Ҷаҳони муосир бо пешрафти босуръати илму техника, густариши технологияҳои иттилоотӣ, ҷаҳонишавӣ ва равобити фаромиллӣ рӯ ба рӯ қарор дорад. Аммо дар баробари ин пешрафтҳо, зуҳуроти хатарноке низ арзи ҳастӣ кардаанд, ки амният ва суботи ҷомеаро халалдор месозанд. Аз ҷумла, терроризм ва экстремизм имрӯз ба яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ барои инсоният, бахусус ҷавонон табдил ёфтаанд.
Ҷавонон – неруи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллату давлат мебошанд. Агар онҳо ба роҳи созанда, илму маърифат ва меҳнати ҳалол равона шаванд, давлат пеш меравад. Аммо агар ба доми андешаҳои ифротӣ афтанд, на танҳо сарнавишти шахсии худ, балки оромии ҷомеаро низ зери хатар мегузоранд. Аз ин рӯ, масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, пеш аз ҳама, масъалаи ҳифзи ҷавонон ва ояндаи босуботи онҳо мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд: “Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад. Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд”.
Ин таъкиди Сарвари Давлат ҳар як ҷавони ватандӯсту огоҳ ва ҳамаи онҳоеро, ки масъулияти кор бо ҷавононро ба зимма доранд, водор месозад, ки барои аз зуҳуроти номатлуби аср эмин нигоҳ доштани ҳар як фарди ҷавони кишвар чораҳои бетаъхир андешанд.
Тавре дар боло ишора кардем, терроризм ва экстремизм зуҳуроти манфӣ ва хатару таҳдиди ҷиддӣ барои ҷавонон аст. Агар бо забони содда тавсиф диҳем, терроризм ҳамчун амали зӯроваронае маънидод мешавад, ки бо мақсади тарсонидани аҳолӣ, ҷомеа ва давлат ё халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ содир мегардад. Экстремизм бошад, маҷмӯи ақидаҳо ва рафторҳои тундравонаест, ки бо роҳи радикалӣ ва аксаран бо инкори арзишҳои умумиинсонӣ амалӣ мегардад. Он метавонад хусусияти сиёсӣ, мазҳабӣ ё миллӣ дошта бошад. Гарчанде экстремизм на ҳамеша ба амали террористӣ оварда мерасонад, вале он заминаи идеологӣ барои терроризмро фароҳам месозад. Ба таври боз ҳам мушаххастар: экстремизм – андешаи ифротӣ, терроризм бошад, амали зӯроварона бар пояи ҳамин андеша мебошад.
Саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз ҷавонон табақаи осебпазир дар муқобили таблиғоти радикалию ифротӣ мебошанд ва аз сӯйи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҳадафи асосӣ қарор мегиранд?
Таҳлилу таҳқиқҳо собит кардаанд, ки дар даврони ҷавонӣ шахсият ҳанӯз пурра шакл нагирифтааст ва эҳсосот аксаран аз мантиқ болотар меистад. Ҳамин аст, ки ҷавонон аксаран дар пайи дарёфти мазмуни тозаи ҳаёт, адолат ва худшиносӣ мебошанд. Гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ маҳз аз ҳамин ҳолати руҳию равонии ҷавонон истифода мебаранд.
Онҳо ҷавононро бо ваъдаҳои бардурӯғи «адолат», «қаҳрамонӣ», «ҳифзи арзишҳо», «ҳаёти беҳтар» фиреб медиҳанд ва ба доми худ гирифтор месозанд. Баъзан ҷавононе, ки худро танҳо, бекор ё ноумед ҳис мекунанд, ба чунин таблиғот зуд бовар месозанд ва ба он дода мешаванд. Мутаассифона, ҷавононе, ки ба ин дом меафтанд, бо усулҳои озмудашудаи ин гуруҳҳо мағзшӯйӣ мешаванд ва аз ин роҳ баргаштан барояшон ниҳоят душвор аст. Ҳатто лаҳзае, ки қимати “арзишҳо”-и дурӯғини ин гуруҳҳо барои ҷавонони гирифтор ошкор гардида, онҳо аз ин роҳ бозгаштанӣ мешаванд, гуруҳҳои тундрав аз таҳдидҳо дар муқобили ҷони ҷавонон ва наздикону пайвандони онҳо кор мегиранд. Яъне, ин суҳбатҳои самимӣ ва пур аз эҳсосот, ғамхорию дилсӯзию ҳамдигарфаҳмии аввалия фақат барои ба дом афтондани ҷавонон асту бас.
Гурӯҳҳои радикалӣ худро зуд ба вазъияту ҳолат мутобиқ мекунанд. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи асосии ҷалб табдил ёфтаанд. Видеову наворҳои таҳрифшуда, суханрониҳои эҳсосотӣ ва матолиби таблиғотӣ ба осонӣ паҳн мешаванд. Гуруҳҳои ифротӣ бо истифода аз забони содаву таъсирбахш ва шиорҳои ҷолиб нуқтаи назар ва шуури ҷавононро тадриҷан тағйир медиҳанд. Мисоли равшан ин аст, ки дар баъзе кишварҳо ҷавононе, ки қаблан зиндагии муқаррарӣ доштанд, пас аз таъсири таблиғоти интернетӣ ба минтақаҳои даргир рафта, ба ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд. Аксари онҳо баъдан пушаймон шуданд, вале мутаассифона, хеле дер шуда буд.
Дар баробари омилҳои зикршудаи берунӣ барои ба доми экстремизм афтодани ҷавонон як қатор омилҳои дохилӣ низ мавҷуданд, ки муҳимтарини онҳо паст будани сатҳи маърифатнокӣ ва надоштани тафаккури интиқодӣ мебошад. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ хеле бамаврид таъкид доштанд: “Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”. Вақте ҷавон донишу саводу тафаккури мустақил надорад, роҳи дурусти таҳлили иттилоотро намедонад, ҳар гуна ақидаи зоҳирфиреб метавонад барои ӯ «ҳақиқат» намояд.
Ҳамчунин, мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, набудани муҳити солими оилавӣ, таъсири шахсони тундрав дар доираи шиносон низ боиси ба гуруҳҳои радикалӣ шомил гардидани ҷавонон мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризм ва экстремизм қатъиян маҳкум карда мешаванд. Давлат сиёсати устувор ва пайгиронаеро дар самти таъмини амният ва суботи ҷомеа амалӣ менамояд. Вале мубориза бо терроризм ва экстремизм танҳо бо роҳҳои қудратӣ маҳдуд намешавад. Самараноктарин роҳи наҷот аз ин вабои аср – пешгирии дастаҷамъонаи он аст. Яъне ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ якҷо бо аҳли ҷомеа бояд талоши ҷиддӣ намоянд, то сатҳи ҷаҳонбинию худшиносии ҷавонон баланд гардида, ба қавли маъруф онҳо “сафедро аз сиёҳ” фарқ карда тавонанд.
Дар ин раванд баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон муҳим мебошад. Мактаб ва донишгоҳ бояд на танҳо дониш, балки ҷаҳонбинии солим низ тарбия намоянд. Нақши оила ҳам дар ин ҷо ниҳоят муҳим буда, хонавода бояд муҳити солими тарбия, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром, эътимод ва муколамаро фароҳам оварад. Ҷавоне, ки бо падару модар ошкоро суҳбат мекунад, камтар ба таъсири беруна дода мешавад.
Шароити кору таҳсил ва рушди маҳорату истеъдодҳо низ тақвият дода шуда, барои ояндаи ҷавонон имкониятҳои созгор фароҳам овардан тақозои замон аст. Ҷавоне, ки ба ояндаи худ бовар дорад, ба андешаҳои вайронгаро майл намекунад.
Терроризм ва экстремизм танҳо мушкили як давлат ё минтақаи алоҳида нестанд – онҳо хатар ва таҳдид ба тамоми ҷомеаи башарӣ мебошанд. Аммо зарбаи онҳо пеш аз ҳама ба ҷавонон нигаронида шудааст. Барои эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз ин вабои марговар, ҳамкории самарабахши аҳли ҷомеа, корхонаю ташкилотҳо, бахусус муассисаҳои таълимӣ ва оила бо ниҳодҳои давлатӣ шарти зарур аст. Илм, маърифат, фарҳанг ва ватандӯстӣ беҳтарин сипар бар зидди ифротгароӣ мебошанд. Ҷавонони азиз бояд дарк намоянд, ки роҳи созанда – роҳи дониш, меҳнат ва эҳтиром ба қонун аст. Танҳо дар ҳамин сурат онҳо метавонанд ояндаи дурахшонро барои худ, хонаводаи худ ва Ватани худ бунёд намоянд.
Устозода М.Б. – доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М.
Ғаюбов Р.Б. – номзади илмҳои биологӣ, муаллими калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М.







