САРФАРОЗИҲОИ ТОҶИК АРМУҒОНИ ВАҲДАТ АСТ

7

(Меҳрномае ба истиқболи 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон)

Унвони меҳрномаи мо худ баёнгари он аст, ки ҳар миллате, ҳар қавме ва ҳар ҷамъе маҳз ба василаи ҳамдилӣ ва гароидан ба ҳамдигарфаҳмию ваҳдат дар анҷом додани ҳар ибтикоре тавоно мешаванд.Бидуни дарки ин маънии воло наметавон дар зиндагӣ, махсусан дар давлатдорӣ ба ҷое расид. Хушбахтона, мо мардуми Тоҷикистон баъди пушти сар кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва кашидани ҷабри ҳамдигарнофаҳмӣ дар соли 1997 дарк намудем, ки танҳо ба василаи ба пайванди дилҳо табдил додани ибораи муқаддаси “Ваҳдати миллӣ” ба комили кардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қодир мешавем.Яъне, дар соли 1991 ба Истиқлоли давлатӣ расидани мо ва баъди чанд соли соҳибистиқлолӣ ба Ваҳдати миллӣ гароидани мардуми Тоҷикистон собитгари он аст, ки соҳиби Истиқлоли давлатӣ будан ҳанӯз марҳалаи ибтидои давлатсозист ва барои ҳифзи мустақилият мебояд ҳамдилу ваҳдатгаро буд.Ба таъбири шоири шаҳири миллат Лоиқ Шералӣ мо 28 сол қабл тавассути шинохти арзиши олии Ваҳдати миллӣ “Нури ҳақ”-ро бар диёри хеш овардем ва ба “Сулҳи деринтизор” расидем:

Раҳми Парвардгори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Ин иттифоқи наҷиби ояндасоз-Ваҳдати миллии Тоҷикистон 27 июни соли 1997 сурат гирифт.Созишномаи Истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.Агарчи ин номаи иқбол дар шаҳри Маскав имзо шуд, вале мо имрӯз дар кишвари азизамон Тоҷикистон аз баракати ваҳдату ягонагӣ зиндагии орому осуда ва шоиста дорем.Ин аст, ки хома ё худкори имзо шудани созишномаи мазкур барои мо муқаддас аст.Хомае, ки бо дар рӯй варақ пай чидани хеш зиндагии моро комилан дигар аст.Худкоре, ки Пешвои муаззамми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он шабу рӯзҳо дар ҳамбастагӣ бо ҷониби мухолифин бо муҳаббати хоси ватандорӣ ва бо тақозои миллатсозӣ ба даст гирифтанд, имрӯзҳо ба комил шудани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон омили муҳим ва тақдирсоз гардид.Инак, ба баракати имзо гузоштан ба ин ҳуҷҷати тақдирсоз 28 сол мешавад, ки соҳиби Ваҳдати миллием.Баракати Ваҳдати миллӣ ва ҳамдилист, ки Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзонафарзанди Ватан муаррифӣ шудаву ва дар дилу дидаи хосу ом ҷо гирифтааст.Ваҳдати миллӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки имрӯзҳо Сарвари давлати мо натанҳо барои мардуми Тоҷикистон Пешво бошанд, балки тоҷикони рӯйи олам варо Пешвои тоҷикони ҷаҳон хонанду донанд.Ягонагии Тоҷикистон ва ба умқи фалсафаи Ваҳдати миллӣ расидани мардуми кишвар аст, ки ҳоло мамлакати мо дар шахсияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори бузургтарин ибтикороти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар самти Сулҳ, об, иқлим ва пиряхҳост.Ҳоло ба баракати Ваҳдати миллӣ ҳарфи Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, махсусан дар СММ ва “ЮНЕСКО” аз ҷониби давлатҳои пешрафта чун ҳадиси ҷаҳонсозию ҷаҳонафрӯзӣ эътироф мешавад.Яъне, Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдати миллии пуриқтидори дар Тоҷикистон муҳайё қонеъ нашуда, дар талаби онанд, ки бигзор ҷаҳониён моҳияти ваҳдату ҳамдилӣ ва сулҳу салоҳи сартосариро амиқ дарк созанд ва ба ин васила дар кураи арз зиндагии орому осуда дошта бошанд.Бад-ин хотир аст, ки мудом ҷаҳониёнро аз хатари густурда шудани афкори террористию экстремистӣ дар ҷаҳони имрӯза ва оқибатҳои тағйирёбии иқлиму дар натиҷаи он аз байн рафтани зиндагии бенуқс дар олам ҳушдор дода, роҳкорҳоеро ҳам барои расидан ба амну амонии сартосарӣ ва ҳифзи иқлими сайёра аз нопокиҳо ироа медоранд.Агар ҳарфи Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллати дар олами бекарон чун ҳадиси ҷаҳонсозӣ эътироф шавад, пас чаро аз ҳузури шоистаи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нутқи зебои шукронаро ба забон наорем ва Ваҳдати миллиро бақои миллат нахонем.Дар ҳақиқат ҳам, бидуни шак Ваҳдати миллии мо омили муҳими ватансозӣ, зиндагиафрӯзӣ ва сабаби бақои мо гардид.Бақое, ки сентябри имсол моро ба Истиқлоли давлатии 34-сола мерасонад ва Тоҷикистон масири комил намудани соҳибистиқлолии хешро ба баракати Ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии мардум идома медиҳад.Яъне, метавон бо ифтихори хос аз Ваҳдат ва ризоияти миллии таъмин дар Тоҷикистон иброз дошт, ки имрӯз зеҳни мардуми ваҳдатгарои Тоҷикистонро ба ҳеч афкору ақидаи ғайру муғризонае мағшуш карда наметавонад, зеро мо аз меваҳои боғи ватандорӣ ва Ваҳдати миллӣ бо майли том ва эҳсоси гуворо чашидан дорем ва намехоҳем аҷнабие ин боғи пур аз меваҳои шаҳдборро ба яғмо барад.Бо такя ба шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода метавон имрӯз ба чунин хулосаи зиндагисозу ватанбунёдгар расид, ки ҳастии миллати тоҷик дар Ваҳдати миллӣ хулоса мешавад ва ба таъбири шоир он “…дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост”.Ба ин маъно дидаи ҳар тоҷик аз шинохти моҳияти Ваҳдати миллӣ равшан мебошад ва соҳибони ин Ватан дарк месозанд, ки танҳо дар “ҳисори Ваҳдати миллӣ” метавонад ҳасти миллати тоҷик аз газанд эмин бошад.Яъне, тоҷикони ваҳдатгаро бо муддаои хос ва парвариши нахли Ваҳдати миллӣ ватандорӣ кардан доранд, ки ин шеваи зиндагӣ рамзи хоси абадӣ мондани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст:

Чист миллат?-Ваҳдати дунёи мост,

Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.

Аз саводаш дидаи мо равшан аст,

Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.

Ваҳдати миллат бақои миллат аст,

Устувор аз муддаои миллат аст.

Агар дарки мафҳумҳои сарҷамъӣ, ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ ва Ваҳдати миллӣ бузургу аҳамиятнок намебуд, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои аввалӣ давлатдорӣ масъалаи ба Ватан баргардонидани гурезагонро дар миён намегузоштанд. Маҳз ин ибтикори шоиста Ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон асос гузошт ва мардуми мо ба ин васила моҳият ва фалсафаи Ваҳдати миллиро амиқ ва бо шеваи хоси ватандорӣ дарк намуданд. Ба ин маъно шоиста хоҳад буд агар чунин хулоса кард, ки маҳз Ваҳдати миллӣ ба мунавварии ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон сабаб гардидааст ва нури ҳамдилӣ мардуми Тоҷикистонро тоҷбарсар кардааст.Дар саргаҳи ин тоҷбарсарӣ ҳамчун пешоҳанги дар роҳи ватандорӣ собитқадам Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ки ба Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ расидани Тоҷикистонро самари хидматҳо ва иродаи қавию мардуми Тоҷикистон медонанд ва мефармоянд: “Сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, бори дигар дар назди халқи шариф ва миллати сарбаланди тоҷик сари таъзим фуруд меорам”.

Мо мардуми Тоҷикистон, ки ин фарзонафарзанд, марди асилу раҳнаварди собитқадами роҳи ватандорию ватансозӣ-Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дидаи ҷаҳонбину ваҳдатгаро ба шоистагӣ шинохтем, имрӯзҳо бо дили гарм ва бо азми қавӣ масъулияти ватандорию ватанбонии хешро иҷро кардаистодаем. Яъне, имрӯзҳо ҳар тоҷики бедордил пайрави асили ин родмарди ватансоз аст, зеро медонем, ки дар лавҳи ёду хотири Пешвои муаззами миллат ҷуз ҳадиси ватансозӣ ва ба зиндагии шоиста расондани мардуми Тоҷикистон ҳарфи дигар иншо нагаштааст.Ҳамин аст, ки дар ҷодаи ҳифзи арзишҳои олии Ваҳдати миллӣ чун Пешвои миллати хеш будан мехоҳем.Агарчи бадхоҳону ҳасудони Пешвои миллати мо, ки дар асл ҷумла худбохтаву ватанфурӯшанд, дар ҳаққи ин марди бузург носазо мегӯянд, вале ҳаргиз ин ҳарзаҳо мо мардуми Тоҷикистонро ба бероҳа намебаранд ва мо аз пайравии суханҳову аъмоли шоистаи Пешвои муаззами миллат даст намекашем ва чун ӯ дар роҳи ҳифзи асолат, арзишҳои ватандорӣ, соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ собитқадаму устувор боқӣ мемонем, зеро хуб медонем, ки танҳо бо ҳаводории ҳадиси созандаи ин фарзонафарзанди диёр метавонем бақои ҳамбастагию ҳамдилиро дар Тоҷикистони азизамон пояндаву бегазанд ва арҷманд нигоҳ дорем.Ба он хотир, ки гӯш надодан ба ҳарфи роҳбар имрӯзҳо боиси сар задани ноамниҳо дар баъзе мамолики олам гашта истодааст.Аз ин рӯ, шак нест, ки пайравии садоқатмандона аз кору пайкори ватанмеҳвари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба зиндагии шоиста ва қуллаи оливу волои худшиносиву ватандсозӣ ва ҳифзи Ваҳдати миллӣ мерасонад.Дар партави ин чанд сатри иншокарда барои худ ифтихор медонам, ки ҷашни шоиставу накӯ-28-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистонро ба мардуми ваҳдатписанду ваҳдатгаро ва сулҳпарасти кишварамон табрик арз намоям ва дар таманнои абадияти Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллии Тоҷикистон бошам.

Ваҳдату ҳамбастагӣ ва ҳамдилии мардум муборак бод, Тоҷикистони азиз ва ҳамватанони гиромӣ!

Кароматуллои ҚУРБОНАЛӢ, декани факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон