Вохӯрии мудири шӯъбаи тарбия бо сарпарастони гурӯҳҳои академӣ

402

Санаи 30.04.2021 дар толори Шӯрои олимони факултети биология бо иштироки мудири шӯъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳуснидин Саидов, Раиси Шӯрои сарпарастони донишгоҳ Илҳом Ашуров, декани факултет Каримзода Акобир, муовини декан оид ба тарбия Кароматуллои Қурбонали, мудирони кафедраҳо ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ ҷамомади васеъ баргузор гардид. Қайд карда шуд, ки ​ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тарбияи ҳамаҷонибаи донишҷӯён нигаронида шудааст.​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ Тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявии демократӣ, шарҳу тафсири нутқу маърӯзаҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону дастурҳои раёсати Донишгоҳ, гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо ва соатҳои тарбиявӣ аз бахшҳои асосии корҳои тарбиявии фвкултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ Фаъолияти тарбиявии факултет, асосан, дар робита бо муовини декан оид ба тарбия, кураторон ва созмонҳои ҷамъиятӣ амалӣ мешавад ва баробари фаро гирифтани донишҷӯён ба таълим тарбияи ҳамаҷонибаи мутахассисони оянда дар маркази таваҷҷуҳи садорати факултет қарор дорад.