Пайдоиш, ташаккул ва густариши Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тақозои ҳаёт аст. Он ҷавобан ба ҷанги номатлуби байни тоҷикон, фоҷиаи миллӣ ва парешонию парокандагие, ки дар кишвари мо рух дод, ҳамчун нерӯи азими сулҳпарвар, башардӯст ва истеҳкомбахши ягонагию бародарӣ дар ҷомеа ба вуҷуд омад ва дар байни халқ маҳбубияти тамом пайдо кард. Ин ҳаракати умумихалқӣ иттиҳоди ихтиёрии сокинони кишвар новобаста ба мансубият ба аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, давлатӣ ва хусусӣ, ташкилоту корхонаҳо, иттиҳодияҳои эҷодӣ, муассисаҳои илмию омӯзгорӣ, ҷамъиятҳои миллӣ, коллективҳо ва созмонҳои меҳнатӣ, аъзои инфиродӣ ба шумор меравад, ки дар роҳи озодӣ ва истиқлолияти миллӣ, пешрафти ҳаёти ҷомеа, беҳбудии рӯзгор ва бахту саодати заҳматкашон, эҳёи ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва таҳкими сулҳу салоҳ дар мамлакат аз як гиребон сар бароварда талош мекунанд.
Поягузори он, барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ваҳдати ҳақиқии миллӣ дар сарзамини мо ба туфайли меҳнату муборизаҳои пайгирона ва тӯлонии эшон арзи ҳастӣ кард. Ба ёд овардани ҳамин далел кофист, ки роҳбари ба тозагӣ интихобшудаи давлат дар шароити номусоид ва вазъияти хеле мураккаб бо сардори мухолифини муттаҳиди тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар мамолики хориҷа панҷ маротиба мулоқот намуданд, дар ин гуна суҳбатҳо душвортарин масъалаҳои муносибати тарафайни Ҳукумати қонунии Тоҷикистон тадриҷан баррасӣ карданд ва ниҳоят дар ҷаласаи таърихии 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба Созишномаи сулҳ имзо гузоштанд. Аз ҳамон рӯз эътиборан ин рӯзи таърихӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид.
Имрӯз (14.06.23) бахшида ба ин санаи таърихӣ дар факултети биология бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён ҷамомад баргузор гардид. Чорабинии мазкурро декани факултет н.и.б., дотсент Кароматуллои Қурбоналӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 26-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шодбош намуд. Сипас н.и.т. дотсент, Шарофиддинов С. дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – кафили сулҳу субот ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон» маърӯза намуд.