ШАНБЕГӢ – БАҲРИ ОБОДӢ

115

Тибқи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ имрӯз (27.01.2024) бо иштироки омӯзгорону кормандони бахши хоҷагидории ДМТ ҳашари (шанбегии) дастаҷамъона дар назди биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ баргузор гардид. Омӯзгорону кормандон баҳри ободию шукуфоӣ, тозагию назофат ва сабзу хуррамгардонии муҳити таълим, инчунин, барои тозаю озода намудани роҳравҳо, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, гирду атрофи биноҳои донишгоҳ, тоза намудани баргҳои хушкшударехтаи дарахтон ва баровардани партовҳо саҳм гузоштанд.

Аҳли омӯзгорону кормандон донишгоҳ бо таваҷҷуҳ ва ҳавасмандӣ аз дастгириву имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои созанда баҳри гулгушукуфоии Тоҷикистони азиз бештар аз ҳар вақти дигар саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.