РӮЗИ НАҶОТИ МИЛЛАТ

140

Иҷлосияи таърихию тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 – ноябр то 2 – декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши беандоза дорад.

Маҳз, ҳамин Иҷлосия ба миллати тоҷик, ки бо хиради азалияш тақдири ҷанги шаҳрвандиро, ки аслан ҷанги таҳмилӣ буд, дар кӯраи андешаи сабру таҳаммул гирифт, гудохт ва силоҳи ҷангро силоҳи сулҳ кард, ки мо ҳамагон аз он ифтихор дорем.

Дар ҳамин Иҷлосия роҳбарияти нави мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавонтарин вакили он буд, интихоб гардид ва суханони аввалинаш аз барқарории сулҳ дар мамлакат ва ба Ватан бозгардонидани муҳоҷирони иҷборӣ буданд.

Иҷлосия оғози барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон гардида, рамзҳои давлатии он Парчам ва Нишонро тасдиқ кард. Барномаи наҷоти миллат ва давлати навбунёдро қабул намуд, ки ғояи бунёдии он мусолиҳаи миллӣ, барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бо роҳи рушди муътадил роҳнамун сохтани Тоҷикистони тозаистиқлол буд.

Ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани ҷавонтарин вакил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бар души худ гирифтани зимоми давалатдорию давлатсозӣ, тақдири ояндаи миллат, раҳонидани мамлакат аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ яке аз паҳлӯҳои дорои аҳамияти бузурги таърихӣ доштани ин Иҷлосия гардид.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати на чандон дароз ҳамчун меъмори кохи бузурги сулҳ, ки асоси он дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ гузошта шуд, миёни сиёсатмадорони бузурги сатҳи ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо кард.

Ғояи сулҳу субот ва ваҳдату якдигарфаҳмие, ки сароғози он аз ин Иҷлосия буд, ғояи сарнавиштсоз табдил ёфта, амалӣ гардид. Иқтисоди кишвар рӯз то рӯз рушд карда, дар заминаи он сатҳи зиндагии мардум хеле беҳтар шуд.

Ҳар қадар, ки солҳо мегузаранд, аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ, сулҳу ваҳдат, бақои давлату давлатдорӣ ва якпорагии Тоҷикистон ҳамон қадар меафзояд.

Бо азму иродаи қавӣ ва кӯшишу талош ва ҷонбозиҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар мамлакат раванди бебозгашти корҳои ободониву созандагӣ торафт вусъат гирифта, роҳ ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешрафти рӯзафзуни илму маориф ва фарҳангу маънавиёт тай мешаванд, ки ин ҳама аз баракати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ мебошад.

Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар мавриди аҳамияти бузургу таърихии ин Иҷлосия фармудааст: “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳворабудаи Истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд”.

Сайёра АЛИЕВА, ассистенти кафедраи микробиология