ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ ХАЛҚИ ШАРАФМАНДИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲАМЗАМОН РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР МАМЛАКАТИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

77

Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард. Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарзамине, ки дар тӯли таърих номаш вирди забони ҳар як қавму миллатҳои гуногун буд… Ҳамеша халқҳои ҷаҳон аз фарзонафарзандони ӯ сухан мегуфтанду офарин бар эшон мехонданд… Дар баробари ҳамаи дастовардҳои беҳтарини илмиву фарҳангиву моддии халқи ин кишвар, таваҷҷӯҳи мардуми соҳибандешаи ҷаҳонро одаму одамгарӣ ва хоксориву заминӣ будани эшон дар ҳайрат мегузошт. Ҳамзамон тазаккур бояд дод, ки халқи ин кишвар чунон азиятдида ва дар зери зулму фишори золимони гуногун қарор дошт… Шояд сабаби бузургияш дар ҳамин бошад?!?! Ба қадри бузургӣ нафароне мерасанд, ки сахт азоби рӯҳӣ ва ҷисмонӣ кашидаанд. Ҳамаи ин сифатҳову мадҳу ситоиши болоӣ, ки ҳарчанд як фисади хулқу атвору тамаддуни баланди он мардумро дар бар намегирад фарогири халқи бузургу шарафманду дурандеши тоҷик аст! Калимаи “тоҷик”! Чӣ вожаи зебое… Решаи асосӣ тоҷ… Агар ба маънои луғавии вожаи мазкур назар афканем, ҳолатеро, ки шоҳону амирону хонҳову пешвоёни халқи тоҷик дар сар кӯлоҳи бо ҷавоҳирот зинатдодашудаеро, ки дар маросимҳои расмӣ мегузоранд, дар пеши мардум дармеёбем.

Аз номаш маълум аст, ки соҳиби тахту тоҷ ва унвони баланд буд, ҳаст ва хоҳад монд. Дар баробари ҳамаи шуҳрату овозаи доштаи хеш, боз ҳам аз рӯи адолат, сабру таҳаммул зиндагӣ кардаанд ва мекунанд. Яке аз асолатҳои беҳтарине, ки дорои ҳар як фарди тоҷик ва Тоҷикистонӣ аст, ин эҳсоси зиндагонии гузаштагон аст.

Яъне, ҳамеша анъанаҳои инсондӯстонаи пешиниёни худро риоя ва қадру эҳтиром менамоянд. Инсон дар куҷое, ки кор ва фаъолият менамояд, бояд дар мадди аввал Одам ва одамгарриро монад! Дар ҳамон ҷое, ки инсон қадр ва мақом надорад, оқибати хуб низ онро мунтазир нест, албатта!

Тоҷикистони соҳибистиқлоли имрӯза, ки дар гузашта бо номҳои овозадори Мовароуннаҳр, Хуросон, Сомониён, Саффориён, Тоҳириён, Сосониён, Кушониёну Ҳахоманишиён ва ғ. номгузорӣ шуда, дар ҳар давраи таърихӣ ба худ хос усулҳои давлатдорӣ ва анъанаҳои милливу мардумӣ дошт. Ин нишонаи мустақилият ва сарҷамии халқи шарафманди онро таҷассум менамояд. Барои дарки дурусти мафҳуми истиқлолият месазад, ки сабабҳои ба вуҷуд омадан ва омилҳои таъсиргузори онро қайд намоем. Барои ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон маҳз Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб гардид. Вазъияти он замон барои ҳар як фарди тоҷик ва Тоҷикистонӣ маълум!

Ҷаласаи даъватгардида дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ки дар Қасри Арбоби ба номи С. Уронхоҷаев баргузор гардид сабабгузор аст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи суханронии хеш ибрози андеша намуда, ёдовар мешаванд: ” Агар Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олӣ намебуд, шояд мо чуноне, ки имрӯз ҳастем, аз ҳеҷ чиз танқисӣ надорем, дар фазои озоду обод рӯз ба сар мебарем моро насиб намегардид”… Барои чӣ ин ҷаласаро дар таърихи тоҷикон тақдирсоз ном мебаранд? Маҳз дар ҳамин Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қокимият омаданд, ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъд аз он аз 6 -уми ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Атрофи иҷлосияи мазкур чанде ибрози андеша менамоем.

Бинобар сабаби дар марказ – шаҳри Душанбе ноором будани вазъи мамлакат, ҷаласа дар шаҳри Хуҷанд, ки нисбатан ором буд доир гардид. Рақами шонздаҳ барои Тоҷикистон муқаддас аст… Он (Иҷлосияи сарнавиштсоз) 16 (шонздаҳ) рӯз давом намуд, яъне аз 16.11.1992 то 02.12.1992. Қасри Арбоб низ дорои 16 сутун аст. Бояд 123 масъала ҳалли худро меёфт. 16 -умин масъала ин таъин намудани роҳбар, ки дар он замон раиси Шӯрои Олӣ мегуфтанд буд! Пешвои миллат низ дар қатори 16 менишастанд… Дар рӯзи сеюми баргузории ҷаласа, яъне 19.11.1992 – Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд ва ба халқи боваригумкардаву раҳгумзадаи Тоҷикистон бовариву ирода бахшиданд. Боварии Рустамона, иродаи Курушу Исмоили Сомониву дигар бузургони гузаштаи мо… Сухан, ки аз сулҳ ва офияту манфиати халқ садо диҳад ҳатман оқибати нек онро дар пеш аст. Ҳамин буд, ки бахти мардуми тоҷик хандид. Вазъияти мардум ором гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарафманди Тоҷикистон пайваста мегӯянд, ки агар мардуми тоҷик моро дастгирӣ намекард, бо хирадмандиву заковатмандие, ки дошт ба мо чунин рӯзҳои тинҷиву оромиро соҳиб намегаштем…

Пас месазад, ки ин санаи муборакро, ки дар таърихи тоҷикон саҳмгузор аст таҷлил намоем ва ифтихор намоем, ки чунин фарзонафарзандон – мисли Эмомалӣ Раҳмон дар чунин рӯз ба сари қудрат омадаанду ба давлатдории баъд аз ҳазорсолаи мо ҳусни оғоз бахшиданд. Ёдовар мешавем, ки баъд аз Сулолаи Сомониён (819 – 23.10.999) халқи тоҷик танҳо баъди пошхӯри ИҶШС соҳиби давлати мустақил гардид.

Ҳамасола, дар ин рӯзи муборак ва таърихӣ, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷику Тоҷикистонӣ аст ду ҷашни бисёр ҳам муҳим таҷлил карда мешавад:

1. Рӯзи Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олӣ

2. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобои чоруми қонуни асоси кишвар, яке аз муқаддасоти мамлакат – Конститутсия бахшида шудааст ба Президент! Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Банди 1. Моддаи 64. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми халқи шарафманди Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзиро ба рӯзи ин ду ҷашни бузург табрику таҳният гуфта, барои эшон ободиву осудагӣ ва зиндагонии арзандаро таманно менамоям. Бигзор осмони сари халқи азизамон ба монанди фазои кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистон зебову ободу озод бошад!

Рӯзи Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олӣ ва ҳамзамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони гиромӣ!

Нуров Нақибхон Мирҷумъаевич донишҷӯи соли 4 -уми факултети биологияи ДМТ