Таҷлили рӯзи Конститутсия

445

Санаи 5 ноябри соли 2020 дар толори факултет  чорабинии тантанавӣ, бахшида  ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур декани факултет, муовинони декан, мудирони кафедраҳо ва устодону донишҷўён  фаъолона иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро декани факултет, профессор Каримзода А.И. ифтитоҳ намуда, ба муносибати ин ҷашни муҳими давлатӣ 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону донишҷӯёнро табрику муборакбод намуд.

Декани факултет иброз дошт, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, нақшҳои он ҳамчун роҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа асрҳои аср хидмат хоҳад кард.

Сипас дотсенти факултети ҳуқуқшиносиии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоев Ф. баромад намуда ба ҳозирин маълумотҳои мушаххас пешниҳод намуд. Қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси таҳкимкунандаи фаъолияти қонунии давлат ба шумор меравад. Бахусус, дар даврони истиқлолият ин санади олӣ бо як фазои озоди танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ фаъолиятро то ба имрўз давом дода, дар рушди давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзандаеро мегузорад. Таҳким ва иҷрои кафолати конститутсионӣ, албатта аз тарафи давлат назорат ва ба танзим дароварда мешавад. Дар идомаи баромади хеш қайд намуданд, ки ин санади сарнавиштсоз барои халқи асрҳои зиёд аз ҷафоҳои таърих ва ниҳоят, аз оташи ҷанги таҳмилии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ азияткашида, вале ҳамвора пурталошу сулҳҷӯ ва ваҳдатгарои тоҷик чун бахтномаи ояндаафрӯз ва шиносномаи давлатдории навини миллӣ масири рушду пешрафтро муайян намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида.

   Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултет устодону кормандон ва донишҷўёнро бо ин рӯзи воқеан ҳам таърихӣ табрику сипос намуд.