САДА – ЭҲЁГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

25

Мавҷудияти миллатро бе арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллияш тасаввур намудан ғайри имкон аст. Барои бақои миллат, забон, фарҳангу тамаддун, урфу одат ва маросимҳои суннатӣ, фарзонафарзандони миллат, шоирону нависандагон ва сиёсатмадоронаш аҳамияти калон дорад.

Яке аз дастовардҳои бузурги фарҳангии даврони Истиқлол, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаанд, ин таҷлили ботантанаи санаҳои муҳими таърихию фарҳангии миллати тоҷик ва бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ мебошад.

Яке аз ҷашнҳое, ки солҳои тулонӣ ба ҳукми фаромӯшӣ рафта буд, бо дастгирии давлату ҳукумати кишвар аз нав эҳё гардида, дар сатҳи зарурии ташкилӣ ҳамасола гузаронида мешавад, ин ҷашни Сада мебошад. Ҷашни Сада ва дигар ҷашнҳо аз он хотир муҳим ба шумор меравад, ки барои ташаккули худшиносиву худогоҳӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ хизмат менамояд.

Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад. Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид.

Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асилии аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст. Рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад.

Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо кардани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагист.

Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рушноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ ба бадӣ ташкил дода, он ҳамасола дар рӯзи 10- уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ, мутобиқ ба 29-30-юми январи солшумории мелодӣ таҷлил мегардад. Мардум дар замонҳои қадим бо баргузории ин ҷашн на танҳо шодиву хурсандӣ карда, аз ғаму андуҳи рӯзгор фориғ мешуданд, балки тавассути оташафрузӣ рамзан намоди зимистонро месӯзониданд.

Ҷашни Садаро, ки дар меҳвараш оташ меистад, аз ин хотир «ҷашни оташ» ҳам номидаанд ва онро хоси дини зардуштӣ медонанд.

Дар рӯзи ҷашни Садда аз дарахтони хушбӯй ҳезумҳои зиёди ҷамъ кардаро дар ҷои баргузории ҷашн баланд чида, бо расидани вақту соати ҷашн онро оташ мезаданд, ки шаби сиёҳ мисли рӯз равшан мешуд ва мардум аз он шодиву хурсандӣ мекарданд. Ҷашни сада барои мардум пайғоми аз байн рафта истодани зимистон, пеш омадани баҳор, гармӣ ва нармии хок буд. Одамон дар гирди оташ сурудхонӣ мекарданд.

Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол зина ба зина барои аз нав эҳё кардани иду ҷашнҳои миллӣ давлату ҳукумат бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашн гирифтани иду ҷашнҳои ниёгонамон чун Наврӯз, Меҳргон ва Сада корҳои назаррасе ба анҷом расонидаанд.

Моҳияти ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада ва дигар ҷашнҳои аҷдодӣ пеш аз ҳама аз ошноӣ доштан ва омӯзиши табиат ва рушди табиатшиносӣ дар миёни мардумони мо гувоҳӣ медиҳанд. Сада пайғоме аз баҳору Наврӯз мебошад.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Сада асоси қавии табиӣ ва иҷтимоӣ дорад. Дар шабу рӯзи ҷашни Сада, ки ба охири моҳи январ рост меояд, дар табиат гардиш ба сӯйи фасли баҳор рӯй медиҳад ва сардиҳои шадид паси сар мешаванд. Яъне Сада аз сипарӣ шудани сармо, поёни чиллаи зимистон ва наздик шудани Наврӯз мужда мерасонад. Бинобар ин, Сада аҳли заҳматро водор месозад, ки аз фароғати зимистона берун омада, омодагиро ба мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ оғоз намоянд.

Хурсандиовар ин аст, ки ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки худ шахсияти фарҳангдӯсту фарҳангпарвар мебошад, дубора эҳё гардида, имрӯзҳо табақаи равшанфикри миллат ба омӯзиш ва эҳёи он мусоидат намуда истодаанд. Фалсафаи ҷашнҳои миллии моро имрӯз давлату ҳукумати кишвар ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, аз ҷониби созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО як зумра ҷашнҳо ва арзишҳои таърихиву фарҳангии мо ба феҳристи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ шомил гардида истодааст. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки имрӯз мо ҷавонон таърихи давлату миллати худро омӯхта арзишҳои миллии худро дубора эҳё намоем. Бадин васила дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми боризи худро гузошта бошем.

Давлатов Одинашо, ассистент, мушовири академӣ дар факултети биологияи ДМТ