ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ШИНОХТИ ҲАСТИИ ХЕШ

44

Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз икдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид ва пайёми ҷонбахше буд аз фарорасии сулҳи деринтизор. Ба ин рӯз арҷу эҳтиром гузоштани мардуми мо бесабаб нест. Зеро халқе, ки бар асари найрангу фитнаангезии душманони дохилию хориҷӣ гирифтори ҷанги хонумонсӯз гардид, фарзандонашро талаф дод, ранҷ кашид, азоби раҳдурии Ватанро чашид, ба қадри сулҳу салоҳ ва амнияту оромиш мерасад.

Сулҳусубот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣмуяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, монеаҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.

Ҳар гоҳе сухан аз боби замина ва омилҳои сулҳи сарнавиштсоз меравад, андешаҳо гуногун мешаванд, ҳар касе кӯшиш мекунад, ки воқеият ва ё ҳақиқатеро ошкору баён намояд. Вале воқеият ин аст, ки Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд: омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии азалии ин мардум вобаста аст.

Воқеан, Созишномаи истиқрори сулҳ дар сарзамини тоҷикон муҳимтарин ва муассиртарин омили расидан ба ваҳдати миллист. Ваҳдате, ки тайи 28 сол ҷомеаи тозабунёди мо марҳала ба марҳала онро тай карда истодааст. Тайи ин чанд сол ҷомеаи мо тавонист, ки дастовардҳои хотирмонеро дар роҳи дастёбӣ ба ризоияту ваҳдати миллӣ соҳиб шавад. Чун ба ин чанд соли душвори бунёдкориву созандагӣ назар мекунем, мебинем, ки чи гуна давлати Тоҷикистон тавонистааст монеаҳои зиёдеро пушти сар кунад.

Мардуми тоҷик пас аз он ки фоҷиаи сахти миллиро паси сар кард, ба шинохти ҳастии хеш рӯ овард, зарурати ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намуд.

Ин сарчашмаи асосӣ ва омили муҳимтарини расидан ба ваҳдати миллист. Ҳамзамон, ҳар як фарди соҳибақл бояд дарк намояд, ки расидан ба ваҳдати миллӣ амали якрӯзаву дурӯза набуда, марҳилаи давомдорест ва расидан ба он рафъи омилҳои гуногуни ҳоло дар ҷомеа вуҷуддоштаро талаб мекунад. Устуворшавии арзишҳои демократӣ ва ниҳодҳои демократӣ, бо такя ба фаъолгардонии амал ва мавқеи созмону ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, такмилу тақвияти механизми таъсири ҷомеа ба шахс ва рафтори ӯ, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон ва санъати идораи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтироми мероси маънавии ниёгон, устуворшавии адолати иҷтимоӣ василаҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллианд.

Метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ метавонад чун идеологияи ҷомеаи навбунёд пазируфта шавад ва дар роҳи боло бурдани ҳувияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон хидмат намояд.

Равшан аст, ки муҳимтарин омили ваҳдат – ишқу алоқа ба Ватан, ба забону фарҳанг аст. Албатта, мардуми мо чунин дилбастагиро дорад. Вале он аксаран аз ҳадди қавму маҳал фаротар намеравад. Барои ваҳдати миллӣ ин кам аст. Ҳамчунон дарки ин маънӣ лозим аст, ки ҳар яки мо фарзанди як миллат ва як сарзамин ҳастем ва ҳар як ваҷаби хоки Ватан ва ҳамаи афроди ҷомеа барои мо ба мисли падару модар ва хоҳару бародар азизанд.

Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, муҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Дигар ҷиҳати ваҳдати миллии мо ягонагии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар ақаллиятҳои миллӣ ё ба таври дигар шаҳрвандоне мебошанд, ки решаҳои этникии худро ҳамчун намояндаи фарҳанги дигар миллатҳо эҳсос мекунанд. Тавре ки бармеояд, дар Тоҷикистон ақаллиятҳои миллӣ аз ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бархурдоранд ва ҳеҷ монеаи сунъие барои онҳо вуҷуд надорад. Яъне дар сатҳи муносиботи байни ақаллиятҳои миллии сокини кишварамон фазои мусоиди ваҳдатофаре ҳукмрон аст.

Ормонҳои миллати мо чун озодӣ, истиқлолият, ватандӯстиву инсондӯстӣ, озодфикриву илмдӯстӣ, ваҳдати милливу дӯстии байни миллатҳо, таҳаммулгароиву фарҳанговарӣ аз он ғояҳо ва омилҳое мебошанд, ки метавонанд устувории ҷомеаи моро таъмин намоянд.

Дастёбӣ ба идораи тамомияти арзӣ ва мавзунияти манфиатҳои иҷтимоӣ тавассути таҳияи роҳи сиёсие муяссар мешавад, ки тамоили пешрафти сиёсати ҷаҳонӣ ва ниёзҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро ба назар бигирад. Метавон гуфт, ки эҷоди созиш ва эътимоди тарафҳои даргир дар ҷанги дохилӣ, базудӣ барқарор шудани сулҳу субот, барои дар муддати кӯтоҳ баргузор кардани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.

Бо устувории сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки роҳи демократиро масири пеш­раф­ти худ интихоб кардааст, эътимод қоил шуд, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, СҲИ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар субъектҳои фаъоли байналхалқӣ ба Тоҷикистон дасти кумак ва ҳамкорӣ дароз карданд.

Мақоми кишвар дар сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ хеле пеш рафт. Тоҷикистон иштирокчии фаъоли созмонҳои ҳамгироии минта­қавиву байналхалқӣ чун ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС, СУТ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ буда, пайваста талош ба он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкориҳо масоили пешомадаи иқтисодиву сиёсиро ҳал кунад ва ҳамзамон барои рафъи хатарҳои имрӯзаи байналмилалӣ иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро таъмин намояд. Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол шоҳид аст, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз мо тавонистем таваҷҷуҳи ҷомеаро ба масоили муҳимтарин равона кунем ва онҳоро ба ҳалли ин масоил ҳидоят намоем: мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, танзими расму оинҳои миллӣ, даъват ба сохтмонҳои азими аср – неругоҳҳои бузурги кишвар, сохтмони роҳҳои оҳан, нақбҳои Истиқлол, Шар-Шар ва монанди инҳо бо ширкати фаъоли мардуми кишвар ба даст омадааст.

Фаъолияти самаранок ва инкишофи иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе татбиқи чорабиниҳои вусъатбахши иштироки ҷумҳурӣ дар тақсими байналмилалии кор чӣ аз роҳи инкишофи муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ ва чӣ аз тариқи инкишофи раванд­ҳои ба ҳамгароӣ нигаронидашуда имконпазир намебуд.

Ҳадафи Ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини рушди ус­тувори иқтисодӣ буда, нақшаҳои Ҳукумат амалан дар доираи се ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ шуда ва батадриҷ амалӣ мешаванд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошад.
Вазифаи мо олимон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо камоли ифтихор ва бо сари баланду рӯи сурх гуфта метавонем, ки мо ҳамчун давлат – давлати миллӣ ва давлати соҳибистиқлол ташаккул ёфтем ва муҳимтар аз ҳама дар даврони истиқлолият як насли нав – насли озод аз қолабҳои идеологӣ ва маҳдудиятҳои мафкуравӣ, дорои тафаккуру ҷаҳонбинии нав дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ба камол расонидани насли ҷавон, ки дар оянда метавонанд барои пешрафти давлату миллат саҳмгузор бошанд тарбия намоем.

Каримзода Акобир Изатулло – д.и.б., профессори кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М.