ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ СУЛҲ

27

Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ваҳдат калимаест, ки шахсро ба дӯстию якдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва муттаҳид будан даъват менамояд. Оре, сулҳу ваҳдат ибораҳое мебошанд, ки фораму дилписанд садо медиҳад. Вожаи сулҳ ин оромӣ, осоиштагӣ ва якдигарфаҳмиро таҷассум менамояд. Ваҳдат бошад, ифодакунандаи бо ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳмиву поквиҷдонӣ ва миллатдӯстӣ мебошад. Ваҳдат ин санаи пурнишоту ҳаётбахш буда, дар қалбҳои тамаддунофару сулҳофар ҷой гирифтааст. Ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватандӯст бояд аз ин ифтихор дошта бошад. Миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Халқи тоҷик ҳамчун миллати куҳанбунёд, бофарҳанг, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш эҳтирому эътироф гардидааст. Дар ҳақиқат ҳам, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик таъмин гардидааст. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Ваҳдат оғози тамоми созандагӣ, рӯзгори ободу осудаи мардум ва ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати мо дар баробари забони модарӣ ва дигар унсурҳои давлатдориамон нақши муассир дорад.

Бинобар ин ҳар ҷое, ки сулҳ аст, оромию баракат низ ҳукумфармост. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омада, бесарусомониро ба вуҷуд оварда буд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои ҷамъиятии хурду бузург саҳмгузор буданд. Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса пайдо намуд. Барои миллати тоҷик ин ифтихор аст. Дар тули таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, биноҳои баландошёна, ки маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад. Амали хирадмандонаи сокинони ин кишвари биҳиштосо самараи некро ба бор овардааст. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27- июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд, ки ин рӯз ҳар сол бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, зеро сарвати беҳтарин ин ваҳдат ва яонагӣ мебошад. Имрӯзҳо шукр аз он мекунем, ки дар давлати биҳиштосои мо Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва Парчами сулҳу субот, парафшон аст.Моро зарур аст, ки бо нигоҳи тоза ва дили пок ба оянда нигарем ва дидаи умед ба фардои беҳтар, фардое, ки сарнавишти худро бо дастони худ бисозанд ва вобастаи касе набошанд.

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Саидов Б.З., ассистенти кафедраи ботаника ва дендрологияи ДМТ