Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад. Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.
Забони тоҷикӣ – ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад. Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст.
Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.
Маҳз бо шарофати қабули Кониститутсия забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб шуд, ва минбаъд барои шаклгирии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ мусоидат намуда соҳибихтиёрии миллатро мустаҳкам намуд. Моддаи дуюми Кониститутсия ба забон бахшида шуда ҳамчун як рукни давлатдори дар ин меъёр мустаҳкам гардидааст. Чунончи дар моддаи мазкур зикр гаштааст. Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Ин қадамҳои нахустин баъд аз соҳибихтиёрӣ баҳри бунёди давлатӣ миллии тоҷикон мебошад. Ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шудани забони тоҷикӣ марҳилаи рӯшди истиқлоли миллӣ ба шумор меравад. Мақоми давлати доштани забони тоҷикӣ, маънои онро надорад, ки аз ҳуқуқу озодиҳои ақалиятҳои миллӣ фӯругузори мешавад. Балки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар шахс ҳуқуқи истифодаи забони модариашро дар сатҳи Кониститутсия эътироф намуда баҳри омӯзиш ва инкишофи ин забонҳо мусоидат менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократи ва ҳуқуқбунёд тамоми ҳуқуқу озодиҳоро барои ҳама инсонҳо сарфи назар аз забон ва мансубияти миллӣ кафолат медиҳад.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ, таҳдиду хатарҳои он ва бархӯрди тамадунҳо масъалаи ҳифзӣ забон ва фарҳангӣ миллӣ авлавият касб намуд. Зеро забон ин кафили бақои як миллат буда рамзи истиқлол ва озодӣ мебошад. Шароити ҷаҳонишавӣ ва хатару таҳдидҳои он ба сӯйи миллатҳои мутамадин равона шудааст.
Ҳифзи забон аз ҳар гуна олудаги ва таъмини инкишофи он дар дохил ва беруни мамлакат аз манфиат холи нест. Истиқлоли миллӣ даст дод то миллати тоҷик ба мақоми баланди фарҳангӣ бирасад ва ин дастовард дар заминаи инкишофи забони миллӣ дар тӯлӣ чанд соли соҳибистиқлоли ба ҳисоб меравад. Забон маданияти миллатро ташакул медиҳад ва аз ин роҳ дар гирдоби ҷаҳонишавӣ ҷиҳати ҳифзи истиқлоли миллӣ нақши созгор дошта метавонад.
Доктор PHD, факултети биология – Буриев Фурқат