ҶАНБАҲОИ ЭКОЛОГӢ ВА ТАЪСИРИ ОМИЛҲОИ ГУНОГУНИ БИОЛОГӢ БА МУҲИТ

231

Дар замони муосир фарҳанги муносибат ва тарбияи экологии насли наврас аз масоили муҳимми рӯзмарра маҳсуб меёбад, зеро ки бидуни омӯзиш ва азхудкунии донишҳои экологӣ ягон соҳаи хоҷагии халқ, ба таври самаранок ва бехатар фаъолият карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, экология ва соҳаи физиология ба масъалаи ҳаётан зарур аз нигоҳи сиёсат, иқтисодиёт ва ташаккули шуури ҷамъиятии одамон дар робита ба таҳкими солимӣ ва беҳбудии аҳолии дунё табдил ёфааст. Дар ҳалли масъалаҳои гуногуни ҳаёт экология чун пойгоҳи асосии назариявӣ эътироф шудааст.

Бо ин мақсад имрӯз (10.05.2024) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ ва садорати факултети биология дар пояи кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот дар мавзуи “Ҷанбаҳои экологӣ-физиологии фаъолияти системаҳои зинда бо таъсири омилҳои гуногуни муҳит” конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид.

Конференсияи мазкур бо суханони ифтитоҳии декани факултети биология, дотсент Кароматуллои К. оғоз ёфт.

Зимнан дар конференсия сардори раёсати илми Донишгоҳ Шоҳимардонов С. сухан намуда, иброз намуд, ки тарбияи экологӣ ва самаранокии он асосан дар заминаи ташаккули маърифати экологии хонандагон зич алоқаманд аст. Масъалаи муносибати организмҳои зинда бо муҳити атроф дар доираи фанни биология аз масоили муҳимми таҳлил ва омӯзиш қарор ёфтааст. Ҳалли ин масъала ба рушди экология чун илм мусоидат менамояд, зеро он дар бораи муносибати организмҳои зинда бо муҳити атроф баҳс мекунад.

Таъкид шуд, ки саҳми профессор Мирзо Устоев дар риштаи илмҳои биологию физиологӣ назаррас буда, барои тарбия ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб нақшии боризе гузоштааст. Устод Мирзо Устоев яке аз устодони соҳибмактаби Донишгоҳ буда, имрӯзҳо дар тарбияи кадрҳои илмӣ – педагогӣ нақши назаррас мегузорад.

Дар идомаи кори конференсия мудири кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот, дотсент Ахмедов Д. ва професори кафедраи зоология Қодиров А. роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни омӯзиши илми биология маърӯзаҳо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки конфренсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар ду бахш идома ёфта, дар он зиёда аз 20 маърӯза мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.