ОМӮЗГОРИ ФАКУЛТЕТ – ҒОЛИБИ ОЗМУНИ КОРҲОИ БЕҲТАРИНИ ИННОВАТСИОНӢ

353

Ҳамасола бо дастгирии роҳбарияти ДМТ ва ташаббуси Парки технологии донишгоҳ байни устодону кормандон, донишҷӯёну унвонҷӯён, аспирантону докторантон ва хонандагони литсейи донишгоҳ барои дарёфти корҳои беҳтарини инноватсионӣ озмун эълон карда мешавад. Имсол (2020) чунин озмун дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён 22 лоиҳа пешниҳод гардид. Дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ комиссияи озмунӣ ташкил карда шуда, лоиҳаҳои пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Лоиҳаҳои инноватсионӣ рӯзҳои 28-29 декабри соли 2020 аз ҷониби комиссия баҳогузорӣ ва ғолибон бо диплому ҷоизапулӣ сарфароз гардиданд.

Исломиддин Саидов – ассистенти факултети биология, ки лоиҳааш “Технологияи парвариши марҷумак дар шароити минтақаи наздикӯҳии Тоҷикистони марказӣ” ном дошт, дар озмун сазовори ҷойи сеюм, дипломи дараҷаи III ва дар ҳаҷми 1000 сомонӣ соҳиби ҷоизапулӣ гардид.