ПОЯГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

339

Ҷомеаи кушоди шаҳрвандӣ меваи сулҳу ваҳдат доимо ин- кишофёбанда аст. Ин меҳнату заҳмат ва шабзиндадориҳо зодаи табъу завқи як қавм, як нажод. як миллат набуда, балки он зодаи табъу завқи халқу миллатҳои дунёст, ки аз қарн ба карн гузашта, сайқал ёфта, дараҷаи мустаҳками фаъолияти озод ва самаранокии рӯзмарраи инсониро таъмин менамояд. Асоси чунин ҷомеаро қонунҳои адолатноке ташкил медиҳанд, ки манфиати ҷомеа ва шахс, афзалияти ҳуқуқу озодии инсон, баробарҳуқуқӣ ва адолати иҷтимоиро тарғиб менамоянд. Дар ин самт ҷой ва нақши сулҳу ваҳдат, оромию тинҷӣ муҳим ва муайянкунанда мебошад.

Марказҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки номи шахсиятҳои таърихие, ки мардумро ба ягонагию ваҳдат даъват намудаанд, ба муроду манзалати худ расиданд, шаҳрҳоро обод намудаанд, мардумро аз гурезагию гуруснагӣ эмин гардонидаанд, ҷовидона боқӣ мондааст.

Таърих гувоҳи он аст ки модари тоҷик шахсияти барумандеро ба дунёи ҳастию набард овард, ки тавонист дар таърихи навини давлати куҳанбунёди тоҷик сафҳаи наверо оид ба ваҳдату ягонагӣ, дустию бародарӣ, сулҳу суботи ҷовидона руи кор оварад. Ин шахсияти сулҳпарвару ваҳдатофарин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар бунёди давлати миллӣ, ташаккули миллат, истиқлоли сиёсиву давлатӣ, эҳёи расму ойин ва анъанаҳои фарҳангӣ, аз як кишвари дар вартаи нобудӣ қарордошта ба давлати рӯ ба инкишоф расонидани Тоҷикистон, дар маркази ғояи миллӣ қарор додани идеяи зиндагисози Ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки чунин шахсиятҳо аҳён-аҳён рӯйи саҳнаи сиёсат меоянд ва дар соҳаҳои муҳимми ҳаёти мардум иқтисоду иҷтимоъ, илму фарҳанг, рӯҳия ва ахлоқу маънавияти миллатҳову кишварҳо дигаргуниҳои куллй ба амал меоранд.

Дар лаҳзаҳои соҳибистиқлол шудани давлатамон аввалҳои солҳои навадуми асри гузашта дар сарнавишти халқи тоҷик чун замони пурфоҷиа ёд мешавад. Ҳанӯз 12-уми декабри соли 1992 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфта буд: «Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихи хешро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст ва мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардидаанд. Дар натиҷа будан ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд. Таърих ёд надорад, ки халқи тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ зада, деҳу деҳкада ва шаҳристонҳоро ба харобазор табдил дода бошад. Ман қасам ёд мекунам, ки донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор кардани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ваҳдати ҳақиқии миллӣ дар сарзамини мо ба туфайли меҳнату муборизаҳои пайгирона ва тӯлонии эшон арзи ҳастӣ кард. Ба ёд овардани ҳамин далел кофист, ки роҳбари ба тозагӣ интихобшудаи давлат дар шароити номусоид ва вазъияти хеле мураккаб бо сардори мухолифини муттаҳиди тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар мамолики хориҷа панҷ маротиба мулоқот намуданд, дар ин гуна суҳбатҳо душвортарин масъалаҳои муносибати тарафайни Ҳукумати қонунии Тоҷикистон-ро тадриҷан баррасӣ карданд ва ниҳоят дар ҷаласаи таърихии 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба Созишномаи сулҳ имзо гузоштанд. Аз ҳамон рӯз эътиборан ин рӯзи таърихӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид, ки имсол бистушашсолагии он бо тантана таҷлил карда мешавад.

Доруев Файзулло – муовини декан оид ба тарбия

Шехвалиев Р.Б. – ассистенти кафедраи физиологияи растаниҳо