САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ

15

Эҳёи таърихи пурифтихори миллат яке аз омилҳои муҳими худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии насли ҷавони Ватан маҳсуб меёбад. Бо шарофати даврони соҳибистиқлолии кишвар ва таваҷҷуҳу ғамхории Роҳбарияти Олии мамлакат марҳила ба марҳила мероси пурғановати ниёгон аз қаъри таърих эҳё ва зинда карда мешавад.

Яке аз ҷашнҳое, ки маҳз дар даврони истиқлолият дубора эҳё гардида, имрӯзҳо бо шукуҳу тантана дар саросари кишвар таҷлил мешавад, ҷашни Сада мебошад. Ин ҷашни бостонии мардуми ориёнажод ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ, ки ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд, таҷлил карда мешавад. Яъне Сада ҷашнест дар миёнаҳои фасли зимистон, фасле, ки мардум бесаброна сипарӣ гардидани онро интизоранд ва ҳатто рӯзшуморӣ мекунанд. Бо фаро расидани шаби ялдо, яъне оғози зимистон, чиллаи калон шуруъ мешавад. Чил шабонарӯзи оғози зимистон, ки рӯзҳо кӯтоҳу шабҳо дароз ва ҳарду ҳам сарди сард ҳастанд. Бо анҷоми чиллаи калон аллакай умед ба расидани баҳору Наврӯз қалбҳоро пур менамояд ва шояд ҳамин боиси ба вуҷуд омадани ҷашни Сада шуда бошад. Асоси номи ин ҷашн аз рақами 100 аст ва ба қавли аксари муҳаққиқон 50 шаб ва 50 рӯз то Наврӯзро ифода менамояд. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ ниёгони мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд ва он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро дар бар мегирифт.

Дар давраи фарорасии Сада нисбат ба оғози фасли дай рӯзҳо дарозтар ва нуру гармии хуршед ҳам бештар мешавад. Маҳз нуру гармӣ муждарасони баҳоранд. Ин аст, ки дар маросими таҷлили Сада мардум гулханҳо афрӯхта, дар атрофи онҳо базму тараб мекарданд. Тибқи баъза ақидаҳо, одамон бар он бовар буданд, ки оташ ҳама каму костиҳоро сӯзонда, нобуд месозад ва онҳо соли навро аз Наврӯзи нав поку озода шуруъ менамоянд.

Тавре Пешвои муаззами миллат дар як паёми шодбошиашон ба ифтихори ҷашни Сада таъкид кардаанд: “Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад. Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид. Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст.

Рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад. Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо кардани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагист”.

Айни замон ҷашни Сада ба яке аз ҷашнҳои бошукуҳи кишвар табдил ёфта, бо шаҳомати хоса дар кулли минтақаҳо таҷлил мешавад. Дар ин рӯз чун ойини ниёгон гулханҳо афрӯхта шуда, ҳамзамон кишоварзон маҳсули меҳнати худро ба намоиш мегузоранд. Дар шаҳрҳои бузург, аз ҷумла дар пойтахти мамлакат дар арафа ва рӯзи таҷлили Сада мардум имкон пайдо мекунанд, ки аз дастранҷи хушсифати деҳқонон бо нархҳои нисбат ба бозору фурӯшгоҳҳо хеле арзонтар дастрасӣ пайдо намуда, хони идонаи худро фаровонтар созанд.

Сада кишоварзонро водор месозад, ки аз фароғати зимистона берун омада, ба мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ омодагӣ гиранд. Дар минтақаҳои ҷанубии кишвар, ки иқлим нисбатан мусоидтар аст, аллакай аз ҳамин давра деҳқонон ба тоза кардани ҷӯйбору каналҳо ва боғдорон ба ниҳолшинониву ба тартиб даровардани дарахтон шурӯъ мекунанд, техникаи кишоварзӣ ва асбобу олоти деҳқониро ба мавсими киштукори баҳорӣ омода месозанд.

Чун анъанаи ниёгонамон дар рӯзи ҷашни Сада намоиш ва фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин, бозори афзору олоти корӣ ва тухмиҳо ташкил карда мешаванд.

Бо эҳё шудани ҷашни Сада боз як саҳифаи пурифтихори таърихи ниёгонамон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, исбот мешавад, ки ҳанӯз аз аҳди қадим аҷдодони мо кишоварз ва деҳқону деҳдор буданд.

Ба мисли имрӯз ниёгонамон низ Садаро ҳамчун ёдгор аз ниёгони пурифтихори хеш дар сатҳи хеле баланд таҷлил менамуданд.

Тавре шоир Унсурии Балхӣ мефармояд,

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афаридуну Ҷамшед ёдгор аст.

Фарорасии ҷашни бостонии Садаро ба ҳамаи ҳамватанони азиз самимона муборакбод гуфта, орзуманди онам, ки ҳамеша ҳама кору нақшаҳо сад бошанд.

Ғаюбов Р.Б., н.и.б., муаллими калон