КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ДАР ДАВЛАТИ МУОСИРИ ТОҶИКОН

88

Санаи 6 ноябр ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, ки соли равон бистунуҳумин солгарди он мебошад. Шояд саволе пайдо гардад, ки Конститутсия чӣ санад ҳаст ва дар кори давлатдорӣ чӣ мақом дошта бошад? Истилоҳи Конститутсия аслан лотинӣ буда, дар луғати забони тоҷикӣ ба маънои «сохтор ё банду баст» маънидод гардидааст. Бо шарофати заҳмату талошҳо ва сиёсати созандаю хирадмандонаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар сулҳу суботи комил ва фазои орому беғубор дар Тоҷикистон ҳукмфармо гардида, аз файзу баракати он сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худогоҳиву ифтихори миллии мардуми меҳандӯсту шарафманди кишвар боло гардид.

Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Баъди нооромиҳои солҳои навадум бо шарофати сиёсати Пешвои миллат дар доираи меъёрҳои инсонпарвароёна Конститутсия қабул шуд ва дар фазои орому осоишта, ваҳдату якдилӣ, барқарории муносибатҳои байналмилалӣ дар кишвар ҳамовозӣ пайдо кард.

Конститутсия имрӯз чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 29 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад.

Буриев Фурқат,докторант Ph.D -и, факултети биологияи ДМТ