ТАҲКИМИ ДОНИШҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ

13

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, вохӯрии навбатии сарпарасти Донишгоҳ аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Қурбонов бо донишҷӯёни курсҳои чоруми факултетҳои физика, биология, геология ва механикаю математикаи Донишгоҳ баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳимми таълиму тарбия ва масъулияти шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, риояи қатъии меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, саҳмгузорӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз омилҳои хавфнок таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки донишҷӯён ҳамчун кадрҳои ояндаи соҳаҳо бояд дар фаъолияти илмӣ, таҳкимбахшии тарбияи шаҳрвандӣ, иштирок дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъолона ширкат варзанд.

Зимнан, садорати факултетҳо ва масъулини Донишгоҳ доир ба фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва тарбиявии факултетҳо, инчунин, раванди татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ дар самти таҳким ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии ҷавонон маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Ин вохӯрӣ ба донишҷӯён имкони бештар фароҳам овард, то дар бораи масъалаҳои амният, тарбия, зиракии сиёсӣ ва нақши ҷавонон дар таҳкими суботи ҷомеа маълумоти муфассал ба даст оранд ва мавқеи хешро ҳамчун мутахассисони оянда дар ин соҳа аниқтар муайян намоянд.