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2009-2010 мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф шуда кор кардааст. Солҳои 2010-2014 сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм буд. Солҳои 2014-2015 сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм шуда кор кардааст. Солҳои 2015-2018 дар вазифаи сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то моҳи январи соли 2020 дар вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №45 аз 24 январи соли 2020 ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъин шудааст. Аз соли 2014 то инљониб дар вазифаи профессори кафедраи ботаникаи Донишгоњи миллии Тољикистон фаъолият дорад.

(+992) 907-94-60-40
ш.Душанбе, кўч. Буни Ҳисорак, бинои 16
д.и.б. профессор

Раҳимов Сафарбек 4 марти соли 1947 дар ноҳияи Балљувони вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1969 факултети биологияи ДДТ ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси биолог хатм намудааст. Солњои 1989-2000 дар кафедраи ботаника хољагии қишлоқи ДАТ ба номи Ш.Шоњтемур фаъолияти кори кардааст. Солҳои 2000-2006 мудири боѓи ботаникии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмњои Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст. Солњои 2006-2007 докторанти боѓи марказии ботаникии ш.Новосибирски СО-РАН мебошад. Солњои 2008-2009 муовини директор оид ба илм дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмњои Тољикистон кор карда, солњои 2009-2013 ба њайси декани факултети биологияи ДОТ ба номи С.Айни фаъолият кардааст. Аз соли 2013 то инљониб профессори кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ мебошад.

karomat.tj@ bk.ru
987-84-02-02
ш.Душанбе, кўч. Буни Ҳисорак, бинои 16

н.и.б. муалими калон

Кароматуллои Қурбонали 01 марти соли 1993 дар дењаи Саричашмаи ноњияи Шамсидини Шоњин (Шурообод) тавваллуд шудааст. Соли 1999 ба МТМУ №24 –и ноҳияи мазкур то синфи 5-ум тањсил кардааст. Соли 2004 таҳсилро дар интернети кудакони ятим ва бепарастори ноњияи Саричашмаи ноҳияи Шамсидини Шоҳин (Шурообод) давом дода, синфи 11-ро хатм кардааст. Соли 2010-2015 факултети биологияи ДМТ-ро хатм кардааст. Солҳои 2014-2017 ба њайси лаборанти кафедраи ботаника фаъолият карда, солњои 2015-2019 дар аспирантураи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмњои Тољикистон тањсил кардааст. Солҳои 2018-2022 муовини декан оид ба тарбия, соли 2022 мудири кафедраи ботаника ва охири соли 2022 ба ҳайси эдвайзери дараҷаи-1 дар шуъбаи рўзона таъин шудааст. Аз соли 2014 то инљониб дар кафедра фаъолияти илмӣ, омўзгорӣ дорад.

Тел:+992939-00-40-01
ш.Душанбе, кўч. Буни Ҳисорак, бинои 16
н.и.к. муаллими калон

Сайдалиев Навруз Ҳабибуллоевич 20 марти соли 1985 дар љ.д. Лучоби деҳаи Косатароши ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Соли 2003 МТМУ деҳаи Косатароши н. Варзобро хатм карда худи ҳамон сол ба факултети биология ДМТ дохил шудааст. Соли 2008 донишгоҳро бо ихтисоси биолог-муаллим хатм намудааст. Солҳои 2009 – 2012 лаборанти калони кафедраи ботаникаи факултет фаъолият намуда, солҳои 2012-2016 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантура дар назди АИ ЉТ таҳсил кардааст. Соли 2019 дар вазифаи эдвайзери дараљаи-1 дар шакли таҳсили фосилавї ќабул гардид. Аз соли 2014 то инљониб дар кафедраи ботаникаи факултети биология фаъолият дорад.

Тел:918-16-06-02
ш.Душанбе, кўч. Буни Ҳисорак, бинои 16
н.и.к. муаллими калон

Раҳмонов Хайриддин Сафарович 28 феврали соли 1968 дар нохияи Восеъ тавваллуд шудааст. Соли 2004 ба факултети биологияи ДДМТ дохил шуда, соли 2009 донишгоҳро хатм намудааст. СолҲои 2010-2014 дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тољикистон кафедраи ботаникаи таҳсил кардааст. Аз фанҳои «Анатомия ва морфологияи растаниҳо», «Систематикаи растаниҳо» ва «Растаниҳои шифобахш» дарс мегузарад. Аз соли 2011 то инљониб дар кафедра фаъолият дорад.

kadirovaizatmo @ gmail. Com
919-68-00-34
ш.Душанбе, кўч. Буни Ҳисорак, бинои 16
ассистенти кафедра

Қодирова Изатмо Абдусаломовна 19 январи соли 1967 дар шаҳри Ваҳдат (ноҳияи Орджоникидзеобод) деҳаи Купрукбоши таваллуд шудааст. Соли 1974 ба МТМУ №12 шаҳри Ваҳдат (ноҳияи Орджоникидзеобод) деҳаи Купрукбоши рафта соли 1984 хатм кардааст. Соли 1984 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда соли 1989 хатм кардааст. Солҳои 1989-1992 ба ҳайси ходими хурди илмї дар боғи ботаникии дар назди ДДТ ба номи В.И. Ленин буда фаъолият кардааст. Солҳои 1992-1997 дар вазифаи лаборанти калони кафедраи ботаникаи факултети биология кор карда, аз соли 1998 то ин љониб дар кафедраи ботаникаи ДМТ фаъолият дорад.

Juraboy 1985 @ mail.ru
918-26-01-85
ш.Душанбе, кўч. Буни Ҳисорак, бинои 16
ассистенти кафедра

Бобоев Ҷўрабой Абдусаломович 26 январи соли 1985 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1991 ба МТМУ № 13 –и ноҳияи мазкур рафта онро соли 2002 хатм карда худи ҳамон сол ба факултети биологияи ДМТ дохил шудааст. Соли 2007 донишгоҳро хатм намуда, солҳои 2007-2008 ба ҳайси коромўз муҳаќќиќ фаъолият кардааст. Солҳои 2009-2012 дар шуъбаи аспирантура дар назди кафедраи ботаникаи факултети биология, ДМТ таҳсил кардааст. Аз соли 2011 то ин ҷониб дар кафедра фаъолият дорад.

тел:+992935-91-35-51
ш.Душанбе, кўч. Буни Ҳисорак, бинои 16
ассистенти кафедра

Аминов Ҷамолидин Муҳиддинович 24 октябри соли 1985 дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб тавваллуд шудааст. Соли 1991 ба МТМУ №29-и ноҳияи мазкур рафта, соли 2002 хатм карда, худи ҳамон сол ба факултети биология ДМТ дохил шудааст. Соли 2008 донишгоҳро хатм намуда, солҳои 2009-2012 дар шуъбаи аспирантура дар назди кафедраи ботаникаи ДМТ таҳсил кардааст. Аз соли 2013 то инҷониб дар кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ фаъолият дорад.

аbdugafur–1993@-mail.ru
тел:+992988-99-93-80
ш.Душанбе, кўч. Буни Ҳисорак, бинои 16
ассистенти кафедра

Абдуғафури Сафар 06 апрели соли 1993 дар деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод тавваллуд шудааст. Солҳои 2000-2010 дар МТМУ № 14 –и ноҳияи мазкур таҳсил карда, соли 2011 ба литсейи ДМТ хатм кардааст. Солҳои 2011-2016 дар факултети биологияи ДМТ таҳсил кардааст. Соли 2016 -2017 ба ҳайси омўзгор дар МТМУ № 85- и н. Сино, ш. Душанбе фаъолият кардааст. Солхои 2018-2020 ба ҳайси ассистент дар кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ кор кардааст. Аз соли 2021 то инҷониб дар кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ кор мекунад.