РУШДИ ИЛМИ БОТАНИКА

52

Имрӯз (15.03.2024) бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ва садорати факултети биология дар пояи кафедраи ботаника ва дендрология дар мавзуи “Масъалаҳои актуалӣ ва вазъи муосири илми ботаника дар Тоҷикистон” конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид. Конференсияи мазкур бо суханони ифтитоҳии декани факултети биология, дотсент Кароматуллои К. оғоз ёфт.

Зикр гардид, ки эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 талаби замон ва тақозои ҷомеаи муосир мебошад. Ҳадаф аз ин ташаббус, пеш аз ҳама, таъмин намудани робитаи илм бо истеҳсолот ва таъмини тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад. Дар амал татбиқ намудани дастовардҳо ва ихтирооти илмӣ ва пеш бурдани истеҳсолоти ватанӣ мебошад. Ташкил ва гузаронидани озмунҳои “Илм – фурӯғи маърифат” ва “ Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ идомаи мантиқии ин ташаббус буда, он имконият фароҳам меорад, ки мо ҷавонони болаёқат ва эҷодкорро тарбия ва бавоя расонем.

Дар идома раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, профессори кафедраи ботаника ва дендрологияи донишгоҳ Сафарбек Раҳимов, профессори кафедраи физиологияи растаниҳо Абдуллоҷон Эргашов ва профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Кимиё Неъматҷонова дар мавзӯҳои “Ҷамоаҳои нимсаванаи Тоҷикистон”, “Хусусиятҳои экофизиологии парвариши зироатҳои хоҷагии қишлоқ дар минтақаҳои иқлимии Тоҷикистони Ҷанубӣ”, ”Роль интродукции в сахранении редких и исчезающих видов растений», «Современное состояние лесов Таджикистана» маърӯза намуданд.