ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭКОЛОГИЯ

350

Дар доираи нақша чорабиниҳои факултети биология аз ҷониби кафедраи экология мизи мудаввар дар мавзуи “Пешвои миллат ва экология” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)”, “Соли 2025-соли байналмилаллии ҳифзи пиряхҳо” ва “Даҳсолаи байналмилаллии амал об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ноиби призденти АМИТ д.и.б., профессор Саидов Абдусатор Самадович устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳамоиши мазкуро декани факултети биология н.и.б., дотсент Кароматуллои Қурбоналӣ ҳусни оғоз бахшида чунин иброз дошт:

Сиёсати давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудааст.  Дар ин самт,  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  минбарҳои бонуфузи  созмонҳои  байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас, созанда ва дурнамосоз ироа намуда, ҳоло аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори ин соҳаи ҳаётан муҳим пазируфта шудааст.

 Боиси сарфарозист, ки дар натиҷаи талошҳои зиёд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намуда, мавриди баррасии дақиқ қарор дода шуд, ки аксари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масоили об пешниҳодгардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Баъд аз суханронии декан маърузаи ноиби призденти АМИТ Саидов А.С. шунида шуд. Дар рафти ҳамоиш аз ҷониби устодону донишҷуён маърузаҳо оиди саҳми Пешвои миллат оиди тағйирбии иқлим шунида шуд.

Дар идомаи чорабинии мазкур наворҳои иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронсҳои байналмиллалӣ оиди тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳони ба номоиш гузошта шуд.