ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ВАБОИ АСР

248

Дар замони муосир инсоният ба хатари ҷиддие, ки ба амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштаитодааст, ки онро терроризм ва экстремизм ном мебаранд. Агар ба шарҳи мафҳуми терроризм назар афканем чуни наст: «Терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маъноаш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми ғаразноку нопоки худро тавасути зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм ва бо дигар роҳҳо амалӣ созанд. Айнӣ замон дар байни давлатҳои абадқударати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табии, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.

Дар аксари мавридҳо онҳо кушиш ба харҷ медиҳанд, ки миёни динҳою мазҳабҳои гуногун душманӣ ва зиддият барангезанд. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамояд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ин гуна нерӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд».

Сарвари давлат дар яке аз мулоқотҳояш бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат чунин изҳор намуд: «Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Терроризм ва экстремизм ба ягон дин, алалхусус ба дини мубини Ислом ҳеҷ рабте надорад».

Бояд қайд намуд, ки айни замон терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақа, ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён оварда истодааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин зуҳуроти номатлуб тақозо менамояд.

Экстремизм бошад – аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Айни замон шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди:Экстремизми миллатгароӣ, Экстремизми динӣ, Экстремизми наврасон ва ҷавонон, Экстремизми экологӣ, Экстремизми ахлоқӣ ва ғайра муайян карда шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ чунин фаъолиятҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешаванд:

– бо зӯрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо;

– барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ва муноқишаҳои иҷтимоӣ,инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё содир кардани ин ҳаракатҳо бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

– амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;

– амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд;

– ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо;

– паст задани шаъну эътибори миллӣ;

– вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияташ ба гурӯҳи иҷтимоӣ, нажод, миллат, қавм, маҳал, дин (мазҳаб) ва забон ё муносибати ӯ ба дин;

– ҷалб намудан барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин омӯзондани мафкураи экстремистӣ;

– монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигар ва шахсони мансабдори онҳо;

– истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ ва наздикони онҳо бо мақсади қасос гирифтан барои он амалҳое, ки бо иҷрои фаъолияти хизматӣ вобаста бошад ё ин ки хатари истифодаи зӯроварӣ вобаста ба ин асосҳо;

– ташвиқот ва ба намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилотҳои аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда;

– даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ ё интишори маводи экстремистӣ,инчунин тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн намудан;

– нашр ва (ё) паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣдар воситаи ахбори омма, шабакаи интернет, воситаи алоқаи барқӣ.

Мутаассифона, тайи солҳои охир гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи тоҷикистониро низ хеле ба ташвиш овардааст. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи террористӣ аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодуруст истифода намудани шабакаҳои иттилоотӣ, бахусус интернет, нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромӣ дар мамлакат, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзои ҷомеа, алалхусус ҷавонон истифода намуда, дар байни онҳо тарғиботу ташвиқот анҷом дода мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ худро дар канор нагирифта муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб – терроризм ва экстремизмро вазифаи муҳими таъмини амнияти миллӣ, минтақа ва ҷаҳон дониста, барои мубориза бо ин вабои аср пайваста тадбирҳои судманд меандешад.

Гувоҳи ин гуфтаҳо он аст, ки ҳоло дар баробари дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дигар стратегияҳою барномаҳои давлатӣ Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Т оҷикистон барои солҳои 2021-2025 амал мекунад.

Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон дойр ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.

Мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.

Ҳамин тариқ аз гуфтаҳои болозикр бармеояд, ки экстремизм ва терроризм бо амалҳои нопоки худ метавонанд ба амнияти миллӣ, минтақа ва ҷаҳон ҳамчун вабо таъсири худро гузоранд. Бинобар ин, барои пешгирии намудани чунин зуҳуроти номатлуб ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки худро дар канор нагирифта бо ҳам муттаҳид шуда, наврасону ҷавононро дар руҳияи Ватандустӣ, худшиносӣ, арҷгузори ба арзишҳои миллӣ ва ғайра тарбия намоянд.

Мо аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон, насли наврас, ҷавонон ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа бо ахбороти нолозим пур карда шавад, балки падару модарон, омӯзгорон, олимону муҳаққиқон ва дигар сохторҳои мавҷуда пайваста дар якҷоягӣ тадбирҳои судманд андешида ба ин восита дар таъмини устувории сулҳу Ваҳдат, истиқлоли давлатӣ, якпорчагии ватани азизамон Тоҷикистон, арзишҳои миллӣ ва дар маҷмӯъ амнияти миллӣ саҳмгузор бошем.

Устодони факултети биологияи ДМТ Давлатов О.М. ва Сайдалиев Н.Ҳ.