КОНСТИТУТСИЯ – ҚОНУНИ АСОСИИ ДАВЛАТ

54

Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус иброз гардид, ки «Соли 2024 сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Конститутсияи ҶТ) таҷлил мегардад. Бинобар ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад». Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, фармони Президенти ҶТ «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 қабул гардид.

Пеш аз ҳама, бояд иброз намуд, ки яке аз ҳадафи асосии истиқбол аз 30-солагии қабули Конститутсияи ҶТ дар он зоҳир меёбад, ки Конститутсия қонуни асосии давлат маҳсуб мегардад. Яъне, Конститутсия санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад ва тамоми қонунҳо аз меъёрҳои Конститутсия сарчашма гирифта, ҷиҳати иҷро ва таъмини он равона гардидаанд. Ин ҳолатҳо гувоҳи он аст, ки моро мебояд 30 соли амали ин санади олии ҳуқуқиро натиҷагирӣ намуда, таъсири онро ба ҳаёти ҷомеа ва рушди минбаъдаи онро муайян намоем. Маҳз Конститутсияи ҶТ дар ҳаёти ҷомеа сулҳу субот, қонуният, низоми давлатдорӣ ва қонунгузориро пойдор намуд, ки аз ин дидгоҳ мебояд ин санаи фархундаро бо тантана таҷлил кард.

Лозим ба ёдоварист, ки пас аз қабули Конститутсияи соли 1994 низоми қонунгузории кишвар мунтазам ташаккул ёфта, имрӯз, тибқи феҳристе, ки дар Маркази миллии қонунгузорӣ пеш бурда мешавад, нишондоди санадҳои қонунгузорӣ дар шаклҳои гуногун 401 ададро ташкил менамояд. Айни замон, низоми қонунгузории Тоҷикистон аз Конститутсия, 17 қонунҳои конститутсионӣ, 22 кодекс ва 361 қонун, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфт, барои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ маърифатнок намудани субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши назаррас дорад.

Дар баробари ин, мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вазорату идораҳо, шахсони мансабдори он вазифадор мебошанд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ чораҳои дахлдор, ба монанди фаҳмондадиҳии муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иттилоотонии ҳуқуқӣ, қабули бевоситаи шаҳрвандон, нашри мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар маҷаллаву рӯзномаҳо ва дигар корҳои пешбининамудаи қонунгузориро роҳандозӣ намоянд.

Дар маҷмуъ, нақши меҳварии Конститутсияи ҶТ дар рушди низоми қонунгузорӣ назаррас буда, ҳамзамон масъалаи болозикр вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ талаби замон маҳсуб ёфта, мазмуну муҳтавои Конститутсияро таҳкиму тақвият мебахшанд, инчунин барои таҳкими ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мустаҳкам ва такмил додани фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инкишофи қонунгузорӣ дар ҶТ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат намуда истодаанд.

Буриев Фурқат, докторанти Ph.D –и факултети биологияи ДМТ