Кафедраи мазкур соли 1948 дар баробари таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии Тољикистон ба фаъолият оѓоз кард. Бо сабаби якбора қабул намудани донишљўёни курсҳои I-ум ва II-юм кафедра фаъолияташро аз соли 1949-ум сар кардааст, ки устоди аввалини кафедра ассистент Тетюев Виталий Никанорович буд. Кафедра фаъолияти пурраи худро аз соли 1950 сар кардааст, барои хондани лексия аз Донишкадаи тиббӣ профессорон Монастирский А.И., Самсонидзе Г.Н. ва дотсент Шаров И.И. даъват шуда буданд. Вақте, ки кафедра фаъолияти пурраи худро сар кард, аз соли 1954 то 1958 роҳбарии онро дотсент Бубнов В.Д. ба ўҳда дошт. Дар ин давра дар кафедра ҳамагӣ 5-ҳиссаи корӣ мављуд буд, ки аз ин 3-ҳиссаашро устодон ва 2-ҳиссаашро кормандон ташкил мекарданд.
Рушду нумўи асосии худро кафедра бо роҳбарии олими намоён дотсент Шукуров А.Ш. сар кардааст. Дар ин давра кафедра ба бисёр мувафаққиятҳои беназир ноил гаштааст. Ин пеш аз ҳама ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, таъмини намудани кафедра бо асбобҳо ва ашёҳои лаборатории муосир буд. Бо роҳбарии дотсент Шукуров А.Ш. алоқаи илмии кафедра бо марказҳои илмии шаҳрҳои Москва ва Ленинград мустаҳкам ва пурзур гардид. Хусусан олимони Донишгоҳи Ленинград мудири кафедраи физиологияи фаъолияти олии асаб профессор Э.Ш. Айрапетянс ва мудири кафедраи эмбриология, профессор Токин Б.П. ва дигарон барои қабул ба аспирантураи Донишгоҳи Ленинград (Ѓафуров Б.Ѓ., Сафаров Ҳ.М., Бурҳонов Љ.Б., Нуритдинов Э. ва диг.) шароит муҳайё намуданд. Ба Шукуров А.Ш. имконият доданд, ки дар шаҳри Душанбе Шўрои саёри дифоъи рисолаи номзадии илмҳои биология таъсис диҳад. Шароит фароҳам овард, ки ассистентон Рузиев Т.Р., (1966),ғафуров Б.Ѓ., (1967), Тетюев В.Н. (1969) рисолаҳои номзадиашонро дифоъ намуданд, ки дар муддати хеле кўтоҳ (иқтидори) илмӣ-педагогии кадрии кафедра хеле боло рафт. Дар ҳамин давра бо саъю кўшишҳои зиёди дотсент Шукуров А.Ш., ассистентон Сафаров Ҳ.М., (1972), Нуритдинов Э.Н. (1974),ғуломова Ш.Х., (1974), Бурҳонов Љ.Б. (1975) рисолаи номзадиашонро дар шаҳрҳои Ленинград, Тошкент, Душанбе дифоъ намуданд.
Алакай дар кафедра 7-нафар устодон дорои унвони илмӣ буданд. Мавзўи илмӣ «Омўзиши таъсири омилҳои экологии иқлими гарм дар кори системаи асаб ва узвҳои ҳозима» фаъолияти кафедраро боз ҳам мустаҳкам ва васеъ намуд. Ин имконият дод, ки аз шаҳрҳои Санкт-Петербург, Москва ва инчунин аз дигар шаҳрҳои љумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба монанди академикҳо Карамян А.И., Наточин Ю.В., Батуев А.С., профессорон Г.А.Куликов, Т.Н.Соллертинская, И.Г.Карманова, М.Г.Белехова, М.Н.Грузова ва дигарон ба донишљўёни бо лексияҳои пурмазмуни худ оиди комёбиҳои нави соҳаи илмҳои биология аз фанҳои умумӣ, фанҳои тахассусӣ, физиология, гистология, эмбриология дарс мегуфтанд.
Роҳбарии кафедраро аз солҳои 1975 то 1985 дотсентғафуров Б.Ѓ. ба ўҳда дошт, дар ин давра корҳои илмии кафедра дар самти «Олами ҳайвонот, коркарди масоил ба таври ратсионалӣ истифода бурдани олами зинда» ва масоили «Мутобиқшавӣ ва номутобиқшавии организми одам ва ҳайвонот ба муҳити гуногуни зист. Хусусиятҳои нигоҳдории гомеостаз» боз ҳам ривољу равнақ дода шуд. Яъне фикру ақидаи собиқ роҳбари кафедра дотсент А.Ш.Шукуровро ба инобат гирифта дар кафедра љо ба љо гузории асбобҳои электронӣ бо мақсади боз ҳам васеътару амиқтар омўхтани ҳолати функсионалии майнаи сари ҳайвонот пурра ба роҳ монда шуд. Дар давраи мудирии дотсентғафуров Б.Ѓ. корҳои илмии худро дар мавзўи «Ба таври муқоисавӣ омўхтани функсияи физиологии фаъолияти олии асаби хазандагон», дотсенти кафедра Сафаров Ҳ.М. љамъбаст намуда дар ш. Ленинград соли 1983 рисолаи докториро дифоъ намуд. Аз соли 1985 то соли 1987 дар муддати на он қадар тўлонӣ кафедраро дотсентон Нуритдинов Э.Н. ва Бурҳонов Љ.Б. роҳбарӣ карданд. Аз соли 1987 то соли 1991 кафедраро дотсент Рузиев Т.Р. (баъдан доктор, профессор) роҳбарӣ кардааст.
Дар давраи роҳбарии Рузиев Т.Р. ду аспиранти кафедра Устоев М.Б. соли 1987 ва Дўстов С.Б. 1988 дар ш. Ленинград ва ш. Москва тадқиқотҳои илмии худро љамъбаст намуда, рисолаҳои номзадии худро дар мавзўъҳои «Нақши маѓзи кўҳан дар фаъолияти маѓзи нави хазандагон ва ширхўрон», «Нақши таламус ва гипоталамус дар фаъолияти рефлектории ҳашаротхўрон» дифоъ намуданд. Дар ин давра алоқаи илмии донишљуён бо роҳбарии доктори илмҳои биология, профессор Сафаров Ҳ.М. бо институтҳои тадқиқотии илмӣ ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград мустаҳкам шуда, 30 донишљўёни кафедра таљрибаомўзии истеҳсолии худро гузаронида, рисолаҳои дипломӣ дифоъ намуданд. Барои боз ҳам ривољу равнақ додани илми физиологияи тољик ба Ҳ.М. Сафаров муяссар гашт, ки дар соҳаи тадқиқи физиологияи экологӣ раванди нави тадқиқотҳо зарурият пайдо кард ва бо кўшиши зиёди ин олими нексиришт дар назди кафедра соли 1989 гурўҳи илмии «Физиологияи экологӣ» таъсис дода шуд, ки то ҳол арзи вуљуд дорад ва таҳқиқотҳои илмиро дар соҳаи физиологияи экологӣ идома медиҳанд. Аз натиљаи корҳои ин гурўҳи илмӣ 3-рисолаи номзадӣ ва 20-рисолаи дипломӣ дифоъ карда шуданд.
Аз соли 1992 то соли 2006-ум кафедраро олими намоёни соҳаи физиология, академики АИКТ, арбоби илм ва техникаи ЉТ, доктори илмҳои биология, профессор, Сафаров Ҳ.М. ба ўҳда дошт. Дар ин давра Нуритдинов Э.Н., (1992), Рузиев Т.Р. (1993), рисолаи доктории худро дар мавзўи «Тадқиқи экологӣ ва физиологии механизми фаъолияти олии асаби мўҳрадорон», «Барқароршавии функсияи гурда дар ҳайвонҳои гуногун» дар ш. Тошканд ва дотсентғафуров Б.Ѓ. (1992) дар шаҳри Санкт-Петербург рисолаи докторӣ дар мавзўи «Системаи гипоталамӣ ва қишрии танзими рафтор ҳангоми ташнагӣ» дифоъ намуданд. Ҳамзамон дар давраи ректории Донишгоҳи давлатӣ, баъдан Донишгоҳи миллӣ (1995-2001) будан академик Ҳ.М. Сафаров роҳбарии кафедраро низ ба ўҳда доштанд. Дар ин давра тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ љумҳурӣ рў ба тараққӣ ниҳод, бо кўшишҳои пай дар пайи Ҳ.М. Сафаров дар назди кафедра Шўрои илмии диссертатсионии оид ба рисолаи номзадӣ аз физиологияи одам ва ҳайвонот таъсис ёфт. Дар Шўрои таъсисёфта бо роҳбарии бевоситаи академик Сафаров Ҳ.М. хатмкардагони кафедра Шамсуддинов Ш.Н., (1997), Ахмедова Л.Г., (1998), Каримова Р.Ш., (1998), Комилзода (1998), Шукурова Д.А., (1999), Собиров А.М.,(2000), Азимова Г., 2004, аз ғаниев Х., 2004-ум ва Левашов Р.А., рисолаҳои худро дифоъ намуданд. Бо ёриву кўшишҳои зиёди ин олими бузург дотсент Устоев М.Б. ҳоло профессори кафедра, соли 2000-ум рисолаи доктории худро дар мавзўи «Ба таври муқоисавӣ омўзиши функсияи гиппокамп дар фаъолияти интегративии мўҳрадорон» дифоъ намуд. Соли 2002-юм бошад докторанти кафедра Ниятбеков А.Н. низ рисолаи докториашро дар мавзўи «Таъсири омилҳоиғизоӣ, ҳормоналӣ ва экологӣ дар барқароркунии функсияи ҳайвоноти калони шохдор» дифоъ намуд. Ҳамин тавр, дар давраи роҳбарии академик Сафаров Ҳ.М. зиёда аз 10 нафар хатмкардагони кафедра рисолаи номзадӣ ва 3-нафар рисолаи докториро дифоъ намуданд. Дар ин давра алоқаи илмии кафедра бо институтҳои илмӣ-тадқиқотии Љумҳурии Тољикистон ва бо Федератсияи Россия, аз нав барқарор карда шуданд, ки ин барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи физиология ва морфология саҳмгузор аст.
Доктори илмҳои биология, профессор Устоев М.Б. солҳои 2006-2016 мудири кафедра аз соли 2016 то 27.02.2020 иљрокунандаи вазифаи мудири кафедраро ба ўҳда дошт. Бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Донишгоҳ ва садорати факултет кафедра ба асбобҳои ҳозиразамон ба монанди электрокардиограф, электроэнсефалограф (ЭКГ) термостат, микроскопҳои рушноигӣ, микротом, дистиллятор, РН –метр, тарозуҳои барқӣ, биохимиявӣ тарсионӣ вағайра таъмин карда шуд. Дар соли 2010 дар назди кафедра Шўрои диссертатсионӣ оиди дифоъи рисолаи номзадӣ ва доктороӣ оид ба физиология ва зоология таъсис дода шуд, ки сарварии онро профессор Устоев М.Б. ба уҳда дошт. Дар давраи фаъолияти ин Шўро 13-нафар рисолаи номзадӣ ва докториро дифоъ намуданд, ки як нафарашон устоди кафедра Холбеков А.Љ. (2012) мебошад. Устоди дигари кафедра Каримов А.И. (2010) дар Шўрои диссертатсионии биохимия рисолаи номзадиашонро бо мувафақият дифоъ карданд.
Баргузории конференсияи илмии сатҳи љумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ, ва байналмилалӣ бахшида ба 50-солагии Донишгоҳи давлатии миллии Тољикистон, 60-70,75,80-солагии физиологи варзидаи љумҳурӣ академики АИКТ, арбоби илм ва техникаи ЉТ, д.и.б., профессор Сафаров Ҳабиб Муродович ва 90-солагии яке аз асосгузорони кафедра профессор Шукуров Адҳам Шукурович нуфузу эътибори онро боз ҳам баланд бардошт.
Хизматҳои академик Ҳ.М. Сафаровро ба назар гирифта ўро аъзои президиуми љамъиятии физиологҳои умумииттифоқии ба номи И.П. Павлов интихоб намуданд.
Ҳамзамон бо пешниҳоди декани факултет, профессори кафедра Каримзода А.И. љиҳати пос доштани хотираи устод, раёсати донишгоҳ тибқи фармоиши № 381-09 аз 09.07.2009 барои донишљуёни факултети биология (стипендия) идрорпулии ба номи академик Сафаров Ҳабиб Муродовичро таъсис дод.
Дар кафедра ду маҳфили илмӣ фаъолият мекунад: Маҳфили «Рефлекс»-ро профессор Устоев М.Б. ва маҳфили «Нерў»-ро профессор Каримзода А.И. роҳбари мекунанд. Љамъияти илмии донишљуён хуб ба роҳ монда шуда, то соли 2015 вазифаи раиси ЉИД-ро собиқ ассистент Саидова С.С., баъдан н.и.б., собиқ муаллими калони кафедра Холбеков А.Љ. ба ўҳда доштанд. Айни замон роҳбарии ЉИД-ро н.и.б., ассистент Алиева М.Т. ба ўҳда дорад. Дар маҳфилҳои илмӣ ва ЉИД-и кафедра мавзуъҳои муосир баррасӣ карда мешаванд.
Мусозода Парвина Љурахон хатмкардаи кафедраи мазкур, н.и.б., дотсент аз 28.02.2020 то 05.03.2021 вазифаи мудири кафедраро ба ўҳда дошт. Аз моҳи марти 2021 бо фармони президенти љумҳурии Тољикистон, ба вазифаи муовини раиси шаҳри Роѓун таъин гардид. Фаъолияти илмиашро низ дар кафедра давом дода истодааст.
Аз моҳи марти соли 2021 то ҳол, инчунин дастпарвари кафедра, н.и.б., дотсент Ахмедов Д.М. вазифаи мудири кафедраро ба ўҳда дорад.
Бо иқдоми навбатӣ роҳбарияти Донишгоҳ, фаъолияти хуби илмию таълимии физиологи варзидаи љумҳурӣ академики АИКТ, арбоби илм ва техникаи ЉТ, д.и.б., профессор Ҳабиб Муродович Сафаровро ба инобат гирифта, бо пешниҳоди Шўрои олимони факултет ва иншироки беҳамтои мудири кафедра Ахмедов Д.М., инчунин бо дастгирии Шўрои олимони Донишгоҳ аз 29-уми апрели соли 2022 таҳти рақами 10, кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳабиб Муродович номгузорӣ карда шуд.
Айни замон дар кафедра 2 профессор, 3 дотсент, 2 н.и.б., муаллими калон, 1 н.и.б., ассистент, 1 ассистенти беунвон, 3 коргарманди техникӣ, 1 доктор PhD, 3 магистр фаъолият мекунанд.
Фаъолияти илмӣ
Самт. Омўзиши олами ҳайвонот. Коркарди методҳо ва роҳҳои ба таври сарфакорона истифода бурдани олами ҳайвонот.
Масоил. мутобиқшавӣ ва номутобиқшавии организми одам ва ҳайвонот ба муҳити гуногуни зист. Хусусиятҳои нигоҳдории гомеостаз.
Мавзўъ. Ба таври қиёси омўзиши таъсири омилҳои гуногуни экологӣ ба тағйирёбии ҳолати функсионалии оранизми одам ва ҳайвонот.
Роҳбари илмӣ: д.и.б., профессор Устоев М.Б., н.и.б., дотсент Ахмедов Д.М.

E-mail: shahzod2009@inbox.ru
Телефон: (+992) 93-140-66-99
ш. донишљўён, кўчаи Буни ҳисорак бинои №16, утоқи 312
Ахмедов Даврон Мирзоевич 29-уми марти соли 1981 дар ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1998-2003 донишҷўи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тољикистон ва якљоя бо таҳсилот инчунин солҳои 2000-2002 препаратори кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти ДМТ. Солҳои 2002-2003 лаборанти калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот. Аз соли 2003 ассистенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти ДМТ фаъолият мекард. Соли 2019 рисолаи номзадиро дифоъ намуда аз 2021 и.в. мудир ва аз феврали соли 2022 то ҳол тибқи фармон мудири кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М.

E-mail: ustoev 1954@mail.ru
Телефон: 981-01-31-71.
ш. донишљўён, кўчаи Буни ҳисорак бинои №16, утоқи 313
Устоев Мирзо 1-уми июли соли 1954 дар деҳаи Махшевади ноҳияи Айнии вилояти Суѓд Љумҳурии Тољикистон таваллуд шудааст. Соли 1961 ба мактаби рафта соли 1969 хатм кардааст. Соли 1969-1973 дар омўзишгоҳи тиббии шаҳри Хуљанд таҳсил карда, онро хатм намудааст. Соли 1973 – 1975 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Артиши Иттиҳоди Шуравӣ хизмат кардааст. Ва дар давоми хизмат мактаби миёнаи № 105-уми ш. Москваро хатм кардааст. Соли 1975 ба факултети биологияи ДДТ (ДМТ) дохил шуда, онро соли 1980 бомуваффақият хатм кардааст. Аз соли 1980 – 1982 ба ҳайси коромўзи кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот фаъолият намудааст. Аз соли 1983 ба аспирантураи мақсадноки назди институти физиология ва биохимияи эволютсионии ба номи И.М.Сеченови АИ СССР, дар шаҳри Санкт–Петербург дохил шуд. Соли 1986 онро хатм кардааст. Соли 1987 рисолаи номзадиро дар мавзўи: «Омўзиши нақши майнаи куҳан дар фаъолиятӣ майнаи нави хазандагон ва ширхўрон» дифо намуд. Соли 1988 ба ҳайси муаллими калон, аз соли 1990 дотсенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот кору фаъолият мекард. Дар соли 2000 рисолаи докториро дар мавзўи: «Ба таври қиёси омўзиши нақши гиппокамп дар фаъолияти интегративи майнаи муҳрадорон» дифо кард.
Аз соли 2001 профессор ва аз соли 2006-2020 мудири кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти ДМТ иљро кардааст. Аз феврали 2020 то ҳол профессори кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М. ДМТ фаъолият мекунад.

E-mail: karimov.akobir@inbox.ru
Телефон: (+992) 919-41-64-72
ш. донишљўён, кўчаи Буни ҳисорак бинои №16
Каримзода Акобир Изатулло 18-уми феврали соли 1967 дар ноҳияи Муъминободи Љумҳурии Тољикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1974-1984 оѓоз ва хатми мактаби миёна. Соли 1992 ба факултети биологияи ДМТ дохил шуда, онро соли 1997 бомуваффақият хатм намудааст. Солҳои 1984-1992 коргари совхози «Бустон»-и ноҳияи Муъминобод. Солҳои 1985-1987 хизмат дар сафи артиши Шуравӣ. Солҳои 1992-2002 перепаратор, лаборант, мудири озмоишгоҳ, асиссенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот, мудири анбор, сардори шўъбаи таъминоти донишгоҳ. Солҳои 2002 – 2008 сармутахассис, муовини сардори раёсати маорифи ш. Душанбе. Солҳои 2008-2009 мутахассиси пешбари шўъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи ВМЉТ. Солҳои 2009-2010 мутахассиси пешбар, сармутахассиси раёсати таҳсилоти то мактабӣ ва миёнаи умумии ВМЉТ. Солҳои 2010-2015 муовини декани факултети биология, дотсенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот.
Аз соли 2015 то ҳол вазифаи декани факултети биологияро ба ўҳда дорад.

E-mail: Sobirov 1947@mail.ru
Телефон: 935-68-77-75.
ш. донишљўён, кўчаи Буни ҳисорак бинои №16, утоқи 313
Собиров Абдуҷалил Маҷидович 15-уми майи соли 1947 дар деҳаи Гумбулоқи ноҳияи Файзобод Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1954 ба мактаби рафта соли 1964 хатм кардааст. Соли 1970 ба факултети биологияи ДДТ (ДМТ) дохил шуда, онро соли 1976 хатм кардааст. Аз соли 1970 – 1978 директори матбааи байни Донишгоҳои олӣ. Аз соли 1996 – 2000 Директории нашриёти Сино, ҳам замон директори боѓи ботаникии Донишгоҳ ва мудири озмоишгоҳи илмӣ тадқиқотиро ба уҳда дошт. Соли 2000 рисолаи номзадиро дар мавзўъи «Омўзиши рафтори хазандагон дар ҳолатҳои гуногуни физиологӣ» дифо намудааст. Соли 2011 мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳи.
Аз соли 2011 то ҳол дотсенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М. ДМТ фаъолият мекунад.

E-mail: gayubov82@ mail.ru
Телефон: (+992) 93-588-49-48
ш. донишҷўён, кўчаи Буни ҳисорак бинои №16, утоқи 313
Ғаюбов Раҷжабали Бобишоевич 23-юми апрели 1982 дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1999-2005 донишҷўи факултети биологияи донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва баъд аз хатм соли 2005 лаборанти калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот фаъолит мекард. Аз соли 2007 то 2019 ассистенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот. Соли 2019 рисолаи номзадиро дифоъ намуда, то ҳол н.и.б., муаллими калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ. М. фаъолият мекунад.

E-mail: ustoev2016 @mail.ru
Телефон: (+992) 000-66-23-23
ш. донишҷўён, кўчаи Буни ҳисорак бинои №16, утоқи 313
Устоев Беҳзод Раҳимҷонович 20-уми декабри соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1998 ба мактаби №28-и ба номи М. Норов рафта соли 2009 хатм кардааст. Соли 2009 ба ДМТ факултети биология дохил шуда, онро соли 2014 бомуваффақият хатм кардааст. Соли 2014 ба аспирантураи шўъбаиғоибонаи ДМТ дохил шуда соли 2019 бо муваффақият хатм намауда, худи ҳамон сол яъне соли 2019 рисолаи номзадиашро дифо намудааст. Аз соли 2014 то 2020 ба ҳайси ассисенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот фаъолият намудааст. Аз соли 2020 то ҳол муаллими калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Ҳ.М. Сафарови ДМТ фаъолият мекунад.

E-mail: musoeva_p @mail.ru
Телефон: (+992) 938.79.79.60
ш. донишҷўён, кўчаи Буни ҳисорак бинои №16
Мусозода Парвина Ҷурахон 25-уми декабри соли 1979 дар ш. Роѓуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 2005-2010 донишҷўи факултети биологияи донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 2010-2013 аспирант ва солҳои 2013-2020 ассистенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот. Солҳои 2020-2021 вазифаи мудири кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонотро ба ўҳда дошт. Аз соли 2021 дар ҳайси дотсенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот бо номи академик Сафаров Ҳ.М. фаъолият мекунад.

E-mail: mairam. al @mail.ru
Телефон: (+992) 918-87-77-96.
ш. донишҷўён, кўчаи Буни ҳисорак бинои №16, утоқи 313
Алиева Майрам Тохировна 17-уми августи соли 1983 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1990 ба мактаби миёнаи №82 дохил шуд. Соли 2000 мактаби миёнаи-экстернати №35-ро хатм намуда ба донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо номи Абуали ибни Сино факултети умумитиббӣ дохил шуд. Баъд аз хатми ДДТТ соли 2006 ба ҳайси ассистенти кафедраи физиологияи патологии ДДТТ қабул карда шуд. Соли 2014 ҳамчун ассистент ба кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биологияи ДМТ гузашт. Соли 2021 рисолаи номзадиро дар мавзўи: «Омўзиши стресси эмотсионалӣ ва мутобиқшавии системаи марказӣ, фаъолияти олии асаб дар донишҷён вобаста аз шакли таҳсил» дифоъ намуд. Дар айни замон ҳамчун н.и.б., ассистенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот бо номи академик Сафаров Ҳ.М. фаъолият мекунад.

Телефон: (+992) 935-68-77-75.
ш. донишҷўён кўчаи Буни ҳисорак бинои №16, утоқи 313
Ғозиева Пахтамо Ҷалиловна 1-уми июни соли 1975 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1982 ба мактаби рафта соли 1992 хатм кардааст. Соли 1994 дар ДДТ (ДМТ) дохил шуда, онро соли 2000 бомуваффақият хатм кардааст. Аз соли 1994 ба ҳайси лаборанти калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот фаъолият намудааст. Аз соли 2014 то ҳол ассистенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М. ДМТ фаъолият мекунад.