• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой ЭЪЛОН

ЭЪЛОН

Бахшида ба рӯзи байналмиллалии парандагон рӯзи 01.04.23 соати 13:00 маҷлиси навбатии ҶИД-и кафедраи зоология баргузор мегардад.
Дар маҷлиси ҶИД мутахассисони соҳа аз дигар ташкилоту муассисаҳо иштирок менамоянд.
Рӯзномаи маҷлис:
1) Маърӯзаи Сарвари иҷроияи Иттиҳодияи ҷамъиятии “Алифбои табиати Тоҷикистон” Мирзоев Мирзо дар мавзӯи “Бёрдвочинг ва сайёҳӣ”.
2) Маърӯзаи директори Иттиҳоди муҳофизати табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон Раҳимов Нуралӣ дар мавзӯи “ Озмуни Парандаи сол ва нақши он дар ҳифзи гуногунии биологӣ”
3) Тамошои филм оид ба лаклаки сафед.
4) Масъалаҳои ҷорӣ.
Баъди ҷаласа хоҳишмандон метавонанд дар мушоҳидаи парандагони “Шаҳраки донишҷуён” и ДМТ ва атрофи он иштирок намоянд.

Эълонҳо