Бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бо ҳадафи боло бурдани маърифати сиёсиву ҳуқуқии донишҷӯён имрӯз (07.11. 2025) вохӯрии навбатии намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарпарасти Донишгоҳ аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, бо донишҷӯёни курси аввали факултетҳои таърих, биология ва геология баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани худшиносиву масъулияти шаҳрвандӣ ва нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдории миллӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки ҷавонон имрӯз бояд на танҳо дар самтҳои илм, иқтисод ва иҷтимоъ, балки дар таҳкими суботи ҳуқуқӣ ва пойдории арзишҳои фарҳангии ҷомеа саҳми фаъол гузоранд. Тарбияи ватандӯстӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ раванди доимӣ ва ҳадафмандонаест, ки ҷавонро ба инсонҳои дорои ҳисси баланди масъулият, садоқатманд ба Ватан ва ободгари ҷомеаи демократӣ табдил медиҳад.
Ҳамзамон, масъулин доир ба риояи меъёрҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, либоспӯшии мувофиқ ба дастурамали донишгоҳ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ суҳбат ороста, донишҷӯёнро ба худогоҳию худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ даъват намуданд.









