ИФРОТГАРОИИ ЭКОЛОГӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

200

Вазъияти муосири рушди ҷомеаи инсонӣ, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо, ки инкишофи њаётро дар оянда мураккаб ва номуташаккил мегардонад, зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

Хатару тањдидњо ба ҳаёти инсон ва ҷомеаи башарӣ ҳолати воқеии замони муосирро ташкил медиҳад. Ба вуҷуд омадани хатарҳои ва хосияти глобалӣ пайдо кардани онњо фазои њаётии инсонро зери тањдид ќарор додааст. Яке аз ин навъ мушкилоти глобалї экстремизм ва дар навъу шаклњои гуногун зоњир шудани он мебошад.

Экстремизм аз решаи калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои аз меъёр ва андоза зиёдро, ки метавонад хатар ва зарарро ба вуљуд оварад, мебошад. Мафҳуми экстремизм асосан заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсиро инъикос менамояд, моҳияту мазмуни ифротгароӣ ва намудҳои он сарфи назар аз нашрияҳои сершумори илмии муосири байналмилалӣ то ҳол фаҳмиши равшану аниқ онро ифода намекунад, зеро асосан ба фаъолияти экстремистӣ такя менамояду мазмуни мафҳуми экстремистӣ номуайян боқӣ мемонад. Ҳол он, ки дар адабиёти илмӣ мафҳуми «ифротгароӣ» аз рӯи чандин асосҳои назариявӣ (шакли зуҳурот, соҳаи фаъолияти ҳаётӣ, объекти таъсиррасон, субъектҳо ва ғайра) мавриди таснифот қарор гирифтааст.

Аз миёнаи асри XX-ум сар карда як падидаи нав дар ҷомеа бо номи “ифродгароии экологӣ” ба вуҷуд омад, ки ҳадафи он содир намудани амалҳои ношоистаи глобалӣ бар зидди башарият ва муҳити зист мебошад. Мафҳуми «экстремизми экологӣ» дар адабиёти илмии муосир мафҳуми нав буда, танҳо дар ҳолатҳои маҳдуди касбӣ истифода мегардад ва ҳатто дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии давлатӣ ва дигари танзимкунандаи фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва муносибатҳои дохилиҷомеа инъикос нагардидааст ё худ шарҳи мушаххас пайдо накардааст. Ҳол он ки ифротгарони экологӣ ба мисли ифротгарони динӣ метавонад манбаи таҳдиди нави глобалӣ бошад, зеро доираи фаъолияти он бо сарҳади давлати алоҳида маҳдуд буда наметавонад.

Шароити муосири инкишофи илм ва соњањои фаъолияти башар ба пайдоиши экстремизми экологї сабаб гардидааст. Ѓайр аз ин, пайдо шудани чунин шакли эҳтимолии фаъолияти ҷиноятӣ, ба монанди ифродгароии экологӣ бо як қатор сабабҳо вобаста аст.

Вазъияти имрӯзаи ҷамъиятию сиёсии сайёра бо афзоиши зиддиятҳои байни тамаддун, конфронтатсияи байни шимол ва ҷануб, ки дар тараққиёт ақиб мондааст, тезу тунд мегардад. Вобастагии озуқаворӣ, ҷараёнҳои азими муҳоҷират, ифлосшавӣ, камшавии захираҳои об ва таъминоти ноамнӣ дар аксари кишварҳои рӯ ба тараққӣ мегардад. Ин омилҳо ба шуури ҷамъиятӣ ва психологияи одамон таъсир мерасонанд. Ҳеҷ кас наметавонад худро бехатар ҳис кунад, дар ҳар лаҳза метавонад ба ягон таҳдиди минтақавӣ, фаромиллӣ ва глобалӣ дучор шавад.

Хавфи ифродгароии экологӣ аз инҳо иборат аст: таҳдиди ҷиддии ҷиноятӣ; мавҷудияти объектҳои антропогении аз ҷиҳати экологӣ хатарнок (моддаҳо, маводҳо ва ғ.); низоъҳои ҳарбӣ, имконияти истифода бурдани яроқи аз ҷиҳати экологӣ хавфнок (ядроӣ, химиявӣ, бактериологӣ).

Экстремизми экологӣ намуди нисбатан нави фаъолияти экстремистї буда, бо сабаби тезутундшавии мушкилотҳои экологӣ, бадшавии сифати муҳити зист дар минтақаҳои алоҳида ва ҳам дар миқёси глобалӣ зоҳир гардидааст. Дар қатори ҳаракатҳое, ки барои сиёсати самараноки ҳифзи табиат ҷидду ҷаҳд менамоянд гурӯҳҳо ва ташкилотҳое пайдо шудаву фаъолона амал менамоянд, ки ба бастану нобудсозии истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ хавфнок зидди инқилоби илмӣ-техникӣ мебошанд ва ин амалҳои худро роҳи ягонаи беҳтарсозии сиҳати муҳити зист мешуморанд. Дар аксарияти ҳолатҳо амалҳои ин гуруҳҳову ҳаракатҳо меъёрҳои қонунгузории ҷории давлатҳоро вайрон намуда, боиси хатари бевосита ба тартибу осудагии ҷомеа мешаванд. Натиҷаи чунин тундравии ифротгароиҳои ҳаракатҳои зиддиҷаҳонишавиро дар мисоли баромади духтари шведӣ – Гретта Тутберг аз минбари воломақоми СММ дидан мумкин аст, ки дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҳатто олимону мутахассисони соҳаи табиатшиносӣ ҳамраъйиву ҳамовозӣ пайдо кардааст. Гарчанде, ки гуфтаҳои ин ҷавони таҷрибаи ҳаётӣ надошта шабеҳи он буд, ки ӯ суханони нафарони ифротгароро тӯтивор такрор намуда бошад ҳам, қисми муайяни ҷомеа фирефтаи он гардид, ки аз дараҷаи таъсироти ақидаҳои ифротӣ ба тафаккури ҷомеа дарак медиҳад.

Баева Л.В. (2008) андеша менамояд, ки экстремизми экологӣ ин идеологияи радикалие мебошад, ки истифодаи тадбирҳои зӯровариро нисбат ба объектҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳое тарғибу ташвиқ менамояд, ки барои бадшавии вазъи экологии муҳити зист мусоидат намуда истодаанд.

Аз нуқтаи назари коршиносон хатари “экстремизми экологӣ” эҳтимолӣ барои одамон нисбат ба дигар навъҳои он хатарноктар аст, зеро амалҳои зӯроварӣ ба шаҳрвандон ё моликияти онҳо тавассути муҳити зист ва биосфера татбиқ карда мешаванд, ки дар оянда мавҷудияти инсон мушкил ва ё умуман ғайриимкон хоҳад буд, сурат мегирад. Баъзе зуҳуроти ифротгароӣ барои инсоният оқибатҳои хеле душвори бебозгашт мерасонанд, ки ба мавҷудияти ҳаёт дар сайёра ва ҷомеаи башарӣ таҳдид менамояд. Экстремизми экологӣ ҳамчун далелҳои таъсири зӯроварӣ ба муҳити табиӣ фаҳмида мешавад ва аз ҷиҳати мазмун ва зуҳури худ гуногун аст, ки дар он қасд ҳамчун ҳадафи махсус – тарсондан барои ноил шудан ба натиҷаи ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад.

Амалҳои экстремизми экологӣ метавонад боиси оқибатҳои зерини ногувор бошад, ки онҳоро ба гурӯҳҳои муайян аз лиҳози манбаи пайдоиш ва объекти таъсир ҷудо метавонем кунем:тиббӣ – беморшавии одамон, ҳайвонот ва ҳалокати онҳо, тағйирёбии асабонӣ – рӯҳонӣ, халалдоршавии фаъолияти системаи ҳифзи саломатии давлатӣ;

сиёсӣ – вайрон кардани салоҳиятнокии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ғайримуташаккилсозии фаъолияти механизми давлатдорӣ, фаъолгардии намоишҳои тазоҳуротӣ;

иҷтимоӣ – паҳншавии воҳима ва тарси оммавӣ, вайроншавии тарзи анъанавии ҳаёти аҳолӣ ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ, болоравии шумораи зиддиятҳои иҷтимоӣ ва ошӯбҳои оммавӣ дар ҷомеа, зиёдшавии зуҳуроти ифротгароӣ, пӯрзӯршавии кӯчиши аҳолӣ ба маҳаллҳои дигар;

иқтисодӣ – камшавии шумораи аҳолии қобили меҳнат, зараррасонӣ ба комплекси агросаноатии давлатҳо, деградатсияи баъзе соҳаҳои иқтисодиёт, кандашавии баъзе халқаҳои таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, пастравии умумии потенсиали иқтисодӣ ва тавоноии давлат ва ғайра.

Дар заминаи тафсири оқибатҳои ногувори ифротгароии экологӣ бояд қайд кард, ки ҳамаи онҳо баробарвазн буда, онҳоро аз якдигар наметавон ҷудогона баҳодиҳӣ намуд, зеро онҳо дар маҷмӯъ метавонанд зуҳур ёбанд ва аз ин лиҳоз муқовимат ба онҳо низ мебояд маҷмӯавӣ суръат гирад. Яъне, чун пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти намудҳои дигари экстремизм ифротгароии экологӣ мебояд дар сатҳи баланди давлатӣ мавриди ҳаллу фасли пайвастаи сарҷамона қарор ёбад ва қисми муҳими стратегияи давлатӣ бошад.

Метавон қайд намуд, ки гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба фаъолияти экстремистӣ дар қатори давлатҳои муваффақ қарор дошта бошад ҳам, маҳз таҳқиқоти масъала ва мафҳуми ифротгароии экологӣ аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ва муҳақиқони соҳаи табиатшиносӣ мавриди тахќиќ ва омўзиш ќарор гирад. Ҳол он ки чун намудҳои дигари ифротгароӣ экстремизми экологӣ ба ҳаёти осоиштаи аҳолӣ ва вазъи иқтисодии кишвар таҳдиди бевосита дорад, ки мебояд боиси андешидани тадбирҳои мушаххас дар ҳамаи сатҳҳо ҷиҳати пешгирӣ ва баркандани ин раванди тундгароӣ гардад. Бинобар ин, зарур аст, ки фаъолияти тарғиби идеологӣ ва пешгирии ин зуҳуроти манфӣ дар байни аҳолӣ вусъат бахшида шавад, зеро аз ошкорбаёнии саривақтии таҳдидҳои характери экологидошта на танҳо амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки амнияти экологии ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст.

Назаров Шӯҳрат, дакторанти Ph.D соли дуюми факултети биологияи ДМТ