ТАРБИЯ ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ БОСУБОТИ ҶОМЕЪА

246

Санаи 29.04.23 дар факултети биология бо иштироки декани факултет, дотсент Кароматуллои Қурбонали ҷаласаи Шӯрои сарпарастон гузаронида шуд. Дар ҷаласа оид ба саривақт ҳозир шудани донишҷӯён ба дарс, риояи сару либоси ҷавобгӯ ба талаботи Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нагаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона, назорати донишҷӯён дар хобгоҳ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои сарпарастон, ташкили гуруҳи корӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои сарпарастон суханрони карда шуд. Дар анҷоми ҷаласа муовини декан оид ба тарбия Доруев Файзулло, раиси Шӯрои сарпарастони факултет муаллими калони Ғаюбов Раҷабалӣ баромад намуда ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо дар як ҳафтаи таълимӣ бо сарпарастони гурӯҳҳои академӣ суҳбат намуданд.