ДОНИШҲОИ БИОЛОГӢ

463

Кароматуллои Қурбоналӣ, и.в. мудири кафедраи ботаника, н.и.б.

Донишҳои суннатӣ доир ба гуногунии биологӣ мероси фарҳангии ҳар як миллат мебошад. Ҳар як халқ дорои фарҳанги нотакрори рӯзгордорӣ ва хештаншиносӣ буда, дар тӯли садсолаҳо донишҳои суннатиро доир ба гуногунии биологӣ меомӯхт, истифода мебурд ва инкишоф медод. Оид ба растаниҳои ғизоӣ, доруворӣ, тарзи истифодаи онҳо маълумоти нодир ҷамъоварӣ менамуд. Ҳар як халқ дар тӯли садсолаҳо дар заминаи хосси зиндагӣ экосистемаро дар заминаи гуногунии биологӣ барои истеҳсоли маводи озуқаворӣ истифода мебурд. Вале дар садсолаи охир гуногунии биологӣ, ки асоси кишоварзӣ мебошад, босуръат аз байн рафта истодааст. Дар баробари ин, он донишҳои суннатие, ки одамон тӯли садсолаҳо доир ба гуногунии биологӣ андӯхтаанд, низ ба гӯшаи фаромӯшӣ ниҳода шудаанд. То ибтидои асри XX дар рӯйи Замин асосан дорую дармонҳои табиӣ – гиёҳҳо, маъданҳо ва ғ. мавриди истифода қарор мегирифтанд. Зиёда аз панҷ ҳазор сол аст, ки мардуми деҳот рустаниҳоро барои табобат ва ҷилавгирӣ аз бемориҳои гуногун ба кор мебаранд. Маълумот дар бораи рустаниҳо ва таъсири дармонии онҳо дар осори табибони Мисру Бобулистон, Эрону Ҳиндустон, Юнону Рум, Чини Бостон мавҷуданд.

Дар тибби ниёгонамон рустаниҳо чун давои асосии бисёр бемориҳо шуҳрат доштаанд. Мардуми маҳал аз китоби муқаддаси «Авасто» сар карда, қариб аз тамоми рисолаҳои табибони Эрону Хуросону Мовароуннаҳри асрҳои IX-XIX дар бораи хосиятҳои табобатии гиёҳҳо ва истифодаи онҳо барои муолиҷаи беморон иттилооти басо муфиде ба даст овардаанд. «Фирдавс-ул-ҳикмат»-и Алии Раббон, «ал-Ҳовӣ»-и Муҳаммад Закариёи Розӣ, «Комил-ус-синоат»-и Алӣ Маҷусии Аҳвозӣ, «Ал-абния ан ҳақоиқ- ил-адвия»-и Абӯмансури Муваффақ, «Ҳидоят-ул-мутааллимин фит-тиб»- Абӯбакри Бухороӣ, «Китоб-ус-сайдана фит-тиб»-и Абӯрайҳонӣ Берунӣ, ал-Қонун фит-тиб», «Урҷуза фит-тиб» ва «Алвоҳия»-и Абӯалӣ ибни Сино, «Донишномаи Майсарӣ»-и Майсарии Ҳаким, «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ, «Ҷомеъ-ул-фавоид»-и Юсуфи Табиб, «Махзан-ул-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайни Оқилӣ, «Муҳити аъзам»-и Муҳаммади Аъзамхон ва ғ. сарчашмаҳои машҳури илми тибби қадимаи халқамон ба ҳисоб мераванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати гуногунии олами наботот яке аз бойтарин минтақаҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Флораи Тоҷикистонро аз 4 500 – 5 000 намуди растаниҳои олиро дар бар мегирад. Қисмати зиёди растаниҳои флораи Тоҷикистон таҳти таъсири антропогенӣ қарор доранд. Тағйирёбии муҳити табиӣ ба коҳиш ёфтани гуногунии ин набототи бениҳоят нодир оварда мерасонад ва дар ин робита боиси аз даст додани донишҳои анъанавии марбут ба растаниҳо мегардад. Таъсироти мустақим, ба монанди зиёд шудани масоҳати майдони чарогоҳҳо барои чорво, ҷамъоварии бенизоми растаниҳои шифобахш барои фаъолияти фарматсевтӣ, инчунин, дигар фаъолиятҳо ба популятсияи растаниҳо фишор меоранд ва дар натиҷа ареали намудҳо танг мегардад. Ғайр аз ин тағйироти глобалии экологӣ, ба монанди гармшавии иқлим ва номусоидии обу ҳаво ба қобилияти ҳаётии намудҳои ҳассос, аз ҷумла ба намудҳое, ки ба онҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад, таъсири худро мерасонад. Яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи олами наботот равона карда шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4500 навъ растаниҳои худрӯй 70-72 намуди онро мақомоти соҳаи тандурустӣ ҳамчун гиёҳҳои шифобахш барои коркард ва истифода ба сифати маводи доруворӣ тавсия намудаанд.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 23 намуди онҳо, ҳамчун маводи дорувории табобатӣ ҷамъоварӣ мешаванд. Асосан, гиёҳҳои шифобахш, ба монанди чойкаҳак, кокутӣ, пудинаи кӯҳӣ, чоқула, ҳазориспанд, ширинбия, тахачи сафед, газна, амонқара, роҳдавак ва ғайра аз тарафи идораҳои ҷангал ва шахсони алоҳида ҷамъоварӣ мегарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2005 оид ба парвариш, ҷамъоварӣ, коркард ва тайёр намудани маводи доруворӣ аз гиёҳҳои худрӯйи шифобахш дастур дод. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатӣ оид ба парвариш, ҷамъоварӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ аз онҳо қабул гардидааст. Барномаи мазкур асосан роҳҳои ба танзим даровардани ҷамъоварӣ, коркард ва парвариши намудҳои гиёҳҳои худрӯйи шифобахшро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои фаровони онҳо мавҷуданд, пешбинӣ менамояд.

Имрӯзҳо, донишҳои суннатии анъанавии ботаникӣ ва алалхусус донишҳои этноботаникӣ, ҳанӯз ҳам дар ҳаёти рӯзмарраи одамон нақши муҳим доранд. Аммо, бо дарназардошти тағйиротҳои босуръати экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ чандон мавриди истифода қарор намегиранд. Аксарияти донишҳои анъанавии ботаникӣ, ки онҳо мероси ғайримоддии фарҳангӣ ба ҳисоб мераванд, ҳоло ҳуҷҷатгузорӣ карда нашуда, омӯхта ва ҳатто аз ҷиҳати илмӣ таҳқиқ нашуда, бебозгашт аз байн рафта истодаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд донишҳои анъанавӣ дар соҳаи ботаника ва махсусан фитотерапияи (гиёҳдармонӣ) анъанавӣ, таърихи хеле тӯлонӣ ва бой дошта бошанд ҳам, чандон васеъ истифода намешаванд. Маълумоти мавҷуда аз сабаби наомӯхтан ва сабт накардан аз байн рафта истодааст.

Дар давраи шӯравӣ захираҳои табиӣ ғайриоқилона истифода бурда мешуданд ва нисбат ба эътиқодот, анъанаҳо ва урфу одатҳои маҳаллӣ беэътиноӣ зоҳир карда мешуд, ки ин боиси аз байн рафтани аксари донишҳои анъанавӣ гардид. Дар натиҷа, мардум маҷбур шуданд, ки аз тибби халқии анъанавӣ даст кашанд ва аз хизматрасонии комплексии тиббӣ истифода намоянд. Ҳамин тариқ, дониши анъанавии мардуми таҳҷоӣ маънои аслии худро гум кард.

Барои пешгирӣ намудани коҳиши минбаъдаи донишҳои анъанавии ботаникӣ дар Тоҷикистон, ки таъсири афзоиши аҳолӣ ва шаҳрнишинӣ (урбанизатсия) дар замони муосир ба он низ таҳдид мекунад, барои сабт кардани донишҳои маҳаллӣ, таҳлили намунаҳои истифодаи коллексия ва муайян кардани гуногунии растаниҳои шифобахши маҳал, гузаронидани таҳқиқоти этноботаникӣ ба мақсад мувофиқ аст.