Рафти дарси профессор Каримзода А.И.

322

Имрӯз профессор Каримзода А.И. дар курси 4-уми ихтисоси биотехнология дар мавзӯи “Аҳамияти биологии сафедаҳои таркиби ғизо” дарс гуфтанд. Чунин қайд намуданд, ки сафедаҳо – моддаҳои асосӣ ва бунёдие мебошанд, ки аз онҳо ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои мушак, ферментҳо, гормонҳо, гемоглобин ва дигар пайвастагиҳои ҳаётан муҳим ҳосил мешаванд. Онҳо танҳо дар таркиби пешоб ва талха дида намешаванд. Таркиби ҳамаи сафедаҳо аз атомҳои гидроген, оксиген ва нитроген (азот) иборатанд.