ТАБРИКОТИ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор

445

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Хурсандибахш аст, ки ду иди барои мо муқаддас, яъне Рӯзи забони тоҷикӣ ва Рӯзи омӯзгор дар як муддат, яъне аввали моҳи октябр рост меоянд. Ин ду мафҳум – забон ва омӯзгор дар ҳақиқат муқаддас ва ба ҳам тавъаманд.

Бояд зикр намуд, ки рушд ва ояндаи ягон ҷомеаро бе заҳмати омӯзгор наметавон тасаввур кард. Зеро омӯзгор дар тарбияи насли ояндасоз ва мутахассисони баландихтисос нақши арзанда дорад. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгор дар ҷомеа мавқеи муҳимро касб кард ва тавре иброз медоранд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад».

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Паҳлуи дигари сиёсати созандаи Пешвои миллат омӯзиш ва ҳифзи забони давлатӣ мебошанд. Ин аст, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ва табиист, ки дар ҳифз ва рушди забони давлатӣ саҳми омӯзгорон назаррас аст. Пас, мо имрӯз бояд ҷавононро дар руҳияи содиқ будан ба анъанаҳои неки гузаштагони хеш, донистани забону таърихи пурғановати миллати худ ва дар руҳияи ватандӯстию инсондӯстӣ тарбият намоем.

 Аз фурсат истифода бурда ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар симои онҳо мардуми шарифи Тоҷикистонро ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор самимона табрик намуда, барояшон саломатӣ ва фаъолияти пурсамарро таманно дорам.

Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон муборак!