“ТОҶИКОН”-И АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ – АСАРИ ИЛМӢ-ТАЪРИХӢ

208

(Бардошт аз Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров )

Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 05.12.2023 дар кохи муҳташами «Ваҳдат» бо иштирок ва суханронии Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Имрӯз мардуми фарҳангсолори тоҷик солгарди алломаи замон, фарзанди фарзонаи миллат, академик Бобоҷон Ғафуровро қайд карда, номи некашонро вирди забонҳо месозанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд намуданд, ки дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад.

Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик низ кам нестанд, ки онҳо ифтихори на танҳо миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми олам гардидаанд. Ин бузургон бо осори гаронбаҳо ва ғояҳои инсонпарварии худ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣсаҳми сазовор гузоштаанд. Ҳар як марҳилаи таърихи халқи тоҷик чунин шахсиятҳои барҷастаро ба арсаи ҷаҳонӣ овардааст. Ҳар кадоми ин бузургон дар соҳаҳои гуногуни илму маърифат, сиёсат ва таърих, адабиёт ва санъат чеҳраи тобноке дошта, бо осори пурқимати худ машҳури ҷаҳон шудаанд.

Яке аз ин бузургон фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки тақдиру арҷгузорӣ ва бузургдошти фарзандони баруманди миллат, ки умри гаронмояи худро сарфи миллати худ намудаанд, на танҳо сабабгори устувору пойдор гардидани ин ё он миллати алоҳида, балки боиси саодат ва рушду нумуи тамоми инсоният мегардад.

Фаъолияти илмии академик Бобоҷон Ғафуров аз омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик оғоз ёфта, баъдан ҳаракатҳои милливу озодихоҳии мардуми Машриқзамин, масъалаҳои миллӣ дар давлати Шуравӣ, таърихи афкори сиёсиву ҷамъиятӣ, зиндагиву осори мутафаккирони бузурги Шарқ ва масъалаҳои мубрами илми шарқшиносӣ мавриди таҳқиқи доманадори олим қарор гирифтаанд.

Аввалин мақолаҳои таҳлилию танқидии ӯ ҳанӯз дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» чоп шудаанд, ки мавзуи асосии онҳоро масъалаҳои таърихӣ ва зиддияту муборизаи ҷомеаи нав ва куҳна ташкил медоданд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмсомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмӣ байналмилалӣ зикр намуданд, ки дар баробари омӯзиши таърих, тамаддун ва фарҳанги миллӣ аллома Бобоҷон Ғафуров дар масъалаи ҷамъоварӣ ва эҳёи нашри бузургтарин ганҷинаи маданияти миллӣ диққати ҷиддӣ медоданд.

Бобоҷон Ғафуров ҳамагӣ 68 сол умр дида бошанд ҳам, аз он 50 солашро ба хизмати халқу Ватан, рушду нумуи Тоҷикистон ва илму фарҳанги он бахшидаанд. Бо тамоми шуҳрати ҷаҳонӣдоштан, Бобоҷон Ғафуров,пеш аз ҳама, фарзанди арҷманду баруманди тоҷикон маҳсуб мегардиданд. Ӯ дар айёми зиндагӣ барои худ ҳайкали ҷовидон гузоштанд, ки ин ҳам бошад шоҳасари оламшумули «Тоҷикон» аст.

Мусаллам аст, ки китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров яке аз шоҳкорҳои таърихи миллӣ ва ватанӣ маҳсуб шуда, дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеаи тоҷик ва тоҷикистонӣ ҷойгоҳ ва мавқеи асосӣ дорад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 26-уми декабри соли 2019 ба Ҳукумати мамлакат супориш дода буд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди захираи Президенти кишвар чоп карда, то ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оила дастрас намояд. Бо ифтихор ва қаноатмандӣимрӯз дар ҳар як хонадони халқи тоҷик китоби «Тоҷикон» дастрас гардида, мавриди омӯзиши таърихи куҳанбунёди мардуми тоҷиктабор аст.

Доир ба муҳтавои китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳ намуда, дар бахши пешгуфтор менависад: “Китоби якум аз чор фасл иборат аст. Фасли якум ба тавсифи сохти ҷамоати ибтидоӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар фасли дуюм ҳаёти қавму қабилаҳои мухталиф – аҷдоди тоҷикон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ тавзеҳ меёбад. Дар фасли сеюм тақдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зуҳури муносибатҳои феодалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Фасли чорум вазъияти Осиёи Миёнаро дар давраи тараққиёт ва барқарории сохти феодалӣ баён мекунад. Китоби дуюм фаслҳои панҷум ва шашумро дар бар гирифтааст: фасли панҷум таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои асри ХVI то миёнаи асри ХIХ ва фасли шашум аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия ва тараққӣ ёфтани муносибатҳои капиталистиро то ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр фаро мегирад.

Агар шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» номи халқи тоҷикро пояндаю ҷовид гардонида бошад, пас таърихшиносон имрӯз бо асарҳои баландғояи хеш паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Бобоҷон Ғафуровро омухта, номи устодро боз ҳам зиндаю ҷовид мегардонанд. Зеро чун саҳифаҳои ҳаёти сиёсӣ ва илмию ҷамъиятии ин мутафаккири бузурги Шарқро варақ мезанед, равшан дармеёбед, ки он тимсоли барҷастаи хизмат ба халқу диёр аст.

«Тоҷикон» на танҳо аз ҷониби аҳли илму фарҳанг, балки аз ҷониби халқи оддӣниз гарму ҷушон пазируфта шуд. Воқеан ҳам аз кадом сокини ҷумҳурӣкитоби писандатаринашро пурсед, вай бе ягон дудилагӣшоҳасари «Тоҷикон»-ро ном мебарад. Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат такони ҷиддие гардид.

Бояд зикр кард, ки соли 1947 асари академик Бобоҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» бо забони точикӣ ба чоп расид. Сипас 3 маротиба: солҳои 1949, 1952 ва соли 1955 бо забони русӣ дар шаҳри Москва китоби мазкур ба нашр баромад.

Соли 1972 асари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав» дар шаҳри Москва бо забони русӣба чоп расид.

Хулоса, танҳо баъди нашри шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” таҳқиқотҳои дигари мукаммалу бунёдӣ, аз ҷумла китоби шашҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик” рӯйи кор омаданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар сарсухани нашри китоби “Тоҷикон” (нашри соли 1998) доир ба аҳамияти оламшумули таърихии китоби “Тоҷикон” – и академик Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла тазаккур дода буданд: “Бобоҷон Ғафуров бо чопи шоҳасари бузурги худ – “Тоҷикон” натанҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт”.

Бо мақсади таҳкиму тақвият бахшидани раванди худогоҳию худшиносии миллӣ, эҳёи таърихи миллӣ ва хотираи таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ба фарзандони фарзонаи миллат устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров унвони баланди давлатӣ – Қаҳрамони Тоҷикистонро сазовор донистанд.

Пешвои миллат ЭмомалӣРаҳмон бахшида ба ифтихори 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров пешниҳод намуданд, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба мисоли шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Фонди Президенти кишварчоп карда шуда, ба ҳар як хонаводаи Тоҷикистон туҳфа карда шавад.

Инчунин сарвари давлат дастур доданд, ки ба ифтихори зодрӯзи аллома Бобоҷон Ғафуров Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шавад.

Имрӯзҳо, ки шоҳасари “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳар як хонаводаи тоҷик нигоҳдорӣмешавад имкон медиҳад, ки насли наврас ва ҷавонони кишвар онро мутолиа намуда, худогоҳӣ ва худшиноосии миллии онҳо баланд мегардад.

Декани факултети биология дотсент, Кароматуллои Қ.

Муовини декан оид ба тарбия, Доруев Ф.Я.