СОЛИ 2024 – СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

406

Яке аз сабабҳои баҳсҳои геополитикӣдар ҷаҳони муосир ин муаммою зиддиятҳои глобалии охири асри ХХ ва аввали асри ХХI мебошад. Имрӯзҳо дар тамоми дунё ба масъалаи муҳофизати муҳити зист, махсусан баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад, чунки аз он ҳолати некуаҳволӣ ва солимии инсоният вобастаи калон дорад. Дар замони ҳозира масъалаҳои муҳофизати муҳити зист тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсонро фарогир буда, ҳаллу фасли онҳо на танҳо дар доираи ақидаҳои олимону коршиносон, ҳамчунин дар сатҳи роҳбарони кишварҳои олам низ мавриди арзёбӣ қарор доранд.

Бинобар он, имрӯзҳо масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи табиат ҷузъи ҷудонашавандаи давлату давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, оқибатҳои ногувори онҳо ҳар фарди соҳибтафаккури саёраро водор менамояд, ки дар ҳалли ин масоили глобалӣ бетарафӣ зоҳир накунад.

Дар шароити мураккаби вазъи экологии ҷаҳон масъалаи маърифати экологии аҳолӣ муддати тӯлонӣдар меҳвари таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро дар мадди аввали сиёсати давлатии хеш қарор дода, барои беҳбудии он ғамхории доимӣ зоҳир менамояд.

Дар асоси ахбори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 дар шаҳри Душанбе «Соли маърифати экологӣ» эълон гардид. Мақсад аз ин қарор боло бурдани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад. Ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ташаббуси «900 рӯзи ободонӣ» амалӣ мешавад.

Маърифати экологӣ – раванди таълим, ки мақсади он аз маърифати экологӣ баҳравар кардан, дар рӯҳи маърифати экологӣ таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарҳанги экологӣ, дуруст ва оқилона муайян кардани тамоили донишандӯзӣ, нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида ва аҳолӣоид ба ҳифз ва истифодаи табиат иборат мебошад.

Маърифати экологӣаз ҷониби дигар, ин паҳн кардани донишҳои экологӣ дар бораи бехатарии экологӣ, тарзи ҳаёти солим, маълумот оид ба ҳолати муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ бо мақсади ташаккули фарҳанги экологӣ дар ҷомеа мебошад.

Фарҳанги экологӣ – қисми таркибии фарҳанги умумибашарӣ ва миллиест, ки маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоӣ, арзишҳои ахлоқӣ, меъёр ва усулҳои таъсири мутақобилаи ҷамъиятро бо муҳити зист дар бар мегирад ва меросан барои ташаккулёбии дониш ва маърифати экологӣ дар шуур ва ахлоқи ҷамъиятии одамон дар тӯли ҳаёт ва фаъолияти наслҳо, ки ба ҳаёти солим, болоравии маънавиёти ҷамъият, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, бехатарии экологии кишвар ва ҳар фарди алоҳида мусоидат менамояд. Мақсади маърифати экологӣ ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётии шаҳрвандон ва фарҳанги экологӣ дар ҷомеа дар асоси принсипҳои рушди устувор мебошад. Асоси фарҳанги экологиро сифатҳои меҳрубонӣ, ғамхорӣ нисбат ба дигарон, эҳтиром ба калонсолон, раҳмдилӣ, ваҳдат ташкил медиҳанд. Арзишҳои ахлоқӣ ва экологии кӯдак, ки аз хурдсолӣ тарбия карда мешаванд, дар ҳаёти калонсолии ӯ низ боқӣ мемонанд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо аксарияти ҳодисаҳои номатлуби дар табиат ба амалоянда ба ҳолатҳои антропогенӣ–дахолати инсон ба муҳити зист иртибот доранд. Бо назардошти ин, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣва маърифатнокии экологии мардум масъалаи хеле муҳим саривақтӣ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, Барномаҳои давлатӣ, қарорҳои давлатию ҳукуматӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифати экологии аҳолӣ қабул карда шуда, мавриди амалу татбиқ қарор ёфтанд ва барои таъмини амнияти экологӣ ва шароити мусоиди зиндагии мардум заминаи боэътимод ба вуҷуд оварданд. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги экологии аҳолӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид. Мақсади барномаҳои мазкур ташаккули ҷаҳонбинии нав аз тарзи ҳаёти нави ҷомеа, беҳтар намудани ҳолати муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои кулли аҳолии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дониш ва маҳорат дар амал мустаҳкам гашта, ин дар навбати худ ба ташаккулёбии малака ва таҷрибаи шахсӣ мусоидат менамояд. Барои дарки моҳияти маърифати экологии шаҳрвандони кишвар на танҳо раванди таълим, балки шарҳвандонро барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус экологӣ, дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣва ҷаҳонӣ омода намудан зарур аст. Дар масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари рӯзномаҳои даврӣ, инчунин, нашрияҳои соҳавӣ, назири «Наврӯзи Ватан», «Набзи табиат», «Табиат ва ҳаёт», «Ҳифзи табиат», «Табиат» арзи вуҷуд намудаанд, ки онҳо низ дар самти болоравии маърифати экологии мардум нақши муассири худро мегузоранд.

Бояд қайд намуд, ки дар баланд бардоштани маърифти экологии ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти мактабҳои миёна ва олӣомӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, ба монанди биология, химия, физика, биоэтика, этикаи экологӣ, тиб, география, нуҷум, мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулода аҳамияти назарррас доранд. Раванди тадриси ин фанҳо бояд ба ташаккулёбии ҳисси табиатдӯстии онҳо, муносибати гуманӣ доштан бо табиат, волидайн, хешу табор ва бо дигар зиндаҳо мусоидат намояд. Ҳар як фард бояд дарк намояд, ки ҳалли масъалаҳои экологӣ бе ҳифзи табиат ва оқилона истифода бурдани сарватҳои он номумкин аст ва дар замири онҳо нисбат ба ҳолату вазъи муҳити зисташон ҳисси масъулият, ӯҳдадорӣ ташаккул ёбад. Зеро масъалаҳои экологӣна танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми ҷаҳон дар мадди аввал буда, некуаҳволӣ ва солимии ҷомеа аз он вобастагии калон дорад.

Тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, муҳофизати арзишҳои гуногуни экологӣ бевосита амали хайру савоб буда, нишонаи эҳтиром гузоштан ба анъанаҳои Ватани аҷдодӣмебошад.

Тоҷикистон-кишвари ҳамешабаҳор, биҳишти рӯйи замин, сарчашмаи обҳои мусаффо, макони кӯҳҳои сар ба фалак ва осорхонаи зиндаи таърих аст. Бесабаб нест, ки танҳо ба хотири дидани табиати зебову афсунгари Ватани маҳбубамон ҳазорҳо сайёҳони хориҷӣ кишвари моро интихоб менамоянд. Аз ин рӯ, тозаву обод намудани ҳар гӯшаю канори он, кабудизору ҳамешасабз гардонидани табиати кишвар вазифаи муқаддас ва масъулияти ҳар як шаҳрванди соҳибтафаккур ба шумор меравад.

Дар меҳвари сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои бунёдкоронаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мо, сокинони пойтахт дар масъалаи муҳофизати муҳити зист, оқилона истифода бурдан ва афзун гардонидани сарватҳои он, ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он бо роҳи ҷуброни зарари расонида ба табиат саҳми назаррас гузорем.

Бо азму иродаи сиёсӣ, сарҷамъона, тавассути амалҳои ободкорӣ ба хотири наҷоти табиат ва инсоният муҳити зисти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сарватҳои онро ба наслҳои оянда бояд боқӣ гузорем.

Иброгимова С.И.,н.и.б., мудири кафедраи биохимияи ДМТ