ҚАБУЛИ КОРҲОИ КУРСӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯ

141

Имрӯз дар факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабули корҳои курси дар кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М. сурат гирифт. Дар ҷаласаи навбатӣ мудири кафедра, дотсент Ахмедов Д.М. ва профессор Устоев М.Б. баромад намуда, қайд карданд, ки мавзӯъҳо хело диққат ҷалбкунанда мебошанд ва мавзӯъҳои муосирро дар бар мегиранд.