Кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнология

Кафедраи физиологияи растаниҳо соли 1954 таъсис ёфтааст Соли 2016 номи кафедра ба физиологияи растаниҳо ва биотехнология иваз карда шуд. Аввалин мудири он н.и.б., дотсент П.П. Чуваев (солҳои 1954-1955) буд. Роҳбарии кафедраро дар тӯли мавҷудияташ – н.и.б., дотсент М.А. Каминская (солҳои 1955-1962), н.и.б., дотсент В.Ф. Щеглова (солҳои 1962-1975), д.и.б., профессор К.Н. Ниматҷонова (солҳои 1975-1986), н.и.б., дотсент С.А. Бобоҷонова (солҳои 1986-1992), д.и.б., профессор М.А Бобоҷонова (1992-2009), н.и.б., дотсент Сайфуддинов А.Қ. (солҳои 2009-2018) ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи январи соли 2019 ин ҷониб роҳбарии кафедраро н.и.б., дотсент Қиёмова З.С. ба уҳда дорад.

Ҳанӯз аз давраи аввали таъсисёбии кафедра дар ташаккулёбӣ ва муайян намудани самти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии он олимони барҷастаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз қабили Н.В. Тимофеев, А.А. Ничипоров, А.Т. Мокроносов, А.К. Романов, В.И. Кефелиев ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд.

Соли 1988 дар назди кафедра лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии «Ферментология» таъсис дода шудааст, ки роҳбарии онро д.и.б., профессор М.А. Бобоҷонова ба ӯҳда доштанд.

Солҳои 2017-2018 дар кафедра бо дастгирии декани факултет, д.и.б., профессор Каримов А.И. ва узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.б., профессор Алиев Қ. лабораторияи биотехнологӣ ташкил карда шуд. Дар лабораторияи мазкур унвонҷӯён, докторантон, магистрантон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд.

Устодони кафедра дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалии физиологҳо, биохимикҳо бо маърӯзаҳои илмӣ пайваста баромад менамоянд.

Дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи физиологияи растаниҳо дар кафедра мавқеи чунин марказҳои илмӣ ба монанди Донишгоҳи давлатии Маскав, Институти биохимияи ба номи А.Н. Бах, Институти физиологияи растаниҳои ба номи К.А. Тимирязев ва хокшиносии Академияи улуми Россия, ҳамчунин Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АТ ҶТ, Институти биологии Помири АИ ҶТ басо калон мебошад.

Дар тӯли фаъолияти кафедра олимони намоёни собиқ ИҶШС, аз ҷумла, академикҳо: Н.В. Тимофеев, А.Т. Мокроносов, профессорон: С.А. Ванюшин, А.А. Прокофьев, В.И. Кефели, А.К. Романова ва олимони ҷумҳурӣ академики АИ ҶТ, профессор Х.Х. Каримов, узви вобастаи АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ: К.А. Алиев, Ҳ.А. Абдуллоев ва дигарон ба устодон ва донишҷӯён лексияҳо хондаанд.

Дар байни дастпарварони кафедра олимони машҳури ҷумҳурӣ ва устодони забардасти донишгоҳро ба монанди академики АИ ҶТ, д.и.б., профессор Яқубова М.М., Усмонов П.Ҷ., узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.б., профессор Алиев Қ.А., д.и.б., профессор Ниматҷонова К.Н., д.и.б., профессор Маҳмадбеков С.Н., д.и.б., профессор Ғиёсов Т.Ҷ., д.и.б., профессор Юлдошев Ҳ., д.и.б., профессор Мирзораҳимов А.К., н.и.б., дотсент Нарзуллоев М.С., н.и.б., дотсент Забиров Р.Ғ., н.и.б., дотсент Эгамбердиев А.Р., н.и.б., дотсент Толибеков Д.Т. ва дигаронро ном бурдан мумкин аст, ки дар бунёди илми биологияи тоҷик ва тайёр намудани садҳо мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда доранд.

Имрӯзҳо устодони зерини кафедраро ба монанди д.и.б., профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Алиев Қ., д.и.б., профессор Бобоҷонова М.А., д.и.б., профессор Эргашев Э.А,. д.и.б., профессор Раҳмихудоев Г., д.и.б., профессор Мирзораҳимов А.К., н.и.б., дотсент Нарзуллоев М.С., н.и.б., дотсент Сайфудинов А.Қ., н.и.б., дотсент Қиёмова З,С., муаллимаи калон Ниматова Н. ва ассисентон Сайдализода С.Ф., Усмонова Н.С. метавон бо ифтихормандӣ ном бурд, ки фаъолияти илмӣ-омӯзгории хешро зоҳир намуда, дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи физиологияи растаниҳо ва биотехнология сахми арзанда гузошта истодаанд.

 Алиев Қурбон – д.и.б., профессор, узви вобастаи АИҶТ. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба     номи В.И. Ленин (ДМТ). Муаллифи зиёда аз 300 – мақолаҳои илмӣ, 3- китоби дарсӣ, 5 – дастури таълимӣ.

Бобоҷонова Муҳаббат Абдураҳмоновна – д.и.б., профессор. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Санк-Петербург. Муаллифи зиёда аз 200 – мақолаҳои илмӣ, 10- китоби дарсӣ, 7 – дастури таълимӣ.

Эргашев Абдуллоҷон – д.и.б., профессор. Хатмкардаи Донишкадаи педагогии ба номи С.М. Кирови Ленинобод. Муаллифи зиёда аз 160 мақолаҳои илмӣ ва 5 дастури таълимӣ.

Раҳмихудоев Гулаҳмад – д.и.б., профессор. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ДМТ). Муаллифи бештар аз 200 – мақолаи илмӣ, 4 – китоби таълимӣ, 3 – монография, 10 – дастури таъ¬лимӣ, 12 – дастурамалҳои услубию таълимӣ, 3 – брошюраҳои илмӣ-оммавӣ, 8 – тавсияномаҳо оид ба парвариши зироати марҷумак ва зафарон барои хоҷагиҳои фер¬мерӣ-деҳқонӣ мебошад.

Мирзораҳимов Акобир Каримович – д.и.б., профессор. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ДМТ). Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ, 2 – китоби дарсӣ, 3 – дастури таълимӣ ва 1-монография.

Нарзуллоев Маҳмадтоир Саидович – н.и.б., дотсент. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ДМТ). Муаллифи зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ-методӣ ва 4 – дастури таълимӣ.

Сайфуддинов Аҳлиддин Қиёмович – н.и.б., дотсент. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ДМТ). Муаллифи зиёда аз 45 мақолаҳои илмӣ-методӣ ва 2 – дастури таълимӣ.

Ниматова Норбибӣ – муаллими калон. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ДМТ). Муаллифи 30 мақолаю фишурда, 2 – китоби дарсӣ ва 2 ихтироот.

Қиёмова Зарафо Суфиҷоновна – н.и.б., дотсент. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Муаллифи зиёда аз 40 мақолаю фишурдаҳо, 2 – дастури таълимӣ, 1-монография.

Сайдализода Саидвали Файзалӣ – асиссент. Хатмкардаи Донишгоҳи Милли Тоҷикистон. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаю фишурдаҳо, 1 – дастури таълимӣ.

Усмонова Нигина Солеҳовна – асиссент. Хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Милли Тоҷикистон. Муаллифи зиёда аз 5 мақолаю фишурдаҳо.

Астанақулова Гурдофарид – мудири лабораторияТошева Меҳриниссо – лаборанти калон. Хатмкардаи Донишгоҳи Милли Тоҷикистон.

Саломиён Комрон – лаборант. Хатмкардаи Донишгоҳи Милли Тоҷикистон.

Баромади дотсент Сайфуддинов А.Қ. дар конференсияи апрелии ҳайати устодон ва кормандони кафедра

Лаҳзаҳои гузаронидани дарс аз фанни физиологияи растаниҳо (д.и.б.,профессор М.А. Бобоҷонова)

Ҳангоми хондани лексия аз фанни микробиология (д.и.б., профессор Эргашев А.Э.)

Профессор Г. Раҳмихудоев ҳангоми гузаронидани дарс аз фанни курси тахассусӣ 

Ҳангоми гузаронидани дарс аз фанни курси тахассусӣ н.и.б., дотсент Нарзуллоев М.С.

Ҳайати устодон бо донишҷӯёни хатмкунанда.

Рафти корҳои илмии ассистенти кафедра Сайдализода С.Ф. бо мушовири илмӣ, узви вобастаи АИ ҶТ профессор Алиев К. ва донишҷӯён дар озмоишгоҳи биотехнологии кафедра.

Ҳайати устодону кормандони кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнология