ТАКМИЛИ САМТИ ГУЛПАРВАРӢ ВА ТАШКИЛИ ИХТИСОСҲОИ НАВИ БИОЛОГӢ

293

Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети биология як зумра масъалаҳои гуногуни самти илму таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки дар заминаи ихтисосҳои факултети биология бо забони англисӣ гурӯҳҳо ташкил карда шавад. Зеро вақти он расидааст, ки мутахассисон аз рӯйи равияи биология бо забони англисӣ омода шавад. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултет бо Маркази биотехнологияи донишгоҳ дуруст ба роҳ монда шавад. Донишҷӯ бояд аз илми биотехнология ва паҳлуҳои мухталифи он огоҳ бошад.

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки мавриди таҳлил қарор гирифт, ин парвариши гулҳои ороишӣ буд. Гуфта шуд, ки дар айни замон гулпарварӣ дар заминаи факултет вобаста шудааст ва донишгоҳ дар ин самт ҷойҳои лозимаро муайян намудааст. Аммо, натиҷа дар ин самт хуб ба назар намерасад ва зарурати таҷдиди назарро мехоҳад.

Ҳамин тавр, ректори донишгоҳ дар баробари нуқсонҳои гуногуни фаъолияти факултет, ҳалли масъалаҳои зеринро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд. Таъмини китобхонаи факултет бо китобҳои илмию таълимӣ аз ҳисоби устодони соҳибтаҷриба, назорати ҷиддии соатҳои дарсӣ аз ҷониби мудирони кафедраҳо, навиштани китобҳои дарсӣ дар гурӯҳҳои русӣ, такмилу таҳқиқ намудани гербарияи факултет, омӯзиши роҳҳои нави методикаи таълим, навиштани мақолаву рисолаҳои илмӣ дар мавзӯъҳои мубрами рӯз, иштироки фаъол дар ВАО ва таҷдиди назар намудан ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии факултет дар самти тарбия.