(Ба истиқболи ҷашни Сада)
Бояд дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии “ЮНЕСКО” ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар яке аз аз суханрониҳояшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз дошта буданд: “Худшиносии миллӣ пойдевори бақои ҳар давлату миллат аст”.Бо таҳлили амиқи ин таъкиди хос метавон ба чунин хулоса расид, ки танҳо ба василаи таҳким бахшидани худшиносии миллии шаҳрвандон ҳар кишвар дар сохтани низоми тавоно ва ояндадор қодир мешавад.Аммо суоли матраҳ ин аст, ки бо чӣ шева ва истифодаи кадом усулҳо метавон худшиносии миллиро ба шаҳрвандони мамлакат чун унсури муҳим ва асосии давлатсозӣ муаррифӣ кард?Албатта, пиёда кардани ин барномаи вижаи миллатсозу таҳкимбахши Истиқлол барои давлат кори саҳлу соддае нест.Давлатҳое, ки имрӯз таъми қудрати воқеиро чашидан доранд, барои расидан ба ин мақом барномаҳои бузургро баҳри таҳкими худшиносии миллии шаҳрвандонашон амалӣ кардаанду кардаистодаанд. Ҳатто, дар миёни мамолики абарқудрат метавон кишварҳоеро ном гирифт, ки собиқаи таърихии бузургу дурударозе надоранд, то бо ёдоварӣ аз гузаштаи хешшаҳрвандонашонро ба самти шинохти худшиносии миллӣ бикашонанд.Аммо ба ин кишварҳои ҳоло мутаррақӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ кардани барномаҳои бузург имкон дод, ки аз ҳеҷ барои худ таърих, фарҳанг ва забону хат бисозанд.То ҳадде ки баъзе аз кишварҳои як андоза пешрафта намояндагони адабу фарҳанг ва иду ҷашнҳои мутаалиқ ба миллатҳои дигаро бо шеваҳои гуногун, аз ҷумла пешдастӣ дар муаррифӣ ва асосӣ ҷилва додани маъхазу сарчашмаҳои сохта аз худ менамоянд.Ин аст, ки дар ҷумла суханрониҳои Пешвои миллат ин ҳушдор садо медиҳад: “Ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод!”.Ин ҷумла фарогири маънии бузург аст.”Ҳушрии сиёсиро набояд аз даст дод” гуфтани Сарвари давлат на танҳо ба маънои парҳез кардан аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва ҳифзи сарҳади давлат аст, балки фарогири ин маънӣ низ ҳаст, ки дар баробари муҳофизати хоки Ватан дар ҳифзи марзи таъриху фарҳанг ва адабиёти гузаштаву имрӯз ҳам бояд талош кард.Ин таъкиди хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки имрӯз баъзе аз кишварҳои дуру наздик дар талоши аз худ муаррифӣ кардани бузургони адабиёт ва таъриху фарҳанги тоҷиканд.Аз ин рӯ, миллати мо ҳаргиз ба аз худ муаррифӣ кардани таърихе, фарҳанге, ҷашне, оине ва нависандаву шоире, ки мутаалиқ ба миллатҳои дигар бошанд, ниёз надошту надорад.
Таҷрибаҳо исбот намудаанд, ки дар ибтидои роҳ барои қисми зиёде аз мардум эҳёи ҷашнҳои миллӣ кори нозарур ва бидуни аҳаммияти менамояд.Дар ҷомеаи Тоҷикистон низ метавон бо чунин шаҳрвандон рӯбарӯ шуд, ки таҷлили бошаҳамоти ҷашнҳои миллиро дар мисоли Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва ғайраҳоро дар Тоҷикистон дида, норизоятӣ баён медоранд.Мегӯянд, ки аз шеъру тарона сурудану ҷашнгирии идҳои миллӣ дида, бояд иқтисодро рушд дод.Албатта, рушди иқтисод асоси пешрафти ҳар як давлат аст.Вале ин гуна андешадоштаҳо бехабаранд, ки эҳёи ҷашнҳои миллӣ барои давлатҳои дорои таърихи бузург оянда ба рушди иқтисод низ сабаб мегардад.Ба андешаи мо эҳё ва таҷлили ҷашнҳои миллӣ аз чанд ҷиҳат барои сохтани давлати миллӣ аҳаммият доранд, ки мо онро дар чанд банд шарҳу тавзеҳ медиҳем:
1.Воқиф намудани мардум аз таърихи гузаштаи хеш
Унвони ин банд асоси таҳкими ҳисси меҳанпарастӣ дар кишварест, ки ҳадафи бунёди давлатимиллиро пеш гирифтааст.Эҳсоси қудрат замоне ба шаҳрвандон даст медиҳад, ки дар гузашта кӣ будани худро донанд.Яъне, аз таърихи хеш воқиф бошанд.Албатта, барои миллати таърихӣ ҷашнҳои миллие, ки гузаштагонашон таҷлил мекарданд, бахши бузурги ҳуввияти миллиро ташкил медиҳанд.Аз ин лиҳоз, роҳбарони оқил эҳёи оину ҷашнҳои миллии ба далелҳои таърихиву сиёсӣ азбайнрафтаро дар меҳвари фаъолияти хеш қарор медиҳанд, то миллатро воқиф аз таърихи гузаштаи худ намоянд.
2.Тарбияи зебоипарастӣ дар вуҷуди мардум
Барои як давлати миллимеҳвар доштани шаҳрвандони дорои эҳсоси баланди эстетикӣ ниҳоят муҳим мебошад.Албатта, дар ҷавҳари ҳар ҷашни миллӣ зебоиҳое хосе мавҷуд мебошанд, ки танҳо ба василаи эҳё ва таҷлили он ҷашнҳо ҳисси зебоипарастии мардум тақвият меёбад.Ҳар миллат дар ҷашнҳои худ аз унсурҳое монандаи либоси хос, сурудҳои маросимӣ ва шеърҳои ҷашнӣ истифода мебурд, ки шояд бо гузашти замон аз байн рафтаанд.Аз ин лиҳоз, эҳёи ин ҷашнҳои хоси миллӣ барои шаҳрвандони ҳар давлат омили асосии тақвият бахшидани ҳисси зебоипарастӣ дар ҷомеа мешавад.
3.Рушди соҳаи сайёҳӣ
Албатта, таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳон ба кишварҳое зиёд аст, ки маконҳову ёдгориҳои таърихӣ, либос ва иду ҷашнҳои миллии гузаштаи худро нигоҳ доштаанд ё дигарбора эҳё кардаанд ва дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ба таври бояд тарғиб месозанд.Яъне, аз ин нуктаи назар эҳё, таҷлил ва тарғиби ҷашнҳои миллӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва гардишгарӣ омили асосӣ мешаванд.
4.Рушди иқтисоди кишвар
Мавриди зикр аст, ки рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ ва гардишгарӣ як омили асосии рушди иқтисодиёт дар ҳар кишвар мешавад.Омадани сайёҳон аз чанд ҷиҳат ба кишвар пул меорад, ки дар ин маврид зарурати зикри ҷузъиёт нест.Аммо бояд зикр намуд, ки давлатҳои пешрафта дар соҳаи сайёҳӣ аз ин таҷриба самаранок истифода мебаранд.Тоҷикистон ҳам аз эҳё ва таҷлили иду ҷашнҳои миллӣ аз манофеи дар бандҳои боло зикргардида бархӯрдор гардидааст, ки дар саргаҳи ин сиёсати дар назари аввал фарҳангӣ ва дар марҳилаҳои дигар пурманфиат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.Саҳму нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳё ва таҷлили иду ҷашнҳои миллӣ метавон ба қисматҳои зерин тақсим кард:
1.Тарғиби иду ҷашнҳои миллии тоҷикӣ тавассути суханрониҳо, ки дар чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ироа менамоянд.
2.Эҳёи иду ҷашнҳои миллии тоҷикие, ки бо гузашти замон то андозае ҷузъиёте аз онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд.
3.Муаррифӣ иду ҷашнҳо ва шахсиятҳои фарҳангии мансуб ба тоҷикон ба ҷаҳониён, сабти онҳо дар созмонҳои ҷаҳонии фарҳангӣ дар мисоли “Юнеско”.
4.Талошҳо барои маълумоти бештар гирифтани мардум дар бораи таърихи гузашта, иду ҷашнҳои миллӣ ва шахсиятҳои адабию фарҳангӣ(таҷлили1100 солагии Давлати Сомониён, соли 2006 Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2500-солагии шаҳри Хуҷанд, 2700 солагии китоби гаронмояи гузаштагони мо – Авесто, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 1310 солагии Абӯҳанифа Имоми Аъзам, 1200 солагии Имом Бухорӣ, Ҷашнвораҳои шоирони оламшумулу донишмандони бузуги тоҷик ба монанди бузугдошти одамушуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандиву Носири Хисрави Қубодиёнӣ, Абӯалии Синову Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хаким Тирмизӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзодаву Бобоҷон Ғафуров ва боз бузургдошти даҳҳо донишмандони шаҳири тоҷик).
Дар мавриди Сада Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ-“Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” чунин навиштаанд: “Дар миёни неруҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки инсонро дар азобу таҳлука меандохт, бахусус сардиву торикӣ хеле зиёновар буданд, ки бар зидди онҳо озар ё оташ хеле муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди мардуми бостон ситоиш ва парастиш шудааст”.
Ба ин тартиб, 6 декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардида буд, ки боз ҳам аз талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва муаррифии иду ҷашнҳои миллӣ дар сатҳи ҷаҳон дарак медиҳад.
Кароматуллои ҚУРБОНАЛӢ,номзади илмҳои биологӣ,дотсент, декани факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон