ЗЕБОТАРИН ҶАШНИ СОЛ

265

Баҳор меояд. Бо нафаси гарму ҷонбахши худ ҳама атрофро нуру зиё мебахшад. Табиат аз нав зинда мешавад. Баҳор бо омадани худ ба табиат умри тоза мебахшад. Бо оғози фасли эҳёи табиат, фасли зебоиву шукуфоӣ рост омадани зеботарин ҷашни сол – Рӯзи Модар беҳтарин шабоҳатест аз авсофи воло ва ҳамидаи Модар бо ин айёми рангину пуртароват. Ин аст, ки бисёриҳо баҳорро ба зан-модар ташбеҳ медиҳанд. Вале ба фикри ман мақому мартаба ва ҷойгоҳи Модар бо ҳеҷ чизи дигар қиёсшаванда нест. Модар ба мо ҳам умр мебахшад ва ҳам моро бо меҳру муҳаббати зиёд парвариш менамояд.

Роҳату осоиши умри худро сарфи назар мекунад ва комилан дар пайи роҳату осоиши фарзанд аст. Модар ба мо як пораи тану ҷони худро мебахшад, дар рагҳоямон хуни Модар ҷорист. Модар бо шири сафеди худ моро калон мекунад, то роҳамон дар зиндагӣ ҳамеша сафеду ҳамвор бошад.

Гармию муҳаббати дили модарро ҳеҷ наққоше натавонистааст то кунун ончунон ки бояд, тасвир кунад ва ҳеҷ шоире низ олами пурасрору зебои модарро натавонистааст ҳамон гуна ки шоистаи шаъни ӯст, бисарояд. Тавре устод Лоиқ дар ин маврид мефармояд:

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гуянд,

Як байт ҳам наарзад андар санои модар.

То ҷаҳон боқист, модар мавриди мадҳ асту ситоиш аст, вале шаъни олии ӯро касе беҳтар аз Паёмбари гиромии мо ҳазрати Муҳаммад (с) ин қадар зебову кӯтоҳ баён накардааст ва ҳеҷ шоире беҳтар аз Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ натавонистааст ин ҳадисро ба ин зебоӣ ба риштаи назм дарорад:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Пешвои муаззами миллат пайваста зимни суханрониҳои хеш бузургиву беназирии Модарро ситоиш намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд: «Зан-Модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад. Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.

Бешубҳа, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намунаи олии ин гуфтаҳои Сарвари Давлатамон мебошад. Ҳамасола дар Донишгоҳ сафи бонувони омӯзгор афзуда, бо саъю талоши онҳо сатҳи таълиму тарбия болотар меравад. Шумораи донишҷӯдухтарони ДМТ низ сол ба сол афзуда, тайи солҳои охир дараҷаи омодагӣ ва саводнокии онҳо низ хурсандибахш аст.

Дар арафаи ин ҷашни зеботарини сол – Рӯзи Модар дил мехоҳад хоҳарону модарони гиромиро бо самимитарин ва гармтарин суханҳо муборакбод бигӯем. Вале ҳар сухане, ки иброз кардан мехоҳему аз фикр мегузаронем, назди бузургии Модар қимати худро зуд гум мекунад. Ва рӯ меорем ба фармудаҳои бузургони олам дар ситоиши Модар. Интихобан чанде аз онҳоро рӯи сафҳа меорем, то худ қазоват намоед:

Модар бузургтарин омӯзгорам буд. Омӯзгори дард, ишқ ва ҷасорат. Агар ишқ мисли гул зебост, он гоҳ модари ман гули нозанини ишқ аст.

Стив Вондер

* * *

Барои ҳар чизе, ки муваффақ шудам, ё муваффақ мешавам, аз модар сипосгузорам.

Абрам Линколн

* * *

Дили модар мактабхонаи кӯдак аст.

Ҳенри Вард Биччеа

* * *

То он даме, ки модар бо шумост, шумо аз тифлӣ бадар намеоед.

С.Ҷейет

* * *

Ҳеҷ чиз самимитар аз бӯсаи модар нест.

Салим Шарма

* * *

Қаҳрамоние баландтар аз модар будан дар тасаввурам намегунҷад.

Ленс Конред

* * *

Модар оғозу анҷоми кулли муҳаббатҳост.

Роберт Бравнинг

* * *

Модар будан мансабест якумрӣ.

Клэр Рейнер

* * *

Он чӣ чашми модар намебинад, дилаш ба ӯ дарак медиҳад, ӯ қодир аст бо дил эҳсос кунад.

Ғаюбов Раҷабалӣ Бобишоевич – номзади илмҳои биологӣ, муаллими калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М. А.Н. Островский