ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ ЗИНАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВИИ ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯ

151

Имрӯз 02.01.2024 бо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯёни зинаи таҳсилоти фолсилавӣ аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Имомова Н.М. мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М. бо донишҷӯёни зинаи таҳсилоти фосилавии факултети биология суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардид.

Зимни суҳбатҳо масъулини самти тарбия доир ба масъалаҳои ҷории тарбиявӣ аз ҷумла риояи қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ, оиномаи либосҳои тавсиявӣ, одобу ахлоқ, худорӣ намудани онҳо аз фарҳанги бегона, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва худшиносии ҷавонон суҳбатҳо анҷом доданд.

Шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон