Имрӯз (15.02.2022) бо ташаббуси кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар мавзӯи «Рушди илми ботаника дар давоми 30-соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари умумидонишгоҳии илмию амалӣ баргузор гардид.
Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. оғоз ёфт. Мавсуф зимни баромади худ афзуд, ки рушди илмҳои биология яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати амали намудани ҳадафҳои стратегии кишвар бахусус бунёди боғҳои ботаникию интенсивӣ нақши калидӣ дорад.
Сипас декани факултет. доктори илмҳои биология, профессор Каримзода А. баромад намуда, мавсуф оид ба муҳиммияти растаниҳои нодир, рушди илми ботаника ва ҳифзи муҳити зист дар ҷомеа суҳанронӣ намуд. Баъдан Р. Сатторов д.и.к., пофессор, оид ба «Рушди илми ботаника дар давоми 30-соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», С. Раҳимов д.и.б., профессор, роҷеъ ба «Тавсиф ва гуногунии экосистемаҳои Тоҷикистон», Шерматов Х., ходими калони илмии лобораторияи ҳифзи табии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба «Гуногунии экосистемаҳои парваришгоҳи Даштиҷум», Кароматуллои К. н.и.б., оид ба «Растаниҳои нодири болооби дарёи Ширкент», Аминов Ҷ. ассистенти кафедраи ботаника доир ба «Ҳолати экологии татумзорҳои Тоҷикистон» ва Бобоев Ҷ. ассистенти кафедраи ботаника роҷеъ ба «Гулсангҳои петрофитии қисми ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор» маърӯза намуданд.