Дар замони имрӯза тағйирёбии иқлим яке аз проблемаҳои муҳим дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Истилоҳи «тағйирёбии иқлим» ба тағйирёбии ҳарорати ҳаво, суръат ва самти ҳаракати шамол, миқдори боришот, обшавии пиряхҳо, биёбоншавӣ, радиатсияи офтоб, зиёдшавии газҳои гармхонагӣ, хушксолӣ, мигратсияи одамон, аз байн рафтани флора ва фауна, зиёдшавии оби дарёҳо аз меъёр зиёд, таъсир ба иқтисодиёт тааллуқ дорад. Гармшавии глобалӣ ин оҳиста – оҳиста ва давра ба давра гармшавии зиёди атмосфераи кураи Замин мебошад, ки дар замони ҳозира айён гардидааст. Иқлими Замин дар тули садсолаҳо ба тадриҷ тағйир ёфт. Давраҳои сард ба давраҳои гарм иваз шуданд. Сабаби асосии тағйирёбии иқлим фаъолияти инсон дар сайёра буда, ба ифлосшавии атмосфера боис гардидааст. Болоравии ҳарорати ҳаво ба микдори 2-3°С дар дурнамои миёнамуҳлат деградатсияи пиряхҳоро пурзӯр намуда, боиси аз байн рафтани ҳазорҳо пиряхҳои хӯрд мегардад. Дар марҳалаи аввали обшавии пиряхҳо сатҳи оби дарёҳои ҷудогона баланд шуда, коҳиши оби дарёҳои дигарро ҷуброн менамояд, вале баъдан дар бисёр дарёҳо камшавии фоҷеаомези серобӣ оғоз мегардад. Аз рӯйи пешниҳоди олимони соҳа гармшавии иқлим аз меъёр зиёд ба қайд гирифта шудааст, ки боиси харобиҳои ҷонию молӣ аҳолии сайёра гардидааст.
Тибқи маълумоти олимони дунё гармшавии иқлим аз чунин омилҳо:
– пайдошавии вулқанҳо;
-ҳодисаҳое, ки дар баҳрҳо сар мезананд (туфон, гирдоб ва ғ.);
-магнити рӯйи Замин;
-камшавии обҳои зеризаминӣ (чашмаҳо);
-фаъолияти антропогении одамон мебошанд.
Атмосфераи Замин гармиеро, ки аз сатҳи болоии сайёра хориҷ мешавад, дар худ нигоҳ медорад. Дуоксиди карбон, ки яке аз газҳои дар атмосфера мавҷудбуда ба шумор меравад, гармиро (гази парникиро) ба осонӣ нигоҳ медорад. Баъзе аз газҳои парникии табиӣ ҳар рӯз ба атмосфера партофта мешаванд. Масалан, дуоксиди карбон дар натиҷаи сӯхтори ҷангалҳо ва пӯсидани наботот ба атмосфера партофта мешавад. Сабаби асосии тағйирёбии иқлим дар сайёра, пеш аз ҳама, аз ифлосшавии атмосфера манша мегирад. Инсон майдони ҷангалҳоро ба хотири шаҳрҳо ва васеъ кардани майдонҳои киштзор нобуд карда, дар натиҷа шумораи дарахтоне, ки қобилияти аз атмосфера ба худ кашида гирифтани дуоксиди карбонро доранд, кам намуданд ва ин рафтори нооқилона то ба имрӯз давом дорад, ки ин дар атмосфера мувозинати газро тағйир дода, ҳароратро бештар менамояд. Ҳар қадар гармӣ боқӣ монад, ҳамон қадар сатҳи болоии Замин метасфад. Олимони соҳа ба чунин хулоса омадаанд, ки баланд шудани ҳарорат ба миқдори 1,9-4,90С то охири асри оянда ба баланд шудани сатҳи оби баҳр то 40-120см оварда мерасонад.
Тағйирёбии иқлим ба сар задани бисёр офатҳои табиӣ оварда мерасонад. Мувофиқи маълумоти ширкати суғуртавии машҳури Munich Re маблағи хисороти глобалии дар натиҷаи офатҳои табиӣ бамиёномада миллиардҳо доларро ташкил додааст. Дар солҳои минбаъда бошад, ин маблағ дучан зиёд мегардад.
Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати кунунии худро ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим равона намуда, ба амалӣ гардонидани «Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим» шурӯъ намуд, ки амали барномаи мазкур ба рушди фаъолият соҳаҳои гуногун ва аҳоли нигаронида шудааст.
Тоҷикистон дар бобати ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аз ҷумлаи ҳашт мамлакати озмоишӣ (пилотӣ) ба шумор меравад. Вобаста ба ин дар мамлакати мо Стратегияи миллии рушд қабул карда шудааст. Барномаи мазкур ҳуҷҷати асосии стратегӣ буда, афзалиятҳо ва самтҳои умумии сиёсати давлатро муайян менамояд, ки ба рушди устувори иқтисодӣ, осонгардонии дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона шудааст. Ғайр аз ин, тамоми назарияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди мамлакат, фаъолияти тамоми мақомоти идораи давлатӣ аз ҷумла, Барномаи сеюми миёнамуҳлати стратегии кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар давраи солҳои 2010-2012 аз Стратегияи миллии рушд сарчашма мегиранд.
Барномаҳои миллии рушд ва нақшаҳои амали ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба беҳдошти муҳити зист, биёбоншавӣ, идоракунии обхезӣ, ҳифзи қабати озон, тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ ва ғайра далели афзалият ва аҳамияти фаровони татбиқи чораандешиҳои вобаста ба пешгирӣ ва паст намудани оқибатҳои номусоиди фалокатҳои табиии марбут ба таъсири иқлим ва тағйирёбии иқлим аст. Марҳалаи ҳозираи стратегияи мутобиқсозӣ, асосан муайян намудани татбирҳои аввалияи мутобиқсозии имконпазиреро дар бар мегирад, ки бояд бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мусоидат ба рушди устувори кишвар татбиқ ва амалӣ гарданд. Дар марҳилаҳои минбаъдаи таҳияи стратегия васеъ кардан, санҷиш ва муайян кардани ҷузъиёти чорабиниҳои мутобиқсозӣ пешбинӣ мешавад.
Мақсади стратегияи мутобиқсозӣ таҳияи тадбирҳои маҷмӯии таъсирбахшест, ки метавонанд ба коҳиши таъсирпазирии захираҳои табиӣ, соҳаҳои иқтисодӣ ва саломатии аҳолӣ дар шароити тағйирёбии иқлим мусоидат карда, рушди устувори кишварро таъмин намоянд.
Бинобар ин, мо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба паёмадҳои тағйирёбии иқлимро ҳамаҷониба дасгири намуда, оид ба ин ҷараёни мураккаб кушиш мекунем, ки масъулияти хосса барои таҳияи пешбиниҳои дарозмуддати обнокии дарёҳои Тоҷикистон эҳсос намоем. Чорабиниҳое, ки метавонанд раванди фалокатовари тағйирёбии иқлимро дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ пешгирӣ намоянд, инҳоянд:
– бунёд ва барқарор намудани бешазорҳо дар минтақаи шаклгирии дарёҳо;
– бунёди обанборҳо, ҷиҳати ба танзим даровардани реҷаи оби дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иқлими муътадил;
– бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ;
– баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ.
Каримзода Акобир Иззатулло, доктори илмҳои биология, профессор