ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶАҲОНИ МУОСИР

12

Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаҳони муосир пур аз тазодҳою андешаҳо ва рафторҳои ғайритабиӣ ва ҳамзамон зиддиинсонӣ шудааст. Оқибати нохуб доштани ин падидаҳо ва ё зуҳурот дар назар аст. Мутаассифона, нафарони зиёде фирефтаи чунин афкори носолиму бадбунёд гардида, ояндаи худ ва дигаронро ба ҷаҳолату торикиҳо мебаранд. Саркардагони ин равияҳои тундрав ва тундгаро маҳз ҷавононро ба ҳар гуна воситаҳо ба коми худ кашида, ояндаи неки онҳоро ба як зулмати ногаҳонӣ мубаддал мекунанд. Воқеан, моро зарур аст, ки садди (монеаи) чунин падидаҳо ба монанди гаравиши ҷавонон гардем ва онҳоро аз хавфу хатари ин падидаҳои номатлуб ба роҳи дуруст роҳнамоӣ намоем, зеро ояндаи чунин гурӯҳҳо нобудист. Дар ҳама давру замон душман вуҷуд дошт. Лекин душмании имрӯза, ки дунёро фаро гирифтааст ба куллӣ фарқ дорад. Дар пеши чашми чунин гурӯҳҳо калимаҳои Ватан, падар, модар, давлат, таъриху тамаддун, фарҳанг ва санъату зану фарзанд ва дар маҷмуъ арзишҳои миллӣ аҳаммияте надоранд. Онҳо ҷавононе ҳастанд, ки фирефтаи хоҷагони хориҷӣ гардида, аз доираи фаҳмишҳои худ ҳеҷ гоҳ истифода намебаранд. Танҳо бо фармони гирифтаашон амал мекунанд. Барои ҳар гуна ваъдаҳои хушку холии ваъданамудаи хоҷагони хеш ҳар кореро, махсусан, амалҳои ношоистаи аз доираи табиати инсонӣ берунро розиянд анҷом диҳанд. Чӣ тавре аз ВАО (СМИ) ва кормандони мақомотҳои қудратии ҷаҳонӣ ба ҳамагон маълум аст, дар замони муосир, давлате ё сарзамине намондааст, ки дар он намояндагони ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ба қайд гирифта нашуда бошанд. Дар тамоми сайёра ин гурӯҳҳои барномарезишуда ва фиребхӯрда дида мешаванд. Бинобар ин, амалҳое ки дар ҳоли ҳозир бақайд гирифташудаанд, дар таърихи башарият, яъне терроризму экстремизмро дар асри XXI ҳамчун вабои аср ба монанди “Вабо-Cholera” номидан мумкин аст. Ин “бемориест”, ки садди роҳи он гирифта нашавад, марзҳоро боз ҳам метавонад убур намояд. Ростӣ, мехоҳем оиди сабабҳои гаравидани наврасону ҷавонон ба ин равияҳои тундрав андешаронӣ намоем. Террорист кист? Киҳо метавонанд ба ин гурӯҳҳо мароқ зоҳир кунанд ва гараванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, ки “Террорист – дину мазҳаб, ватану миллат ва ягон аҳаммияти милливу давлатӣ надорад”. Нафаре ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мегаравад, ки дониши кофии диниву дунявӣ, милливу фарҳангӣ ва ҳатто фаҳмиши кофии хатту савод надорад. Бо андак тарғибу ташвиқи хоҷагони хориҷӣ, майл менамоянд ба равияҳои тундрав ва тундгаро.

Огоҳ будан аз гузаштаи халқу миллат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои давлат ин асолат ва қарзи ҳар як шаҳрванди мамлакат маҳсуб меёбад. Зарур аст, ки тарғибу ташвиқҳои ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ дар байни ҷавонон зиёд гардад. Ин ба ҷавонон мусоидат мекунад то ба ҳар як пешниҳодҳои одамони гуногун ва ҳамзамон бегона розӣ нашаванд, то ҳаёти ояндаи худ ва дигаронро насӯзанд.

Мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд ҷавонони ноогоҳе, ки бо фаҳмиш ва дарки маҳдуди худ ба гурӯҳҳои тундрав ва тундгаро мепайванданд ва аз онҳо ҷонибдорӣ мекунанд. Ин бениҳоят хатои бузург аст… Моро – ҳамчун шаҳрвандоне, ки тинҷиву озодӣ, фазои сулҳу субот, амният ва осоиштагии ватанро қадр менамоем, зарур аст, барои нагаравидани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо бетараф набошем. Ин танҳо вазифаи ҷонии мақомотҳои қудратии мамлакат нест, балки ҳамаи ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва сохтору ниҳодҳои гуногуни мамлакатро новобаста аз шакли моликияташон зарур аст, ки оиди пешгирии ин ҳолатҳо бетарафӣ зоҳир накунанд. Ба қавле, аз як гиребон сар барорем ва барои монеаи роҳи гаравидани ҷавонону шаҳрвандони Ватан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ камар бандем. Дар оилаву боғчаҳо, мактаб ва донишгоҳу донишкадаҳои таҳсилоти олӣ низ зарур аст ҳарчи бештар оиди ин зуҳуроти номатлуб ва ё вабои аср бо шиори “Нест бод терроризму экстремизм” амал намоем. Мо боварии комил дорем, ки ҷавонони даврони истиқлол бо як дарки баланди худшиносию ватанпарастӣ дар ҳифзу амнияти ватани азизамон Тоҷикистон бетараф набуда, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба мепазиранд ва боз ҳам дар гулгуншукуфоии ватани азизамон саҳм мегузоранд.

Мудири кафедраи ботаника ва дендрология, д.и.б. Бобокалонзода Ҷ.М.