Таваҷҷуҳ! Таваҷҷуҳ! Таваҷҷуҳ!

214

ОЗМУН

Маркази илмӣ ва маърифати экологӣ дар якҷоягӣ бо Шӯрои олимон ва муҳақиқони ҷавонони факултети биология бахшида ба 75-солагии ДМТ ва 75 солагии факултети биология бо мақсади ҷалб намудани ҷомеаи васеи шаҳрвандӣ, олимону мутахасисон ва унвонҷёну донишҷуён ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, тарғибу ҳифзи муҳити зист, ташаккули ақидаи мусбӣ нисбат ба мавқеъ ва сиёсати давлат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳаи табиӣ, инчунин нишон додани саҳми Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳод ва ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ озмуни зерин эълон мекунад.Вазифаҳои озмун аз инҳо иборат мебошанд:

Интихоб ва тарғиби мақолаҳои беҳтарин дар мавзўи “Пешвои миллат ва экология”.

Ба таври оммавӣ ба иштироккунандагон ва ғолибони озмун изҳор намудани миннатдорӣ ва қадрдони кардани муаллифони мақолаҳои беҳтарин дар мавзўи “Пешвои миллат ва экология”.

Мавзўи мақолаҳо

Мақолаҳо бояд паҳлўҳои гуногуни масъалаҳои экологӣ, ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табии, аз ҷумла захираҳои обию энергетикиро инъикос намоянд.

Намунаи мавзўъҳои дар мақола инъикосшаванда:Саҳм ва нақши Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон дар пешниҳод ва ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ;

Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба табиат;

Мушкилот, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табии мамлакат, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ;

Истифодаи самараноки захираҳои алтернативӣ (нури офтоб, ҳаракати шамол, гази биологӣ ва ғайра);

Муаммоҳои экологии захираҳои рекреатсионӣ (мавзеъҳои хушманзара, таърихӣ, ёдгориҳои табиӣ);

Ташаккули маърифати экологии аҳолӣ – асоси беҳдошти муҳити зист;

Ҳифзи гуногунии биологӣ ва бехатарии экологӣ;

Хусусиятҳои экологию биологии намудҳои нодири набототу ҳайвонот ва ҳолати кунунии мавзеъҳои ҳифзшаванда;

Дар озмун шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ, унвонҷўёну донишҷўёне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, новобаста аз синну сол иштирок карда метавонанд;

Дар доираи озмун иштироккунандагон оид ба паҳлўҳои мухталифи масъалаҳои экологӣ, ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои об, замин, энергетикӣ, маъданӣ, ғайримаъланӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар масъалаҳои экологӣ аз мавқеъи ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти экологии мамлакат мақолаҳо омода намуда, дар Воситаҳои ахбори омма ҷой медиҳанд;

Маълумот дар бораи озмун, аз ҷумла дар сомонаи фейсбуки факултети Биологияи ДМТ ҷой дода мешавад;

Ба озмун мақолаҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешавад. Шумораи мақолаҳои ба озмун пешниҳодшаванда маҳдуд карда намешавад. Ҳаҷми мақола маҳдуд намешавад, вале он набояд аз се саҳифа кам бошад.

Мақолаҳои ба озмун пешниҳодшуда аз ҷониби муаллифон бо ишора ба мақолаи беҳтарини экологӣ дар мавзўи “Пешвои миллат ва экология”,бо нишони ш. Душанбе, шаҳраки Донишҷўён бинои № 16 факултети биология утоқи 313 ustoev 2016@mail.ru тел: 927476970 фиристонида шаванд.

Мўҳлати гузаронидани озмун

Озмун аз 5- октиябр соли 2023 то 5 – июни соли 2024 гузаронида мешавад.

Мукофотҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибони озмун рўзи 5 – уми июни соли аз тарафи садорати факултет супорида мешаванд.

Барои ғолибон чунин мукофотҳои пулӣ пешбинӣ карда шудааст

Ҷои якўм 1000 сомонӣ;

Ҷои дуюм 500 сомонӣ;

Ҷои сеюм 300 сомонӣ;

Шахсони масъул:

Саидов М. Маркази илмӣ ва маърифати экологии факултети биология

Устоев Б.Р. Шӯрои олимон ва муҳақиқони ҷавонони факултети биология

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.