ПАЁМ – РОҲНАМОИ МО ҶАВОНОН

14

(Дар ҳошияи Паёми Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва қисми зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Ҳар як Паёми Пешвои муаззами миллат раҳнамои ҳаёти мардуми кишвари азизамон буда, водор месозад, ки ба ояндаи дурахшон бо чашми нек нигоҳ созем.

Паёми имсолаи сарвари давлат, ки санаи 28-юми декабри соли 2024 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, дар толори Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид, ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нигаронида шуда буд. Дар Паёми мазкур Пешвои муаззами миллат роҷеъ ба сиёсати дохилӣ ва берунӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф, хоҷагии қишлоқ аҳмияти махсус доданд. Инчунин, Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҷавонон насли истиқлол дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқии обии “Роғун” ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ва Тоҷикистон давлати ҷавонтарин ба ҳисоб меравад, ки ҷавонони даврони истиқлол давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда, иқтидори воқеии пешрафти давлату ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Боиси хушнудии мо ҷавонони саодатманди кишвар аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳои худ нисбати ҷавонон диққати махсус медиҳанд ва дар паёми навбатии худ чунин таъкид намуданд,: “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.!”.

Ин Паёме, ки Пешвои миллат барои мо ироа намуданд, роҳнамои мо ҷавонон аст. Барои амалӣ гардидани ҳар як нуктаи Паём, мо ҷавононро водор месозад, ки барои беҳбудӣ, ободӣ ва сарсабзии диёри азизамон саъю кӯшиш намуда, дар муаррифии Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошем.

Боварӣ ва ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мо, ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Дар ҳамаи самтҳо ҷавононро дар мадди аввал мегузоранд ва дар ҳамаи баромадҳои худ таъкид менамоянд: “Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.”

Мо ҷавонон бояд чун насли даврони Истиқлол ин паёмҳои Пешвои миллатро бо хатти заррин дар қалби худ бинвисем ва баҳри тараққиёти кишвар ҳамеша мустаҳкам бошем. Он боварие, ки нисбати мо ҷавонон Пешвои миллат доранд, мо бояд содиқ ба боварии роҳбари давлат бошем ва ба Ватани азизамон содиқона хизмат намоем ва дар муаррифии Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошем.

Буриев Фурқат,доктор Ph.D –и факултети биологияи ДМТ